Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷли-си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муттаҳидтар гардем, то орзуҳоямон пурра амалӣ шаванд

№34 (4774) 15.03.2024

DSC_0848Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми инсон дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, беҳдош­ти ҳаёти иҷти-моии мардум, осудаю оромона дар фазои сулҳу ваҳдат умр ба сар бурдани инсон, баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус маорифу тандурустӣ, махсус таъкид гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҷумла, зикр намуданд, ки соли 2017 агар низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.
Дар соли 2023 шумораи хатм­кунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 103 ҳазор нафар-ро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи якум ба 261 ҳазор нафар расида, 200 муассисаи таълимии нав ва би-ноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст, зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷои нишаст мондаанд.
Аз ин рӯ, барои бартараф кардани ин норасоиҳо мо бояд аз ҳамаи имкониятҳо дуруст ва самаранок истифода бурда, барои беҳтар кардани пояи давлату давлатдорӣ саъю талош намоем. Дусаду шасту як ҳазор кӯдак, ки қадами аввалинро ба даргоҳи муқаддас — мактаб мегузоранд, бояд таҳти назорати ин муассисаи тарбиякунандаи одобу ахлоқи ҳамида қарор дошта бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар бораи омӯзгор ва мақому мароми ӯ дар тарбияи хонандагон сухан карда, чунин қайд намудаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат ва гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад». Бинобар ин, дар Паёми навбатӣ зарурати такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, рушди таҳси-лоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи тех-нологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорону таҷдиди назар кардани стан-дартҳои касбӣ барои онҳо ва такмили муносибати босалоҳият ба таълимро махсус таъкид карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки авзои зуд-тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни замонро тақозо менамояд.
Роҳбари давлат вобаста ба соҳаи тандурустӣ низ ибрози назар намуда, қайд карданд, ки он самти афзалият-ноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таъмини саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани си-фати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда, ин раванд бардавом аст.
Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқои­са ба соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз изҳор дош­танд, ки дар панҷ соли оянда барои сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Яке аз масъалаҳои муҳим зиёд шудани шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Зиёд шу-дани аҳолӣ, пеш аз ҳама, аз дараҷаи осудаҳолона зиндагӣ кардани мардум дарак медиҳад. Дар Паём таъкид шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафари соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар давраи соҳиб­истиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Агар ба таври муқоиса назар андозем, дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст. Дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 ба 76,3 сол расидааст. Ин гувоҳи он аст, ки сол ба сол зиндагии мардуми ҷумҳурӣ беҳтар шуда, аҳолии кишвар аз нишондодҳои зикршуда қаноатманданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила баланд бардоштани мақом зан — модар ва барои онҳо фароҳам овардани шароити заруриро муҳимтарин воситаи солимгардонии ҷомеа номиданд. Ҳар миллат бояд, пеш аз ҳама, модари солим дошта бошад, зеро бидуни модари солим миллатро такомул аз имкон берун аст. Модари солим фарзанди солимро ба вуҷуд меорад ва фарзанди солим неруи зеҳнии миллат ба шумор меравад. Бинобар ин, Сарвари давлат сохторҳои марбутаро супориш доданд, ки дар ин ҷода аз ҳама восита ва имкониятҳо сама-ранок истифода баранд.
Вобаста ба ин дар Паём омадааст: «Дар зарфи солҳои соҳиб­истиқлолӣ занону бонувони лаёқатманду балан-дихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад».
Қобили қайд аст, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтар муассисаҳои таҳсило-ти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти оморӣ, соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Духтарони маълумоти олидор, пеш аз ҳама, бо ахлоқи ҳамида тинати покро дороанд.
Имрӯз барои духтарони кишвар шароити муфид фароҳам шудааст. Аз 41 ҳазору 232 донишҷӯи тоҷик, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Ҷаҳони пуртазоди муосир ҳар яки моро водор менамояд, ки барои осудаю осоишта зиндагӣ кардан саҳм гу-зорем. Дар ин ҷода мақоми ҳизбҳои сиёсӣ низ назаррас аст. Мо, мардуми барӯманди тоҷик, дар атрофи Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон муттаҳидтар гардем, то орзую омоли миллату давла-тамон пурра амалӣ гарданд.
Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон