1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ба хотири фардо ва зиндагии шоиста

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

Фишурдаи суханронии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқот бо интихобкунандагон аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12

 IMG_1970

Ассалому алайкум, интихобкунандагони арҷманд!

Қабл аз ҳама мехоҳам аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон салому паёми самимона ва табрикоту таманниёти беҳтаринашонро ба мардуми сарбаланд ва меҳнатқарини Раштонзамин тақдим намоям.

Хеле шод ҳастам, ки дидори гарм ва чеҳраҳои нуронии шумо бори дигар муяссар мешавад. Зеро ман аз ҳар як дидор, аз ҳар як суҳбати шумо, қуввату неруи нав мегирам, дар иҷрои вазифаи масъулам ҳамеша ба шумо ва дуои неки шумо такя мекунам.

Аз тақдирам сипосгузор ҳастам, ки аз ҷавонӣ ҳаёту фаъолияти ман ба диёри зебоманзари Раштонзамин ва мардуми шарифи он пайваст гардид ва имрӯз ҳам идома дорад.

Фаъолиятам дар вазифаи хеле баланду пурифтихори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз шарофати дуову дастгирӣ ва  муҳаббату самимияти шумо муяссар гардид.

Чунин мешуморам, ки ин вазифаи баланд на танҳо ба ман, балки ба ҳамаи интихобкунандагонам низ тааллуқ дорад. Аз ин лиҳоз, тамоми неру ва донишу ғайратамро ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён гирифтани даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон ба харҷ додам,   зеро, пеш аз ҳама, ман  вакили интихобкардаи шумо ҳастам.

Хоҳарону бародарони гиромӣ! Бо истифода аз фурсат, боз як бори дигар ба ҳамаи шумо аз самими дил, бо камоли эҳтиром арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Ҳадафи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли аксари мақомоти олии намояндагии кишварҳои дигари дунё ба воситаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти аъзои ҷомеаи кишвар мебошад.

Ҳамагон медонем, ки ҳаёт ва саломатӣ барои инсон қиматтарин сармоя аст. Зиндагӣ як бор насиб мегардад ва кас онро бояд тавре гузаронад, ки аз он барои ҷомеа ва халқ нишонаи неке ба ёдгор монад. Чӣ тавр гузаронидани зиндагӣ, агар аз як ҷониб ба худи шахс вобаста бошад, аз бисёр ҷиҳат ба ҷомеа ва давлат иртиботи зиёд дорад.

Барои зиндагии сазовору бошарофат шароиту муҳити муносиб дар шумори шартҳои муҳим аст. Омода намудани шароити созгори зиндагӣ барои аҳли ҷомеаи кишвар ҳадафи давлатҳои мутамаддин ба шумор меравад. Дар ин амри хайр давлат ба кумаку дастгирии ҳамаи афроди ҷомеа ниёзманд мебошад. Рушду нумӯи ҳар як давлат ба дараҷаи шуурнокӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихор аз ватану миллат, саъю талош барои рушди ҷомеа ва дигар хислатҳои ватанпарастии тамоми афроди ҷомеа вобаста мебошад.

Аз ҳамин ҷост, ки дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёт ва озодии шахс арзиши хеле баланд қоил шуда, зикр гардидааст, ки давлат барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам  меорад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд, ҳаёт қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир буда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Иштирок дар интихобот ва ба тарафдории номзади арзанда овоз додан низ дар шумори ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд қарор доранд.

Дар кишвари мо таъсиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор таърихи на чандон тӯлонӣ дошта, ҳамчун мақоми касбӣ ва доимоамалкунанда ҳамагӣ 15 солро дар бар мегирад. Вале дар ин муддати на чандон тӯлонӣ ҳам Парламенти Тоҷикистон тавонист чеҳраи худро барои ҷомеаи кишвар ва берун аз он низ ба таври возеҳ муаррифӣ намояд. Хусусан даъвати чорум ин мақоми олӣ дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён гирифта, чеҳраи парламенти кишварро ба таври возеҳу равшан падидор намуд.

Дар тайи панҷ соли фаъолияти Маҷлиси намояндагон  мо бо шумо чандин мулоқот доштем. Ман дар ҳамаи мулоқотҳоям роҷеъ ба фаъолияти вакилиам борҳо гузориш дода будам. Ҳамчунин охири моҳи феврал дар анҷоми фаъолияти даъвати чорум гузориши муфассали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал ироа гардида,  дар рӯзномаи парламентии «Садои мардум» пурра чоп хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, ҳоло мехоҳам ҳамчун вакили интихобкардаи шумо ва ҳамчун Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба тариқи ҳисобот чанд сухан гӯям.

Фаъолияти  даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон дар се бахш — қонунгузорӣ, намояндагӣ ва байнипарламентӣ ҷараён гирифт ва натиҷаҳои самарабахш ба бор овард.

Дар ҷараёни фаъолияти ин даъват ибтикору ташаббусҳои эҷодкорона ба таври воқеиву назаррас амалӣ гардиданд. Мо мактаби хоси парламенти касбӣ ва доимоамалкунандаи кишварро бо фаъолияти намояндагӣ, бо қонунҳову санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва равобити байнипарламентии худ мукаммал сохтаву мутобиқи талаботи замон ҷараён бахшидем.

Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор имрӯз ҳамчун мақоми аз лиҳози касбият такмилёфта ва қавиву устувори шохаи ҳокимияти давлатӣ шакл гирифтааст. Ин шохаи ҳокимияти давлатӣ бо фаъолияти густурдаи намояндагиву қонунгузорӣ ва байнипарламентиву хориҷии худ тавонист нисбати худ назари хушбинонаи ҷомеаи байнипарламентӣ ва аҳли ҷомеаи кишварро ба вуҷуд биёварад.

Мо ҷиҳати ҳар чӣ бештар риоя шудани волоият ва эҳтироми қонун заминаи воқеӣ ба вуҷуд оварда, ҳамчун мақоми намояндагӣ бо оммаи васеи ҷомеаи Тоҷикистон фарогири робитаҳои корӣ, мутақобилан манфиатнок гардидем ва ҷиҳати боз ҳам рушду нумӯъ бахшидани парламентаризми тоҷик саҳми муносиб гузоштем.

Ин даъват бо хусусияти навоваронаи худ барои фаъолияти даъватҳои ояндаи Маҷлиси намояндагон уфуқҳои нави кориро падидор намуд.

Мактаби вакилӣ низ бо сабку услуби хос ташаккул ёфт, савияву таҷрибаи намояндагиву қонунгузории вакилон мукаммал гардид. Ин мактаб вакилонро ҳамчун интихобкардаҳои мардум ҷиҳати ҳимояти манфиатҳои халқу кишвар бо ҳам муттафиқ гардонд, аз лиҳози сиёсӣ обутоб бахшид.

Аз лиҳози моҳият даъвати мазкур як навъ ҷамъбасти дастовардҳои даъватҳои гузаштаи Маҷлиси намояндагон ва баҳрабардории комил аз таҷрибаи қонунгузорӣ ва дигар бахшҳои парламентҳои кишварҳои пешрафтаи дунё маҳсуб мегардад.

Дар ҷараёни даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон тақрибан 990 лоиҳаи қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ, қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд.

Бахши дигари фаъолияти Маҷлиси намояндагон фаъолияти намояндагии он ба шумор меравад. Дар ҷараёни даъвати чорум мулоқот ва вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон дар заминаи комилан нави муносибатҳои ҷомеавӣ баргузор гардиданд. Аксаран интихобкунандагон бори нахуст дархосту матлаби худро пешниҳод намуда, ҷавоби ошкору возеҳ гирифтанд. Ба воситаи муносибатҳои байни вакил ва интихобкунанда дар тарбияи шуури ҳуқуқии аҳли ҷомеа ва ба ин тариқ ҷиҳати рушду нумӯи парламентаризми кишвар саҳми муносиб гузошта шуд.

