Номзадҳо дар назди интихобкунандагон

№138-139 (3123-3124) 01.11.2013

Қӯрғонтеппа. Дар Кохи «Ватан»-и маркази маъмурии вилояти Хатлон вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Дар ин вохӯрӣ номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Толибек Бухориев аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ашурбой Солиев иштирок намуданд.

Вохӯриро раиси ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа № 44 Амонулло Шаймонов ифтитоҳ намуд. Ӯ иттилоъ дод, ки дар ин вохӯрӣ интихобкунандагон аз шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ иштирок доранд.

- Мақсад аз вохӯрии имрӯза, — зикр намуд ӯ, — ба интихобкунандагон додани иттилои бештар оид ба муҳтавои барномаҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳизбу созмонҳои гуногуни Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд, мебошад.

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев ба иштирокчиёни ҷамъомад дар бораи самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ иттилоъ дод. Сипас, номзадҳои дигар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Толибек Бухориев, Абдуҳалим Ғаффоров, Саидҷаъфар Исмонов, Исмоил Талбаков дар бораи барномаҳои пешазинтихоботии худ ва ҳизбҳое, ки онҳоро ҳамчун номзад пешниҳод намудаанд, ба таври мухтасар гузориш доданд. Шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ашурбой Солиев низ баромад намуда, дар бораи ҳадафҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод. Вохӯрӣ дар рӯҳияи якдигарфаҳмии номзадҳо ва интихобкунандагон сурат гирифт.

Зимни суҳбат чанде аз иштирокчиёни вохӯрӣ иброз намуданд, ки дар барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо масъалаҳое пешниҳод гардидаанд, ки оянда дар сурати мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанашон ба пешравии Тоҷикистони азиз ва беҳ гардидани вазъи зисту зиндагонии мардуми он мусоидат хоҳанд кард.

Тавре номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бовариноки онҳо зимни суҳбат иброз намуданд, чунин вохӯриҳои якҷоя ва ҳамчунин вохӯриҳои алоҳида бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботии онҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ гузаронида мешаванд.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»