Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№22 (3502) 17.02.2016

Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои раъйпурсӣ

Мувофиқи моддаҳои 14 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :

1. Барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон» дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳавзаҳои зерини раъйпурсӣ ташкил карда шаванд:

 ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳавзаи раъйпурсии Фирдавсӣ № 1

(ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кӯчаи Неъмат Қарабоев — 42/2)

 Ҳавзаи раъйпурсии Исмоили Сомонӣ № 2

(ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои  КВД «Маркази равобити пойтахт», кӯчаи Мирзо Турсунзода — 27)

Ҳавзаи раъйпурсии Шоҳмансур № 3

(ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Кохи  иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — 20)

 Ҳавзаи раъйпурсии Сино № 4

(ҳудуди ноҳияи Сино; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Шамсӣ — 5/1)

 ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Ҳавзаи раъйпурсии Ваҳдат № 5

(ҳудуди шаҳри Ваҳдат; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Кохи «Маърифат», кӯчаи Сомониён — 14)

 Ҳавзаи раъйпурсии Роғун № 6

(ҳудуди шаҳри Роғун; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои меҳмонхонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, кӯчаи Сохтмончиён — 54)

 Ҳавзаи раъйпурсии Турсунзода № 7

(ҳудуди шаҳри Турсунзода; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Хонаи фарҳанги шаҳр, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 45)

 Ҳавзаи раъйпурсии Варзоб № 8

(ҳудуди ноҳияи Варзоб; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти   давлатии оташнишонии ВКД дар ноҳия, Ҷамоати деҳоти «Варзоб-Қалъа», деҳаи Варзоб)

 Ҳавзаи  раъйпурсии Рашт № 9

(ҳудуди ноҳияи Рашт; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 98)

 Ҳавзаи  раъйпурсии Нуробод № 10

(ҳудуди ноҳияи Нуробод; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ — Варзишгоҳи марказӣ, шаҳраки Дарбанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 21)

 Ҳавзаи раъйпурсии Рӯдакӣ № 11

(ҳудуди ноҳияи  Рӯдакӣ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои филиали «Почтаи тоҷик», Ҷамоати шаҳраки Сомониён, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 42)

 Ҳавзаи  раъйпурсии Тавилдара № 12

(ҳудуди ноҳияи Тавилдара; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Кохи фарҳанги ноҳия, деҳаи Тавилдара, кӯчаи Восеъ — 2)

 Ҳавзаи раъйпурсии Тоҷикобод № 13

(ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия, деҳаи Тоҷикобод, кӯчаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — 15)

 Ҳавзаи раъйпурсии Файзобод  № 14

(ҳудуди ноҳияи Файзобод; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Қасри фарҳанги ноҳия, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 50)

 Ҳавзаи  раъйпурсии Ҳисор № 15

(ҳудуди ноҳияи Ҳисор; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Китобхонаи марказии ноҳия, кӯчаи Ҳабибулло Назаров — 1)

Ҳавзаи раъйпурсии Ҷиргатол № 16

(ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат, шаҳраки Ваҳдат, кӯчаи Сомониён — 11)

 Ҳавзаи раъйпурсии Шаҳринав № 17

(ҳудуди ноҳияи Шаҳринав; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, Ҷамоати деҳоти Шаҳринав, хиёбони Исмоили Сомонӣ — 117)

 ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӯҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ҳавзаи раъйпурсии Хоруғ № 18

(ҳудуди шаҳри Хоруғ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Владимир Илич Ленин — 77)

 Ҳавзаи раъйпурсии Ванҷ № 19

(ҳудуди ноҳияи Ванҷ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и ноҳия, Ҷамоати деҳоти ба номи Абдуллоев Маҳмадулло, деҳаи Рохарв, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 5)

 Ҳавзаи раъйпурсии Дарвоз №  20

(ҳудуди ноҳияи Дарвоз; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб, кӯчаи Шоҳмансур — 45)

 Ҳавзаи раъйпурсии Ишкошим №  21

(ҳудуди ноҳияи Ишкошим; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои идораи «Рӯзномаи зиндагӣ», Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков, деҳаи Ишкошим, кӯчаи Мирзо Бобоков — 1)

 Ҳавзаи раъйпурсии Мурғоб №  22

(ҳудуди ноҳияи Мурғоб; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои бахши кишоварзии ноҳия,Ҷамоати деҳоти Мурғоб, кӯчаи Владимир Илич Ленин — 39)

 Ҳавзаи раъйпурсии Роштқалъа №  23

(ҳудуди ноҳияи Роштқалъа; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, деҳаи Медон, кӯчаи Сохтмончиён)