Дар тайи ин даъват, ман бо итминони комил гуфта метавонам, мо ба боварию эътимоди интихобкунандагони худ бештар сазовор шудем, зеро пайваста саъю талош доштем, ки муроҷиатҳои интихобкунандагони худро сари вақт ва ҳаматарафа баррасӣ намуда, дар доираи ваколат ва салоҳияти худ ба ҳалли мусбии онҳо мусоидат намоем.Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни даъвати чорум дар Маҷлиси намояндагон 4922 муроҷиати хаттӣ ва 31323 муроҷиати шифоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре шумо огоҳӣ доред, дар ҷараёни даъват бори нахуст қабули Раиси Маҷлиси намояндагон ва вакилон дар ҳавзаҳои интихоботӣ баргузор гардида, ҳамчун шакли нави муносибат бо муроҷиаткунанда рӯи кор омад, ки чунин шакли қабулу мулоқотҳо дар рушди парламентаризми миллӣ ҳамчун саҳифаи наве арзёбӣ мегардад.

Мехоҳам зикр кунам, ки тамоми аризаву муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон, ки ба Маҷлиси намояндагон ворид гардиданд, то марҳилаи ҳалли ниҳоӣ зери назорати роҳбарияти Маҷлиси намояндагон қарор гирифтанд.

Хусусан дар бахши қонунгузорӣ, ҷиҳати беҳбудӣ бахшидани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, корҳои зиёдро анҷом додем. Роҷеъ ба масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ мо ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафари махсуси корӣ доштем ва бо раиси Хадамоти муҳоҷиратии ин кишвар Ромодановский роҷеъ ба масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ чандин санадҳоро ба имзо расондем. Дар Маҷлиси намояндагон дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ чандин қонун қабул карда шуд ва дар мавзӯи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» муҳокимаҳои парламентӣ баргузор гардид.

Қобили ёдоварист, ки фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни ҳамаи иҷлосияҳои даъвати чорум серпаҳлу ва муассиру судманд ҷараён гирифт ва Парламенти Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи бисёр созмонҳову Ассамблеяҳои байнипарламентӣ ҷиҳати таҳкими робита бо ин созмонҳо нақши муҳим ба ҷо овард.

Бо қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки  равобити хориҷии мо бо аксари созмонҳои байнипарламентӣ ва парламентҳои кишварҳои дунё дар шакли муносибатҳои доимӣ ва дар сатҳи баланди дипломатияи парламентӣ ба роҳ монда шуд.

Парламенти мамлакат ҷиҳати тақвияти ҳар чӣ бештари сохти давлатдорӣ, риояи волоияти қонун, ҳамоҳангсозии робитаҳои фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар доираи созмонҳову иттиҳодҳои байнипарламентӣ нақши арзишмандро бар ҷой меоварад. Ҳадаф ва мароми ин мақоми олӣ дар шароити кунунӣ муҳофизату ҳимояти дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллии тоҷикон, заминаи мусоид фароҳам овардан барои рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар тавассути қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Хусусан даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчун марҳилаи нави рушди мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар ҷараён гирифт.

Аммо дар ин бахш корҳои зиёд ҳанӯз дар пешанд. Даъвати нав, яъне даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон дар ин самт вазифаҳои хеле зиёд, масъул ва душворро бояд ба сомон расонад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!  Агар шумо маро ба ин мақоми пурифтихор – вакилии Маҷлиси намояндагон сазовор донед, тамоми саъю талош ва донишу қувватамро ҷиҳати қабули қонунҳои муҳиму саривақтӣ ба хотири рушду нумӯи боз ҳам бештари тамоми соҳаҳои кишварамон сарф хоҳам кард. Саъю талош хоҳам кард, ки дар даъвати панҷум ба самтҳои қонунгузорӣ ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи миллии мамлакат доир ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, инчунин бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, саноату сохтмон, масъалаҳои байналмилалӣ ва ғайра бештар таваҷҷуҳ дода шавад.Фаъолиятро дар бахши қонунгузорӣ ҷиҳати беҳбудӣ бахшидани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ бештар амалӣ хоҳем кард.

Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ободии бештари минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Раштонзамин, инчунин дастгирии маъюбон, бепарасторон ва дигар эҳтиёҷмандон, зиёд намудани квотаҳои президентӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар барои духтарон ва дигар масъалаҳои муҳим ҳамкориро идома хоҳам дод. Дар фаъолияти вакилиям Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии  демократии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ хоҳам гирифт.

Дар баробари масъалаҳои зикршуда, ба тариқи мушаххас дар бахшҳои зерин низ саъю талош хоҳам намуд:

-чораандешӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, фарҳанги ҳуқуқӣ ва иртифои савияи  маънавиёти шаҳрвандон;

-амалӣ намудани қонунгузорӣ роҷеъ ба масъалаҳои нафақа, сиёсати андоз, сармоягузории хориҷӣ, истифодаи замин, инчунин роҷеъ ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

-мусоидат ҷиҳати бунёди корхонаҳои коркарди мева ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ;

-чораандешӣ ва мусоидат ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти картошка, дигар сабзавоти мавриди ниёзи мардум, дастрас намудани тухмиҳои хушсифат, бунёди боғҳои нав;

-чораандешӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият дар бахши таъриху фарҳанг, адабиёт ва бостоншиносии Раштонзамин;

- мусоидат ҷиҳати сохтмони каналҳо, таъмини об барои киштзор ва боғҳо;

-мусоидат ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави соҳаи маорифу фарҳанг, тиб, варзиш, таъмиру бунёди роҳҳо ва пулҳо.

Интихобкунандаҳои гиромиқадр! Ҷойи шукру сипоси ҳамаи мову шумост, ки имрӯз тамоми мардуми кӯҳистони Раштонзамин баъди чандин муддати нооромиҳо солҳои оромиву  сулҳу субот ва бунёдкориву созандагиро аз сар мегузаронанд.

Дар тайи панҷ соли фаъолияти даъвати чорум халқ ва давлати мо дар тамоми бахшҳои ҷомеа ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Аз ҷумла симои минтақаи Рашт низ бо ёриву дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дигар шуда, як силсила корхонаву иншооти соҳаи фарҳангу маориф, тиб, варзиш ва ғайра бунёд гардид, ки ҳамаи шумо шоҳиди ин дигаргуниҳо ҳастед.

Имрӯз яке аз масъалаҳои хеле муҳим- баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум дар мадди аввали фаъолияти давлатамон қарор дорад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли равон дар баробари арзёбии тамоми бахшҳои ҷомеаи кишварамон, аз ҷумла роҷеъ ба инкишофи бонизом ва масъалаҳои боло бурдани фарҳанги аҳли ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр андешаҳои ҷолиб изҳор гардидаанд, ки амалӣ намудани онҳо барои ноҳияҳои минтақаи Рашт низ хеле муҳим, саривақтӣ ва судманд мебошад.

Як бахши муҳими  фаъолияти давлат, аз ҷумла парламенти мо боло бурдани сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеаи кишвар, тарбияи ватандорӣ, ҳувияти миллӣ,  ифтихор аз арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат ба шумор меравад.

Нақши адабиёт, илму фарҳанг ва санъат дар тарбияи маънавиёт ва худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ хеле бузург аст. Ва таъриху фарҳанги умумии халқ аз фарҳанги ноҳияҳову маҳалҳо таркиб мегирад. Бинобар ин, лозим аст, ки тамоми он ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, адабиёти хаттиву даҳонӣ, ки  то имрӯз дар диёри мо боқӣ мондаанд, ҷамъоварӣ гардидаву дастраси умум гардонида шаванд. Дар Барномаи пешазинтихоботии ман, дар баробари таваҷҷуҳ додан ба дигар соҳаҳо, чораандешӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият дар бахши таъриху фарҳанг, адабиёт ва бостоншиносии Раштонзамин низ ҷой дода шудааст. Мо дар тайи чандин соли гузашта ба тамоми бахшҳову соҳаҳои диёри Раштон таваҷҷуҳи ҷиддӣ додем. Ва фикр мекунам, ки дар ин самт ба соҳаи таъриху фарҳанг ва адабиёт камтар таваҷчуҳ дода шуд.

