Ванҷ. Ҷавонон соҳиби ҷои кор мегарданд

№40 (4146) 02.04.2020

ВанчПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар дар хусуси бо ҷои кор таъмин намудани сокинони мамлакат, алалхусус, ҷавонон, аз ҷумла, иброз доштанд, ки «Барои бо ҷои кор таъмин намудани сокинон ва тақвият бахшидани зиндагии мардум ҳамасола бояд ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шавад».

Аз ин ҷост, ки аз ҷониби шуъбаи Агентӣ ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо бахшҳои хадамоти муҳоҷират, кор бо ҷавонон ва ФМДМТК Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, бо мақсади паст намудани ҷараёни бекорӣ, бештар ҷалб кардани шаҳрвандон ба корҳои мавсимӣ ва доимӣ ҳар сол ярмаркаи ҷойҳои холии кор баргузор мегардад.

Дар ярмаркае, ки чанде пеш доир гардид, аз ҷумла, 20 нафар духтар тибқи роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ба касбомӯзӣ ва 5 нафар ҷавон барои кор ба корхонаҳо сафарбар шуданд.

Пайшанбӣ ШОҳЗОДА,

«Садои мардум»