ВМКБ. Ҷалби 130 нафар ба сохтмони НБО «Роғун»

№151 (3945) 20.12.2018

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати паст намудани сатҳи бекорӣ, бо маблағгузории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 130 нафар сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сохтмони НБО-и «Роғун» сафарбар гардид.

Рӯзи гусели коргарон ба шаҳри Роғун дар шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар назди ҳозирин муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов баромад ва қайд кард, ки бо ба истифода додани чархаи аввали ин иншооти бузург як қадами қатъӣ дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ­гузошта шуд, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мақоми ҳалкунанда хоҳад бозид.

Лозим ба ёдоварист, ки аз 130 нафар 80 нафарро ҷавонони шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд, ки ҷойи кори доимӣ надоштанд. Сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят Мамадкарим Назиров гуфт, ки номнавис намудани хоҳишмандон барои сафарбар гардидан ба ин сохтмони азими аср идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки аз рӯзҳои нахустин ба ин сохтмони бузург мутахассисони соҳаи энергетикаи вилоят низ ба кор ҷалб гардида буданд, ки айни ҳол фаъолияти пурсамар доранд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»