Семинари омӯзишӣ

№ 29.01.2015

26 январи соли 2015 бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шоҳмансур №3 бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои  интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шермуҳаммад Шоҳиён зикр кард, ки омодагиҳо ба интихоботи дарпешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо тибқи нақшаи тасдиқгардида муташаккилона идома дорад. Мақсади асосии баргузории семинари омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи корбарии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихобот, дастурамалҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот мебошад.

Комиссияҳои интихоботӣ бояд ваколатҳои худро қатъиян дар асоси талаботи қонунгузории интихоботӣ ба роҳ монда, барои сари вақт омода намудани ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ба итмом расонидани маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон, дастрас гардонидани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, мавод оид ба тартиби иштирок дар интихобот ва тарзи нави овоздиҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сипас, доир ба масъалаҳои гуногуни раванди омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода ва фаҳмонидани мазмуну мундариҷаи қонунгузории интихоботӣ, дастурамал ва дигар асноди зарурӣ дар назди ҳозирин узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедов ва роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додозода сухан ронданд. Иштирокчиёни семинари омӯзишӣ доир ба масъалаҳои интихобот табодули назар карданд.

Кори семинари омӯзиширо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷамъбаст намуда, иттилоъ дод, ки чунин чорабинӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ бо иштироки аъзои комиссияҳои интихоботӣ баргузор мешаванд.

М. АЪЗАМ, «Садои мардум»