Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Қабули қонун «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»

№149 (3786) 16.12.2017

DSC_0615Сенздаҳуми декабри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 51 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи грантӣ (44753) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он».

РАИС: — Ба баррасии масъалаи якум шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода ­мешавад.

Ҷамшед КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар натиҷа, сол то сол сифати хизматрасонии обтаъминкунию канализатсионӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва ­дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии коммуналӣ беҳтар мешавад.

Ба баррасии шумо Созишномаи грантӣ (44753) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» пешниҳод мегардад.

Бо дарназардошти дастовардҳои назарраси марҳилаи қаблии барнома, маблағгузории марҳилаи сеюм аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Конфедеративии Швейтсария дастгирӣ ёфт. Дар натиҷа,       21 апрели соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид.

Маблағи умумии барнома 8,85 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 3,5 млн.доллари амрикоӣ ҳамчун қарз ва 5,35 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун грант аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод мешавад. Инчунин, барои амалӣ гардонидани барнома кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,4 млн. доллари ИМА пешниҳод гардидааст.

Созишномаи қарзӣ 16 октябри соли 2014 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 5,35 млн.доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуда, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2016, № 345 тасдиқ шудааст.

Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва муайян намудани миқдори оби нӯшокии интиқолгардида мебошад. Барнома барои пурра фаъолият намудани иншооти партовобтозакунии шаҳр, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ, таъмир ва таҷҳизонидани ташхисгоҳҳои оби нӯшокӣ ва партовоб, инчунин ивази қубурҳои обгузар ва хатҳои партовоб равона мешавад.

Дар доираи барнома иҷрои корҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

- таъмир ва таҷдиди иншооти партовобтозакунии шаҳр;

- ивази қубурҳои фарсудашудаи партовоббарори асосӣ;

- ивази қубурҳои фарсудашудаи партовоби шаҳр;

- ивази қубурҳои фарсудашудаи магистралӣ ва кӯчаҳои алоҳидаи шаҳр;

- харидории таҷҳизот барои истеҳсоли гипохлорид;

- харидории таҷҳизот ва таъмири ташхисгоҳи оби нӯшокӣ ва партовоб;

- харидорӣ ва насби обченкунакҳои калонҳаҷм;

- азнавсозии иншооти обдиҳӣ, партовоб ва ивази қубури обгузар бо таҷҳизонидани обченкунакҳо дар шаҳраки «Водник».

Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи барнома баробар ҳам аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва ҳам маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи барнома се сол дар назар дошта шуда, он то соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Бо татбиқ гардидани барнома баланд бардоштани бехатарӣ ва эътимоднокӣ ҷиҳати таъминоти оби нӯшокӣ ва системаи канализатсия дар шаҳри Хуҷанд таъмин карда мешавад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

Мирзодавлат САБУРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (44753) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3», ки 21 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27ноябри соли 2017, № 1475 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия чор ва аз шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як таклиф пешниҳод гардид, ки дастгирӣ ёфт.

Кумитаи масъул масъаларо 5 декабри соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ карда, барои тасдиқ овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (44753) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

Бибидавлат Авзалшоева:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Олимҷон Сафаров, Мирзоанвар Ахмедов, Бибидавлат Авзалшоева ва Зайниддин Сафаров таҳия гардидааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида бо мақсади татбиқи дастуру нишондодҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 баёнгардида ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба мақсади такмили заминаи ҳуқуқии рушди соҳаи зотпарварӣ таҳия шуда, хусусиятҳои таҳрирӣ, муайянкунанда ва танзимкунанда доранд.

Вобаста ба мушаххас ва саҳеҳ гардонидани мафҳумҳо, моддаи 1-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Мафҳуми «чорвои кишоварзӣ» ҳама намуди ҳайвонро, ки инсон онҳоро парвариш менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибати бевосита дорад, дар бар гирифта, барои аниқ муайян намудани ­объектҳои соҳаи зотпарварӣ истифода шудааст.

Моддаи 7-уми қонуни амалкунанда такмил дода, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ мушаххас гардонида шудаанд.

Моддаҳои 8, 17 дар таҳрири нав ифода ва вазифаҳои фаъолияти селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ ва кафолатҳои корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ мушаххас пешбинӣ шудаанд. Тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 6, 9, 10, 16, 22 хусусияти таҳрирӣ дошта, мазмуни матни онҳоро саҳеҳ мегардонанд.

