Тири бадхоҳон хок хӯрд

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Мирзо ОлимовПолковники мустаъфии амният Мирзо Олимов рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи роҳбари дастаи муҳофизони собиқ Президенти кишвар Раҳмон Набиевро ба уҳда дошт. Номбурда он рӯзҳоро ба хотир оварда, гуфт:

- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини Тоҷикистон муҳимтарин ва бузургтарин ҳодисаи таърихии сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, ки таҳдоби давлати соҳибистиқлоли тоҷикро мустаҳкаму пойбарҷо кард. Аз ҳама муҳим, Роҳбари хирадманду доно, инсони комил, марди бузург ва фарзанди фарзонаи даврон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ато намуд, ки ба шарофати талошу муборизаҳои шабонарӯзии ӯ пешравию дастовардҳо ба Ватану мардум насиб гардид.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эълон гардида бошад ҳам, вале Ҷумҳурии Тоҷикистон  то барпо гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ давлати қариб соҳибихтиёр набуд ва  ба майдони дастёбии манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву боғараз мубаддал гашт. Ягон рукни давлатдорӣ кор намекард, вазорату муассиса ва ҳатто сохторҳои қудратӣ фалаҷ гардида буданд ва танҳо дар ҷараёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ рукнҳои давлатдорӣ аз нав ба по гузошта шуд.

Барпо намудани иҷлосияи таърихсозу тақдирсоз  кори осон набуд. Барои ҷамъ намудани тарафҳои муқобил, таъмини амнияти тарафдорони давлати демократӣ ва мухолифин аз тарафи роҳбарони мақомоти қудратӣ, бахусус мо — чекистон ва дӯстони беғараз аз давлатҳои ҳамсоя заҳмати зиёде талаб карда мешуд. Вақте ки ман ҳамчун роҳбари дастаи муҳофизони собиқ Президенти кишвар Раҳмон Набиевро дар рӯзҳои аввали иҷлосия ҳамроҳӣ мекардам, бовар надоштам, ки он ба қабули карорҳои зарурӣ ноил мегардад. Хушбахтона, Раҳмон Набиев вазъияти ногувори дар кишвар баамаломадаро ба назар гирифта, баҳри таъмини якпорчагии мамлакат ва ояндаи неки миллат аз вазифа даст кашиданд ва ба Сарвари тозаинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон фотиҳаи нек  доданд. Дар иҷлосия интихоб шудани Саидамир Зуҳуров ба вазифаи вазири амният низ боиси ифтихори мо гардида, суханҳои аввалини Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мо — чекистон, ки аз бесарусомонӣ ва таназзули давлат хеле азоби рӯҳӣ ва ҷисмонӣ кашида будем, ҷонбахш афтод. Ҳамон рӯзҳо дар толори Қасри Арбоб ҳам буданд ашхосе, ки Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари муваққатии Шӯрои Олӣ  меҳисобиданд. Хушбахтона, тири онҳо хок хӯрда, худашон ҳам аз вазифа ва ҳам аз мамлакат дур рафтанд.

Ман вақте дар бораи он иҷлосия фикр мекунам, лаҳзаҳои хотирмони рӯзи оши оштӣ пеши чашмам намудор мегарданд. Он рӯз ҳар ду тараф ҳам Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса мекарданд ва мо беихтиёр ашки шодӣ рехта, аз даргоҳи Худованд илтиҷо мекардем, ки мамлакатро обод нигоҳ дорад.

Бояд гуфт, ки пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва ташкили Ҳукумат ҳам мамлакат тинҷ набуд. Бадхоҳони Ватан ҳатто ба баргузории иҷлосияи баъдӣ, ки бояд 24 декабри соли 1993 доир мегардид, низ халал ворид намуда, намегузоштанд, ки вакилони мардумӣ барои иштирок дар иҷлосия аз Фурудгоҳи шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба шаҳри Душанбе парвоз кунанд ва бо тарконидани кӯпруки ағбаи Анзоб низ мехостанд  якпорчагии ҷумҳуриро аз байн баранд. Ҳазорон шукр, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва муҳофизони сохти конститутсионӣ, сохторҳои қудратӣ, бахусус чекистони ҷумҳурӣ, дар ҳама ҳолат далериву шуҷоат ва ақли солимро истифода намуда, аз вазъияти хеле душвор сарбаландона берун баромада, оромиву осудагии кишвар ва истиқлолияти Ватанро таъмин намуданд. Бинобар ин, гуфтаниам, ки истиқлолият осон ба даст наомадааст. Дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ Роҳбари давлат ва муҳофизони сохти конститутсионӣ ҷонбозии зиёд намуданд. Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои Пешвои миллат ва неруҳои давлатӣ сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омада, дар заминаи он Тоҷикистон ба музаффариятҳо шарафёб гардид.

Сарчашмаи асосии ҳама муваффақият, бешак, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мебошад, ки боиси ифтихормандии мост ва вазифадор менамояд, ки дар атрофи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар муттаҳид гардем ва дар амри устувор гардидани Истиқлолияти давлатӣ саъй намоем.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»