Омодагиҳо мувофиқ ба меъёрҳои қонунгузорӣ буданд

№47 (3348) 31.03.2015

Бисту ҳаштуми марти соли 2015 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба натиҷаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид.

Аз ҷониби иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо риояи тартиби пешбининамудаи моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд. Сипас, бо қарори комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихоботӣ номзадҳои пешбаригардида дар доираи  талаботи қонун ба қайд гирифта шуданд.

Рӯзи 27 марти соли 2015 бо иштироки фаъолонаи шумораи зарурии вакилони интихобкунанда дар ҳамаи ҳавзаҳо интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рӯзи интихобот комиссияҳои ҳавзавӣ кори худро сари вақт оғоз карда, ҷараёни овоздиҳиро дар доираи талаботи муқарраршуда ташкил намуданд. Ҳамин тариқ, аз панҷ ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ панҷ нафарӣ, ҷамъ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Бо қарори Комиссияи марказии  интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 марти соли 2015 интихоб гардидаанд, тасдиқ шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»