Номи моддаи 24 бо мазмуни он мутобиқ ва ба модда қисми 1 илова ва қисмҳои дигар таҳрир гардиданд. Ҳамчунин, бо дарназардошти ворид намудани мафҳумҳои нав, матни баъзе аз моддаҳои қонуни амалкунанда такмил дода шудаанд.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2017, № 1131 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ карданд.

Кумитаи масъул 30 ноябри соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони ҳама кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз 71 таклифи пешниҳодшуда 49 -тои он пурра ва 7- тои дигар қисман қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур 11 ­декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, дар асоси пешниҳоду эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо иштироки коршиносон таҳрир ва мукаммал гардонида шуд.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯсоев Нус­ратулло Носирович дода мешавад.

Нусратулло МӮСОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон мамлакати соҳибтамаддуни кишоварзӣ маҳсуб гардида, чорводорӣ яке аз соҳаҳои анъанавӣ мебошад. ­Вусъат бахшидан ба рушди чорводорӣ барои таъмини амнияти озуқавории кишвар, хосатан ҷиҳати афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва таъмини ниёзи мардум бо сафедаи маҳсулоти чорво, аҳамияти бештар касб менамояд. Беҳтар гардонидани зоти чорво ва афзоиши маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ мавқеи муҳим дорад.

Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (22 декабри соли 2016) омадааст: «…Бо вуҷуди дастовардҳои муайяни соҳаи чорводорӣ, фаъолият дар ин соҳа беҳбудиро мехоҳад. Дар ин робита ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти гӯшту ширӣ ба масъалаи зотпарварӣ ва беҳтар кардани зоти чорво эътибори ҷиддӣ додан зарур аст…».

То 1 декабри соли 2017, тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон ба зиёда аз 2316 ҳазор сар, аз ҷумла, модагов-1188, гӯсфанду буз-5580, асп-80286, паранда-5299 ҳазор сар ва шумораи оилаи занбӯри асал ба 218 900 адад расидааст. Истеҳсоли  гӯшт бо вазни зинда 195,3 ҳазор тонна, шир 799,8 ҳазор тонна, тухм 303654 ҳазор дона, асал 3998,8 тонна ва моҳӣ 1375,4 тоннаро ташкил медиҳад.

Вазифа аз он иборат аст, ки сатҳи корҳои селексионӣ — зотпарварӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ беҳтар ба роҳ монда, зотҳои ватании чорво ҳифз ва нигоҳ дошта шаванд. Дар ин самт нигоҳ доштан ва беҳтар гардонидани фаъолияти хоҷагиву фермаҳои зотпарварӣ зарур аст.

Бо мақсади ҳифзу нигоҳдошти хазинаи ирсии намуд ва зотҳои чорвои дар ҷумҳурӣ парвариш­ёбанда, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ оид ба парвариши чорво, паранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ» таҳти 245 аз 2 майи соли 2007 ба тасвиб расидааст, ки тибқи он 71 хоҷагӣ ба шабакаи зотпарварӣ шомил мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳарчанд саршумори чорво дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта зиёд гардида бошад ҳам, вале сифат ва маҳсулнокии онҳо паст аст. Айни замон, аз рӯи маълумоти оморӣ, зиёда аз 92 фоизи саршумори чорвои калон ва 82 фоизи гӯсфанду буз ба бахши аҳолӣ рост меояд, ки аксари онҳо аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи стандартии зот ҷавобгӯ нестанд. Бинобар ин, зарур аст, ки барои беҳтар намудани сифати зот, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, ба таҳкимбахшии заминаи ҳуқуқии соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Дар ин радиф, бо мақсади муташаккилона татбиқ намудан ва пеш бурдани корҳои селексионӣ –зотпарварӣ, назорат ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ, таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», ки аз 19 сентябри соли 2013, № 1020 қабул гардидааст, нақши муҳими стратегӣ дорад. Мавриди зикр аст, ки бо мурури замон, вобаста ба дигаргунии иқтисодиву иҷтимоии соҳаи кишоварзӣ, алалхусус дар бахши чорводорӣ, мукаммалгардонии қонуни номбурда талаби рӯз мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст, ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мутобиқат менамояд. Дар он объектҳои зотпарварӣ муайян ва мушаххас гардида, тағйиру иловаҳои ба қонун воридшуда фаъолияти зотпарвариро пурра фарогир мебошанд.

Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои асосии соҳаи зотпарварӣ, бандҳои дахлдори қонун оид ба салоҳият, ваколат ва вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар танзими муносибатҳо дар соҳаи зотпарварӣ, ташкили фаъолияти субъектҳои зотпарварӣ, эътироф намудани маҳсулоти зотӣ ва баҳодиҳии он, инчунин, муқаррароти хотимавӣ ҳамаҷониба мукаммал ва возеҳу равшан баён гардидаанд. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Воқеан ҳам, имрӯз ба баланд бардоштани маҳсулнокии чорво бе машғул шудан ба зотпарварӣ ноил шудан ғайриимкон аст. Ин вазифаи бевоситаи мутахассисони Вазорати кишоварзӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Ҳоло вазорат фармону дастур содир намекунад, балки сиёсати соҳаро муайян намуда, маслиҳат медиҳад, семинарҳои омӯзишӣ мегузаронад.

Муҳтарам Нусратулло Носирович! Барои хушзоткунии чорво ҳоло чӣ гуна иқдомҳо амалӣ шуда истодаанд?

Нусратулло МӮСОЕВ: — Вазорати кишоварзӣ бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои зотпарварӣ, заводҳои зотпарварӣ, фермаҳои чорвои зотии кишоварзӣ корҳои селексионӣ –зотпарвариро роҳандозӣ кардааст. Дар ҷумҳурӣ корхонаю заводҳои зотпарварӣ зиёд набошанд ҳам, кӯшиш карда мешавад, ки бо истифода аз имкониятҳо зотпарварӣ рушд дода шавад. Бо ин мақсад дар байни аҳолӣ кор бурда истодаем, то ин ки онҳо чорвои дар хоҷагии шахсӣ нигоҳубиншавандаро хушзот гардонанд.

РАИС: - Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

Олим САЛИМЗОДА: — Дар моддаи 1, ки «Мафҳумҳои асосӣ» ном дорад, мафҳуми «авлод» истифода шудааст, ки ба чорво нисбат додаанд. Авлод валад буда, ба инсон хос мебошад.

РАИС: — Кӣ ба ин эрод ҷавоб мегӯяд?

Рустам ЛАТИФЗОДА: — Ин мафҳум дар илми кишоварзӣ қабул шудааст ва он гурӯҳи муайяни дохилизотии чорвои кишоварзии якнасл буда, дар таркиби зот бо аломатҳои муайян фарқ мекунад.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одинаев Ҳаёт дода мешавад.

Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Ман ба муовини вазири кишоварзӣ савол додам.

Дар лоиҳаи қонун («Моддаи 1 Мафҳумҳои асосӣ») мафҳумҳои «Корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ», «Заводи зотпарварӣ», «Маркази зотпарварӣ» ва «Фермаи чорвои зотии кишоварзӣ» зикр шудаанд. Оё дар ҷумҳурӣ ин шаклҳои хоҷагидории зотпарварӣ вуҷуд доранд, ки онҳо бо чунин тартиб тасниф шудаанд?

Нусратулло МӮСОЕВ: — Бале дар ҷумҳурӣ ҳама шакли субъектҳои хоҷагидории дар лоиҳаи қонун зикршуда мавҷуданд ва дуруст тасниф шудаанд. Хусусияти фарқкунандаи фаъолияти онҳо низ мушаххас нишон дода шудааст.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар сохтори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон факултетҳои «Байторӣ» ва «Зооинженерӣ» мавҷуданд. Оё хатмкунандагони ин ду факултет ба масъалаҳои бордоркунии сунъии чорво шуғл меварзанд?

Нусратулло МӮСОЕВ: — Албатта. Хатмкунандагони ин ҳар ду факултет бо дарназардошти он ки хоҷагиҳои давлатии зотпарварӣ шумора­ашон кам буда, хатмкунандагони факултети «зооинженерӣ» аксаран тибқи ихтисос кор пайдо карда наметавонанд, ин кор асосан ба зиммаи байторҳо мебошад.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» яке аз талаботи рушди соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, зеро бидуни беҳ кардани зоти чорво ба зиёдшавии маҳсулоти соҳа ноил шудан мушкил аст. Вобаста ба ин, мехоҳам пешниҳод ба роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ иброз намоям.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ гӯсфанди зоти тоҷикӣ парвариш меёфт, ки ҳам гӯшт ва ҳам пашми зиёд дошт. Дар натиҷаи беэътиноӣ он зот амалан нест шуд. Ҳамчунин, он давра моли зотии калон аз Федератсияи Россия оварда мешуд. Онҳо тӯли 30 сол ба шароити Тоҷикистон мутобиқ шуданд. Акнун агар мо чорвои зотиро боз аз дигар кишвар оварем, солҳои зиёд зарур аст, ки онҳо мутобиқ шаванд. Чунин чорво ҳоло дар хоҷагиҳои шахсӣ мавҷуд аст ва бояд онҳоро харидорӣ карда, хушзот намудан лозим аст. Дар акси ҳол аз дигар ҷумҳурӣ ворид кардан ҳам маблағи калон талаб мекунаду ҳам вақти зиёд ба мутобиқшавии он сарф мешавад.