 Ҳавзаи раъйпурсии Рӯшон №  24

(ҳудуди ноҳияи Рӯшон; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Муассисаи давлатии таълимии интернати ҷумҳуриявӣ ба номи Карамшо Додихудоев, деҳаи Рӯшон)

 Ҳавзаи раъйпурсии Шуғнон № 25

(ҳудуди ноҳияи Шуғнон; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ –  бинои филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия, Ҷамоати деҳоти Поршнев, шаҳраки Ваҳдат)

 ВИЛОЯТИ СУFД

 Ҳавзаи раъйпурсии Хуҷанд № 26

(ҳудуди шаҳри Хуҷанд; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Шабакаҳои барқи шаҳр, хиёбони Исмоили Сомонӣ — 36а)

 Ҳавзаи раъйпурсии Исфара №  27

(ҳудуди шаҳри Исфара; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои  Қасри фарҳанги шаҳр, кӯчаи Марказӣ — 27)

 Ҳавзаи раъйпурсии Конибодом №  28

(ҳудуди шаҳри Конибодом; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Коллеҷи технологии шаҳр, кӯчаи Владимир Илич Ленин — 88)

 Ҳавзаи раъйпурсии Қайроққум №  29

(ҳудуди шаҳри Қайроққум; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, кӯчаи Истиқлол — 61а)

 Ҳавзаи раъйпурсии Панҷакент № 30

(ҳудуди шаҳри Панҷакент; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги шаҳр, хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — 48)

 Ҳавзаи раъйпурсии Истиқлол № 31

(ҳудуди шаҳри Истиқлол; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Қасри фарҳанги шаҳр, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 16)

Ҳавзаи раъйпурсии Истаравшан № 32

(ҳудуди шаҳри Истаравшан; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Муассисаи давлатии таълим ва истироҳат, кӯчаи Ғанӣ Абдуллоев — 57)

 Ҳавзаи раъйпурсии Чкалов №  33

(ҳудуди шаҳри Чкалов; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи маорифи шаҳр, кӯчаи Опланчук — 6)

 Ҳавзаи раъйпурсии Айнӣ №  34

(ҳудуди ноҳияи Айнӣ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Раёсати кишоварзии ноҳия, Ҷамоати деҳоти Айнӣ, кӯчаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — 11)

 Ҳавзаи раъйпурсии Ашт №  35

(ҳудуди ноҳияи Ашт; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахш», Ҷамоати шаҳраки Шайдон, кӯчаи Исмоили Сомонӣ-1)

 Ҳавзаи раъйпурсии Бобоҷон Fафуров №  36

(ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Раёсати молияи ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Бобоҷон Fафуров, кӯчаи Роҳи оҳанчиён — 3)

 Ҳавзаи раъйпурсии Ғончӣ №  37

(ҳудуди ноҳияи Ғончӣ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷамоати шаҳраки Fончӣ, кӯчаи Исмоили Сомонӣ-22)

 Ҳавзаи раъйпурсии Зафаробод №  38

(ҳудуди ноҳияи Зафаробод; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Раёсати кишоварзии ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Зафаробод, хиёбони Исмоили Сомонӣ — 37)

 Ҳавзаи раъйпурсии Кӯҳистони Мастчоҳ №  39

(ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик, шаҳраки Меҳрон)

 Ҳавзаи раъйпурсии Мастчоҳ №  40

(ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, Ҷамоати шаҳраки  Бӯстон, хиёбони Исмоили Сомонӣ)

 Ҳавзаи раъйпурсии Спитамен №  41

(ҳудуди ноҳияи Спитамен; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Раёсати кишоварзии ноҳия,Ҷамоати шаҳраки Нов, кӯчаи Спитамен — 29)

 Ҳавзаи раъйпурсии Ҷаббор Расулов № 42

(ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Қасри фарҳанги «Гулистон», Ҷамоати шаҳраки Пролетар, кӯчаи Владимир Илич Ленин)

 Ҳавзаи раъйпурсии Шаҳристон № 43

(ҳудуди ноҳияи Шаҳристон; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои идораи Шабакаҳои барқи ноҳия, Ҷамоати деҳоти Шаҳристон, кӯчаи Шаҳристон — 2)

 ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳавзаи раъйпурсии  Қӯрғонтеппа № 44

(ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – хобгоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Бобоҷон  Ғафуров — 27)

 Ҳавзаи раъйпурсии Кӯлоб № 45

(ҳудуди шаҳри Кулоб; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 36а)

 Ҳавзаи раъйпурсии Норак  № 46

(ҳудуди шаҳри Норак; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Қасри фарҳанги шаҳр, кӯчаи Калижнюк — 7)