Ман дар яке аз мулоқотҳои гузаштаам бо шумо дар бораи моҳияти илму маориф суҳбат карда будам. Дар идомаи он суҳбатам мехоҳам зикр намоям, ки мо бояд имрӯз беш аз ҳар вақти дигар барои баланд шудани мартабаи муаллим саъю талош кунем. Бояд ҷиҳати ба таври воқеӣ  татбиқ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  саъю талош варзем,  ки соли 2013 дар Маҷлиси намояндагон қабул шуда буд. Қонуни мазкур бо мақсади ҷараён бахшидан ба ислоҳоти соҳаи маориф, рушди соҳа, аз ҷумла таъмини сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати таълимгирандагон, мутобиқат ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ қабул гардида, дар соҳаи маорифи кишвар як тағйироту дигаргунии бузургро амалӣ намуд.

Ҳамаи мо бояд мутобиқи талаботи ин қонун дар баробари ворид намудани ислоҳот дар тамоми бахшу ниҳодҳои соҳаи маориф роҷеъ ба муаллим ва мақоми он дар ҷомеа саъю талош намоем, ҷиҳати баланд бардоштани  мақоми омӯзгор, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ҳимояи шаъну шарафи омӯзгор, имтиёзҳои омӯзгорон, таъминоти моддии омӯзгорон чораандешӣ намоем. Зеро дар ҷаҳони муосир, тавре огоҳӣ доред, равандҳо ва гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки бо истифода аз нокифоя будани сатҳи маънавиёти ҷавонони мо онҳоро бо ҳар восита ба доми фиреби худ кашида, ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Ман дар яке аз суҳбатҳоям бо шумо дар бораи  чӣ гуна аз ҷавонон ва ноболиғони тоҷик дар баъзе кишварҳои хориҷӣ террористони маргталаб тайёр мекунанд, суҳбат карда будам.  Ҳоло ин гуна ҷавонони ноогоҳро бо ҳар восита ба ҷангҳои гурӯҳҳои бо ном Давлати исломии Ироқу Сурия ташвиқ менамоянд.Танҳо сатҳи баланди маънавиёт, тарбияи худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои волои миллӣ,ифтихор аз халқу Ватан ҷавонони моро метавонад ба роҳи дурусти хидмат ба халқу Ватан  ҳидоят намояд. Дар баробари ин, бояд роҳ надиҳем, ки мазҳаби падару бобоӣ – мазҳаби ҳанафия мавриди тафтишу ислоҳҳои бегонагароён қарор гирад. Тавре огоҳӣ доред, дар вақтҳои охир аз ҷониби баъзе рӯҳониёни навбаромад кӯшиши амалӣ намудани чунин ҳол вуҷуд дорад.

Бо қаноатмандӣ бояд зикр кард, ки мувофиқи маълумоте, ки дар матбуот ба нашр мерасад, ноҳияҳои Раштонзамин дар қатори ноҳияҳои пешсафе қарор доранд, ки ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна гардидаанд. Ҳамчунин хурсандиовар аст, ки шумораи китобхону китобхонаҳо дар ин минтақа афзоиш меёбад. Соли 2013 дар ноҳияҳои водии Рашт  ҳангоми фурӯши китобҳо аз тариқи «Корвони китоб» китобдӯстон назар ба ноҳияҳои дигар бештар китоб харидорӣ намуданд.

Ман ҳангоми қабулҳоям тайи ду соли гузашта дар ҳамаи ноҳияҳои ҳавзаи интихоботии Рашт №12 шоҳиди он будам, ки аксари муроҷиаткунандагон на танҳо оид ба масъалаҳои шахсӣ, балки оид ба масъалаҳои иҷтимоиву маърифатӣ низ муроҷиат мекарданд. Чандин муроҷиатҳо дар бораи сохтани мактаб барои хонандагони болаёқат, мактабҳову синфхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, таҷҳизонидани китобхонаҳо бо мебелу компютер ё сохтани китобхонаҳои нав ворид гардиданд. Ин натиҷаи пешравии маънавиёти мардуми мост. Ман аз ин ифтихор дорам.