Дар мавриди истифодаи мафҳуми «авлод», ки ин ҷо баҳс рафт, зарур аст, ки мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фикри худро гӯянд, ки истифодаи он оё дуруст аст ё не.

РАИС: — Сухан оид ба ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.

АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) қайд намуда буданд, ки «…бо вуҷуди дастовардҳои муайяни соҳаи чорводорӣ, фаъолият дар ин самт беҳбудӣ мехоҳад. Дар робита ба ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти гӯшту ширӣ бояд ба масъалаҳои зотпарварӣ ва беҳтар кардани зоти чорво эътибори ҷиддӣ диҳанд».

Бояд қайд кард, ки баъди таҷдиди сохтори хоҷагиҳои давлативу коллективӣ ва табдил додани онҳо ба хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ барои рушди соҳаи чорводорӣ, хушзоткунии чорво ва зиёд намудани маҳсулнокии он, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ба чорвои хушзот ниёз доранд. Тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни мазкур пешниҳод гардидаанд, барои амалишавии гуфтаҳои боло заминаи устувори ҳуқуқӣ мегузорад. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қодирӣ, Д. Гулмаҳмадзода, Ш. Ҷамшед ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон А. Фелалиев, Т. Бухориев, Р. Қудратов, Х. Суфиев ва М. Сабурзода таҳия гардидааст.

Он бо мақсади тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолият вобаста ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он таҳия гашта, дар қиёс ба қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла» фарқиятҳои зеринро дар бар ­мегирад:

Дар боби 2 хусусиятҳои муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, муқаррароти ҷузъҳои таркибии фаъолият вобаста ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард, воридоту содирот, истифодаи партовҳо дар моддаҳои алоҳида мушаххас ифода гардидаанд.

Мақсад ва тартиби ташкили захираҳои давлатии ғалла дар лоиҳаи қонун ҳамчун боби алоҳида пешбинӣ шуда, таснифоти ғалла, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ­шаклҳои дастгирии давлатӣ ва самтҳои он, назорати давлатии муомилоти ғалла, талабот нисбат ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар моддаҳои алоҳида мушаххас ифода ёфтаанд, ки дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нагардида буд.

Лоиҳаи қонун аз 6 боб ва 34 модда иборат мебошад. Дар боби 1 — Муқаррароти умумӣ (моддаҳои 1 — 8) мафҳум, принсипҳои ташкили муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, бақайдгирии миқдору сифати ғалла, боби 2 (моддаҳои 9 — 16) муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, боби 3 иборат аз 6 модда (моддаҳои 18-22) танзим ва дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ифода ёфтаанд.

Дар боби 4 (моддаҳои 23-29) заминаи ҳуқуқии таъмини сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он, боби 5 (моддаҳои 30-31) ташкил ва таъйиноти захираҳои давлатии ғалла ва боби 6 муқаррароти хотимавӣ (моддаҳои 32-34) пешбинӣ шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2017 №1140 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Мутобиқи тартиби муқарраргардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он хулоса пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 23 ноябри соли ҷорӣ лоиҳаи қонун бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз 127 таклифу пешниҳоди ирсолгардида 97-тои онҳо пурра ва 18-тояшон қисман қабул шуданд.

Дар асоси хулосаҳои пешниҳодгардида, дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, мафҳумҳои моддаи 1 мушаххас гардонида, моддаи 5, қисми 1 моддаи 20, моддаҳои 21 ва 26 хориҷ карда шуд.

Аз шумо хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат дода мешавад.

