Баррасии масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти мамлакат дар КМИР

№98 (4204) 13.08.2020

ИНТИХОБОТКорҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 26 аз 6 августи соли 2020 ёздаҳуми октябри соли 2020 таъин гардидааст, идома дорад.

Дар робита ба ин, 10 августи соли равон таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон (КМИР) Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа баргузор гардид, ки дар он вобаста ба марҳилаҳои раванди интихобот дар муҳлатҳои бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррарнамуда, масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, комиссияҳои ҳавзавии интихобот таъсис ва оид ба ташкили фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои гуногун баён гардиданд.

Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарори КМИР 68 комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфанд. Онҳо дар ҳайати раис, муовин, котиб ва на камтар аз 4 аъзо ташкил карда шуданд. Дар ҳайати комиссияҳои ҳавзавии интихобот намояндагони ҳама қишри ҷомеа ворид гардиданд. Бахусус, шумораи занон дар ҳайати комиссияҳо, бо дарназардошти талаботи баробарии гендерӣ, назаррас мебошад.

Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаҳои таъминоти моддии фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарор қабул гардид.

Дар ин бора аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар доданд.

«Садои мардум»