Омодагӣ ба маъракаи муҳим

№22 (3502) 17.02.2016

15 феврали соли 2016 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он асосан масъалаи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

Раиси Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худоёрзода  Бахтиёр Тавар зикр кард, ки 22 майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мегардад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пешрафти минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд  ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.

Дар ҷаласа нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ тасдиқ гардид.

Дар робита ба ин, Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 17-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба ташкили ҳавзаҳои раъйпурсӣ қарор қабул  намуд. Мутобиқи қарори мазкур дар ҷумҳурӣ барои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ 68 ҳавза таъсис дода мешавад. Сипас, ҳуҷҷатҳои дар давраи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби комиссияҳо истифодашаванда муайян гардиданд.

Инчунин, бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳим Маркази иттилоотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба ҳалли саривақтии арзу шикоятҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 апрели соли 2016  интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16  баргузор мегардад.

Аз ин рӯ, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи зикршуда ҳавзаҳо ва комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ таъсис ёфтаанд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»