Шавкат Бобозода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо мақсади рушди соҳаи коркарди ғалла, истеҳсоли маҳсулоти он, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аз ғалла истеҳсолшаванда, бо дарназардошти амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии давлатӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, таҳия гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати хӯрокворӣ, хусусан соҳаи коркарди ғалла, бинобар мавқеи калидӣ доштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятнок муайян гардидааст. Вазорати саноат ва технологияҳои нав фаъолиятро дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, хусусан соҳаи коркарди ғалла, ба таъмини устувор ва кафолатноки аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизогии бехатар ва дорои сифати баланди дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсолшаванда равона месозад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати хӯрокворӣ тавассути омодасозии кадрҳои баландихтисос, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, бунёди корхонаҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашудаи рақобатпазир рушд меёбад.

Бо дастгирии вакилони мардумӣ аз соли 2008-ум 10 фоиз муқаррар гардидани андоз аз арзиши иловашуда барои гандуми воридотӣ шароити мусоид барои рушди истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои коркарди ғалла гардид. Маҳз ин дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони истеҳсолӣ боиси рушди соҳа ва тадриҷан коҳиш ёфтани воридоти орд ба ҷумҳурӣ шуд. Масалан, воридоти орд аз 360,3 ҳазор тоннаи соли 2012 ба 88,8 ҳазор тонна дар соли 2016 кам шуд, ки нисбат ба соли 2012 чор маротиба ва ё 272 ҳазор тонна кам мебошад. Ҳоло дар мамлакат 65 корхонаи нави муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи муосири ордбарорӣ бо иқтидори умумии коркарди 2,5 млн. тонна гандум дар як сол фаъолият мекунанд, ки талаботи бозори ҷумҳуриро пурра таъмин карда метавонанд. Масъалаи зиёд намудани истеҳсоли ғалла ва коркарди маҳсулоти он яке аз масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад.

Орди истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ дар таъмини бозори истеъмолии дохили мамлакат ба 92 фоиз рост меояд ва ҳиссаи воридоти орди гандумӣ аз хориҷи мамлакат 8 фоизро ташкил медиҳад. Вобаста ба талаботи афзудаистодаи аҳолии мамлакат ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти он ба меъёрҳои ғизои ҳаррӯза, таъсиси иқтидорҳои нав шарти муҳим мебошад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар марҳилаи таҳия ва баррасии лоиҳаи қонуни мазкур иштирок намуд ва аксарияти таклифҳои он дар лоиҳа ба инобат гирифта шудаанд. Боварӣ дорем, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ба талаботи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷавобгӯ буда, татбиқи амалии он ба таҳкими заминаи ҳуқуқии соҳа ва рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат хоҳад кард.

Аз шумо – муҳтарам вакилони арҷманд хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муртазоқулов Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ: — Мо ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун бо муаллифон оид ба масъалаи ғанӣ гардонидани орди гандумӣ суҳбат доштем. Муаллифон ин масъаларо ҷонибдорӣ карданд, вале изҳор доштанд, ки онро Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ намекунад. Бо истифода аз фурсат аз вазири саноат ва технологияҳои нав пурсиданиям, ки назари вазорат дар иртибот ба ғанӣ гардонидани орди гандумӣ чӣ аст?

Шавкат БОБОЗОДА: — Мо ин масъаларо ба тариқи корӣ дида мебароем. Ҳоло мо ба ин кор розӣ шуда наметавонем. Имрӯз зарурати ҳимояи корхонаҳои ватанӣ ба миён омадааст ва аз лиҳози иқтисодӣ низ инро ба эътибор бояд гирифт. Мо тамоми гандуми воридотиро ҳамчун гандуми озуқаворӣ ворид мекунем ва ин навъи гандум аз андоз озод аст, ҳол он ки қисми зиёди он барои хӯрокаи чорво низ истифода мешавад.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бухориев Толибек дода мешавад.

Толибек БУХОРИЕВ: — Ман мехоҳам зикр кунам, ки гандум ягона зироатест, ки дар он усулҳои нави биотехнологӣ камтар истифода мешавад. Тибқи қонун низ воридоти гандуми гибридшуда манъ аст, зеро ин ҷо масъалаи амнияти давлат ба мадди аввал мебарояд. Гандуме, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, ба ҳама талаботи умумибашарӣ мутобиқ ва ҷавобгӯй буда, он аз ҳар ҷиҳат ташхис мешавад.

Дар мавриди ғанигардонии орди гандум. Ин масъалаи дигар аст ва чуноне хабар дорам, дар ин бора лоиҳаи қонун омода ва ба вазорату идораҳои марбута фирис­тода шудааст, ки мавзӯи алоҳидаи баҳс хоҳад буд.

