Хабари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№142 (3127) 09.11.2013

Дар бораи натиҷаи пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 ноябри соли 2013 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Барои гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3219  участкаи интихоботӣ ташкил карда шуд. Аз шумораи умумии 4201156 (чор миллиону дусаду як ҳазору яксаду панҷоҳу шаш нафар) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил гардидаанд, 3640056  (се миллиону шашсаду чил ҳазору панҷоҳу шаш) нафар, яъне 86,6  фоизи интихобкунандагон  дар овоздиҳӣ иштирок карданд.

Дар асоси талаботи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда ҳисобида мешавад.

Мувофиқи протоколҳои ҷамъбастии натиҷаи интихобот, ки аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, байни 6 номзади ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда, ки ба бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозҳои интихобкунандагон ба тарзи зайл тақсим шудаанд:

 

Ному насаби номзад ба мансаби

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарафдор

Шумораи овозҳо (%-и он ба шумораи умумӣ)

Бобоев Олимҷон

140.733 – 3,8%

Бухориев Толибек Аҳмадович

166.224- 4,5 %

Ғаффоров Абдуҳалим

54.148 – 1,5 %

Исмонов Саидҷаъфар Исмонович

36.572 – 1 %

Талбаков Исмоил Иброимович

181.675 – 5 %

Эмомалӣ Раҳмон

3023754 – 83,6%

Ҳамин тариқ, мувофиқи талаботи моддаи 34 Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида мешавад.