 Ҳавзаи раъйпурсии Сарбанд № 47

(ҳудуди шаҳри Сарбанд; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Раёсати молияи шаҳр, кӯчаи Борбад — 19)

 Ҳавзаи раъйпурсии Балҷувон № 48

(ҳудуди ноҳияи Балҷувон; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои дармонгоҳи саломатии ноҳиявӣ дар ҳудуди беморхонаи марказӣ, Ҷамоати деҳоти Балҷувон, деҳаи Балҷувон)

 Ҳавзаи раъйпурсии Носири Хусрав № 49

(ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия, кӯчаи Исмоили Сомонӣ)

 Ҳавзаи раъйпурсии Бохтар № 50

(ҳудуди ноҳияи Бохтар; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Раёсати молияи ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ,  кӯчаи Абӯалӣ ибни Сино)

Ҳавзаи раъйпурсии Вахш № 51

(ҳудуди ноҳияи Вахш; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои идораи давлатии хоҷагии об, Ҷамоати шаҳраки Вахш, кӯчаи Абдулманон Шоев — 52)

 Ҳавзаи раъйпурсии Восеъ  № 52

(ҳудуди ноҳияи Восеъ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 34)

 Ҳавзаи раъйпурсии Хуросон № 53

(ҳудуди ноҳияи Хуросон; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Нозироти андози ноҳия, кӯчаи Исмоили Сомонӣ-39)

 Ҳавзаи раъйпурсии Данғара № 54

(ҳудуди ноҳияи Данғара; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», Ҷамоати шаҳраки Данғара, кӯчаи Марказӣ — 34)

 Ҳавзаи раъйпурсии Ёвон № 55

(ҳудуди ноҳияи Ёвон; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи Мирзо Турсунзода — 42)

 Ҳавзаи раъйпурсии Қубодиён № 56

(ҳудуди ноҳияи Қубодиён; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Қасри фарҳанг, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 72)

 Ҳавзаи раъйпурсии Ҷалолиддини Румӣ № 57

(ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои ноҳия, кӯчаи Румӣ-29)

 Ҳавзаи раъйпурсии Қумсангир № 58

(ҳудуди ноҳияи Қумсангир; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Литсейи касбии техникӣ, Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ», кӯчаи Борбади Марвазӣ-24)

 Ҳавзаи раъйпурсии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ № 59

(ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ — бинои шуъбаи маорифи ноҳия, шаҳраки Москва, кӯчаи Закариёи Розӣ — 5)

 Ҳавзаи раъйпурсии Мӯъминобод № 60

(ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, кӯчаи Исмоили Сомонӣ)

 Ҳавзаи раъйпурсии Панҷ № 61

(ҳудуди ноҳияи Панҷ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Кохи синамои ноҳия, кӯчаи Шамсиддин Шоҳин — 25)

 Ҳавзаи раъйпурсии Темурмалик № 62

(ҳудуди ноҳияи Темурмалик; маҳалли ҷойгиршавии  комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия,  кӯчаи Исмоили Сомонӣ)

 Ҳавзаи раъйпурсии Фархор  № 63

(ҳудуди ноҳияи Фархор; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Қасри фарҳанг, кӯчаи Исмоили Сомонӣ — 1)

 Ҳавзаи раъйпурсии Ховалинг № 64

(ҳудуди ноҳияи Ховалинг; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи  ҳавзавӣ – бинои Китобхонаи марказӣ, кӯчаи Исмоили Сомонӣ)

 Ҳавзаи раъйпурсии Абдураҳмони Ҷомӣ № 65

(ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, Ҷамоати шаҳраки А. Ҷомӣ, кӯчаи Сомониён)

 Ҳавзаи раъйпурсии Ҷиликӯл № 66

(ҳудуди ноҳияи Ҷиликӯл; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Қасри фарҳанги ноҳия, кӯчаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)

 Ҳавзаи раъйпурсии Шаҳритус  № 67

(ҳудуди ноҳияи Шаҳритус; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи  ҳавзавӣ – бинои Қасри фарҳанги ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ-22)

 Ҳавзаи раъйпурсии  Шӯрообод № 68

(ҳудуди ноҳияи Шӯрообод; маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавӣ – бинои Ҷамоати деҳоти Шӯрообод, деҳаи Шӯрообод).

2. Рӯйхати ҳавзаҳои раъйпурсӣ бо зикри ҳудуд ва маҳалли ҷойгиршавии комиссияҳои ҳавзавӣ на дертар аз 20-уми феврали соли 2016 дар матбуот чоп  карда шавад.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Азизова

ш. Душанбе, 15 феврали соли 2016 № 04