РАИС: — Оид ба ин масъала ­сухан ба Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Масъалаи мавриди баррасӣ басо муҳим буда, ба амнияти озуқаворӣ робитаи мустақим дорад. Мақсади асосии қонун аз ташкили истеҳсол ва тайёр кардани маҳсулоти ғизоии ғалладона иборат мебошад. Вақте сухан дар бораи амнияти озуқаворӣ меравад, бояд ба сифати тухмӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Бинобар ин, пеш аз истифода тухми ғалладона дар лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир аз санҷиш гузаронида шавад. Як чизро мехоҳам зикр намоям: Агар инсон дар як шабонарӯз 500 грамм нони хушсифати гандумӣ истеъмол намояд, 64 фоизи организми ӯ бо аминокислотаҳои зарурӣ таъмин мешавад.

Чанде пеш дар рӯзномаи «Садои мардум» мақолаеро мутолиа кардам. Дар он навишта шудааст, ки дар анборҳои ҶДММ «Суғдиён», воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, 1200 халта орди муҳлаташ гузашта ошкор шуда, 180 халтаи онро бо орди муҳлатдор омехта карда, ба соҳибкор фурӯхтаанд ва ба ин васила ба ӯ 25 ҳазору 200 сомонӣ зарари молиявӣ расонида, орди боқимондаро дар анбор бо ҳадафи фурӯхтан нигоҳ доштаанд. Ин гуна шахсон сазовори ҳар гуна ҷазоанд, зеро бо ин амал ба саломатии инсон зарар мерасонанд.

Лоиҳаи қонун хеле муҳим аст ва аз шумо хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ равона гардида, асос­ҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муомилоти ғалла ва коркарди онро муайян менамояд. Он, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, ғаллакорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли ғалла, инчунин бо дарназардошти меъёрҳои стандартӣ амалӣ намудани муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар дохили мамлакат, беҳтар кардани ҳолати нигоҳдорӣ ва захираҳои он мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, дар лоиҳаи қонун талабот нисбат ба субъектони хоҷагидоре, ки бо муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо мушаххас муқаррар гардидааст.

Дар маҷмӯъ, мувофиқи муқаррароти лоиҳаи қонуни мазкур муомилот, танзим ва дастгирии давлатӣ, захираҳои давлатӣ, сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба танзим дароварда шуда, қабули лоиҳаи қонуни номбурда барои рушди соҳаи ғаллакорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани некуаҳволии халқ, кам намудани воридоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Бинобар ин, аз шумо хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Рӯзадор Муҳаббатшо дода мешавад.

Муҳаббатшо РӮЗАДОР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо дарназардошти имкониятҳои воқеии кишвар таҳия гардидааст. Хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан оид ба ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бухориев Толибек дода мешавад.

Толибек БУХОРИЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо мақсади тақвият бахшидани заминаи ҳуқуқии фаъолият, муайян намудани ваколатҳои мақомоти дахлдори давлатӣ  ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ғаллакорӣ, истеҳсол, коркард, истифодабарии он дар мамлакат ва муқаррар намудани талабот нисбати корхонаҳое, ки фаъолияташон ба ин соҳа вобастаанд, равона шудааст.

Масъалаи зиёд намудани истеҳсоли ғалла ва коркарди маҳсулоти он яке аз масъалаҳои хеле муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Барои пурра таъмин намудани талаботи аҳолии ҷумҳурӣ дар як сол на камтар аз 2,0 — 2,5 млн. тонна ғалла зарур аст. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 дар ҷумҳурӣ 1 млн. 435 ҳазор тонна ғалла истеҳсол шудааст. Инчунин, ба ҷумҳурӣ аз Қазоқистон ва Федератсияи Россия қариб 1 миллион тонна ғалла ворид карда шудааст. Новобаста аз он ки истеҳсоли ғалла солҳои охир нисбатан зиёд шуда бошад ҳам, ин эҳтиёҷоти аҳолиро пурра қонеъ карда наметавонад. Бинобар ин, зарурияти зиёд намудани истеҳсоли ғаллаи ватанӣ, коркарди маҳсулоти он, кам намудани воридоти ғалла аз берун, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, бунёди инфрасохторҳои он ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ бо истифодаи технологияи муосир ба миён меояд.

Бо дарназардошти ин, хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