Ироаи мушоҳидаҳои САҲА оид ба интихобот

№30 (3331) 02.03.2015

Дуюми марти соли равон Дафтари САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, Ассамблеяи Парлумонии САҲА ва Парлумони Аврупо  дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир намуда, мушоҳида ва хулосаҳои аввалинашонро аз натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот изҳор доштанд.

Дар нишаст Ҳамоҳангсози махсус ва роҳбари миссияи кӯтоҳмуддати назоратии САҲА Мариета Тидей, роҳбари ҳайати Ассамблеяи Парлумонии САҲА Гейр Беккеволд,  роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо Норберт Нойзер ва роҳбари Миссияи САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар Миклош Ҳарасти иштирок ва суханронӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки баҳодиҳӣ ба мақсади муайян намудани мутобиқати интихобот вобаста ба уҳдадориҳои САҲА, дигар уҳдадориҳою меъёрҳои байналмилалӣ оид ба интихоботи демократӣ ва қонунгузориҳои миллӣ гузаронида шуд.  Гуфта шуд, ки  изҳорот оид ба мушоҳидаҳо ва хулосаҳои аввалин қабл аз ба итмом расидани интихобот манзур гардидааст.  Иттилоъ дода шуд, ки гузориши мукаммали ниҳоӣ бо дарназардошти тавсияҳо  тақрибан ҳашт ҳафта пас аз ба итмом расидани интихобот ба нашр мерасад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»