Лозим аст, ки китобхонаҳо дар ҳамаи деҳаҳои калон ва мактабҳо аксаран ба тариқи ҳашар сохта шаванд. Барои китобхонаҳои навбунёд низ бояд ба тариқи ҷамъоварӣ намудан ба қадри имкон аз китобдӯстон китоб захира карда шавад.

Ман барномаҳои «Андалеб»-и ноҳияҳои Рашту Тоҷикободро тақрибан 3-4 моҳ пеш аз тариқи телевизион тамошо карда, хеле хурсанд шудам. Дастаҳои ҳунарии ин ноҳияҳо хуб ҳунарнамоӣ карда, сазовори холҳои баланд ҳам шуданд. Иштироки наврасони ноҳияҳо дар озмуни «Овози тиллоӣ» хуб буд.  Агар мову шумо ҷавононро тарбия накунем, онҳоро аз хурдӣ наомӯзонем, онҳо аз пеши худ чизе нахоҳанд шуд.

Ҷавононро дар тамоми соҳаҳо — санъат, адабиёт, илм, варзиш, хулоса ҳар соҳае, ки имкон дорад, тарбия кардан лозим. Барои ин шароит ҳаст, мактабҳо, майдонҳои варзишӣ, агар набошад, бо ҳар роҳе, ки бошад, бунёд кардан даркор.

Яке аз масъалаҳои дардноки ҷомеаи имрӯзи кишвар, фикр мекунам, бисёр кишварҳои дигар, масъалаи оила аст. Асоси мустаҳкамии ҳар як ҷомеаву давлатро оила ташкил медиҳад.  Агар оила мустаҳкам ва таъмин бошад, ҷомеаву давлат низ рушду нумӯъ меёбанд. Вале давлат низ уҳдадор аст, ки барои мустаҳкамии оила шароит муҳайё намояд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо мавриди дастгирии ҳамешагии худ қарор додаанд. Дар бораи модару кӯдак, оила, мавқеи зан дар ҷомеа, баробарии марду зан ва масъалаҳои марбут ба ин мавзуъ як силсила қарору супоришҳои Роҳбари давлат, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадаанд.  Бо дарки ин маънӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли равон соли 2015 «Соли оила» эълон карда шуд.

Имрӯз дар ҷумҳуриамон, аз ҷумла дар ноҳияҳои водии Рашт барои мустаҳкам кардани асоси оила бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҳамдиёрони арҷманд! Аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 24 сол пур мешавад.Қариб нисфи ин муддат, махсусан дар водии Раштон бо нооромиҳо гузашт.  Мо ҳамагӣ 4-5 сол аст, ки зиндагии орому осударо аз сар гузаронида истодаем. Ва ин зиндагии шоиста  ба шарофати саъю талоши пайваста, азхудгузариҳо, ғамхориву дилсӯзии Роҳбари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Аммо бояд фаромӯш накард, ки ин оромиву осудагӣ ба табъи бадхоҳони миллат ва давлати тоҷик хуш намеояд. Ҳоло низ бадхоҳони миллату давлати мо аз нияти амалӣ намудани ҳадафҳои шуми худ даст накашидаанд. Бинобар ин, лозим аст, ки ҳамаи мо ҷиҳати боз ҳам мустаҳкамтар шудани сулҳу ваҳдати миллӣ, боз ҳам ободу зебо шудани Ватани ягонаамон — Тоҷикистони азиз самимона саъю талош намоем, бо шукру сипоси давлат, истиқололият ва сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагӣ самимона  меҳнат  кунем.

Имрӯз бояд аз ҳарвақта бештар дар атрофи Президентамон зичтар бошем, кору пайкор, саъю талош ва ниятҳои некашонро самимона дастгирӣ намоем.

Яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ, ки дар пешорӯи мо қарор дорад, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҳалқ мебошад. Тавре дар Паёми  Роҳбари давлат зикр гардидааст,  бояд ин интихобот дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад.

Дарки масъулият дар назди тақдири худ ва фарзандон, дар назди халқу диёр ҳар яки моро водор мекунад, ки дар ин маъракаи муҳим ба таври фаъол иштирок карда, ба ҷонибдории шахсони арзанда овоз диҳем.

Имрӯз мардуми мо хубро аз бад ва сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ карда метавонад. Мо боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик фарзандони арзандаи худро ба мақоми олии қонунгузори мамлакат интихоб мекунад.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад. Тавре огоҳӣ доред, имрӯз низ  бисёр кишварҳои дунё аз чунин имконияти ҷараёни демократӣ маҳруманд.

Нақши фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар арсаи сиёсиву иҷтимоии кишварамон рӯз то рӯз бештар афзоиш меёбад. Тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мақоми баланди намояндагӣ ва қонунгузори кишвар — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  41 нафар вакил аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, яъне аз ҷониби намояндагони ҳизбҳои сиёсии мамлакат интихоб карда мешаванд.

Бояд зикр кард, ки дар маъракаи интихоботии имсола низ мисли интихоботи гузашта ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсие, ки дар кишварамон расман ба қайд гирифта шудаанд, иштирок мекунанд. Аз ин лиҳоз, масъалаи ба ҷонибдории ин ё он ҳизб овоз додан низ яке аз масъалаҳои сарнавиштсози ҳаёти ҷомеаи кишвар ба шумор меравад.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳар як интихобкунанда бояд ба тариқи сареҳ дарк намояд, ки имрӯз танҳо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қодир аст, ки ободии кишвар, рӯзгори осудаи мардум ва сулҳу ваҳдати комилро дар саросари кишвар пурра таъмин намояд.

Боварӣ дорам, ки аксарияти кулли шумо дар бораи хизматҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷиҳати ба Ватан баргардонидани гурезаҳо аз кишварҳои гуногун, ҳам ҷиҳати рушду нумӯ бахшидани тамоми бахшҳои ҷомеа, бунёди роҳҳову пулҳо, иншооти гуногуни муҳим огоҳии комил доред.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун ҳизби мардумӣ, ҳизби умеду ормонҳои халқи кишвар маълуму машҳур аст. Ба шарофати амалисозии барномаҳои гуногун, мақсаду маром ва ҳадафҳои бунёдкоронаи худ, ки фарогири  манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар мебошанд, дар ҷомеаи мо ваҳдату ягонагӣ, оромиву осудагӣ ҳукмфармо гардид.

Бинобар ин, ман аз ҳар кадоми шумо, ҳамдиёрони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар интихоботи дарпешистода ба ҷонибдории Ҳизби халқии  демократии Тоҷикистон  овоз диҳед.

Ба ҷонибдории Ҳизби халқии  демократии Тоҷикистон  овоз дода, ҳар яки шумо дар таҳким бахшидани сохти давлатдории тоҷикон, боло рафтани обрӯву нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ, ҷиҳати беҳтар гардидани зиндагии мардум, таъмини рӯзгори осудаи наслҳои оянда, инчунин барои боз ҳам ободу зебо гардидани минтақаҳои кӯҳистони Раштонзамин саҳми сазовор мегузоред. Ҳизби халқии  демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ, ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби ободиву шукуфоии диёр аст.

Имрӯз танҳо сулҳу субот ва саъю талоши самимона, ҳушёрии сиёсӣ ва бедории миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар вазъияти пур аз буҳронҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва раванди печидаву мураккаби ҷаҳонишавӣ халқу кишвари худро эмин нигоҳ дошта тавонем.

Ба ҳамаи шумо, ҳамдиёрони арҷманд, бахту саодат, умри бобаракат, хонадони обод, рӯзгори осуда ва хотири ҷамъ орзумандам.