Қадамҳои хирадмандона ба сӯи сулҳу ваҳдат

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

24Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ барои муттаҳид кардани миллати тоҷик ва рушду такомул додани кишваре, ки дар вазъи сангину хатарнок қарор дошт, ҷамъ омаданд ва фарзанди фарзонаи миллат, ҷавони ҷасуру шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб карданд. Он айём якпорчагии давлат зери хавфу хатар қарор дошт. Қудратхоҳон кам набуданд.

Гурӯҳҳои ба ҳам зид касеро ­эътироф намекарданд, бояд ҳама чиз ба мақсаду маром ҳал шавад. Онҳо, пеш аз ҳама, аз худ метарсиданд. Гурги захмхӯрда ваҳшитарин ҳайвон ба ҳисоб меравад. Хусусан гурге, ки танҳо мемонаду аз ҳама ҳамҷинсонаш дур меафтад, ӯро касе дошта наметавонад. Он гурӯҳҳо гург буданд, гурги ваҳшӣ. Онҳо дар сурат одам буданд, ду даст, ду пой, ду чашм, даҳон, ду гӯшу бинӣ доштанд, вале пастфитрат, бадрафтор, бадгуфтор буданд.

Силоҳбадастон мисоли селоб хонаҳои одамонро ба коми нестӣ мекашиданду беҳтаринашро моли худ мекарданд, соҳибонашонро зӯран аз хонаҳо мебароварданду дар кӯчаҳо овораю саргардон мекарданд.

Ба доду фиғони кӯдакону занон нигоҳ накарда, бо мушту лагад ва қундоқи автомат зада, аз хона меронданд. Падарро бо писар, модарро бо духтар, дар ҳамсангарҳо муқобили якдигар гузошта, аз низоъҳои байни онҳо ба ваҷд меомаданду баҳори зиндагии онҳоро бемаҳал хазонрез мекарданд. Мардум аз тарс ба Афғонистон гуреза шуданд. Ҷавонон ба даст камон гирифта, тири заҳрогинашро барои сӯрох кардани синаи ҳамдигар истифода мебурданд.

Истиқлолиятро ҳамчун ­инъоми Худованд ба даст овардему аз шаҳдаш начашида, кишварро фарзандони бегонапараст ба коми ҷангӣ шаҳрвандӣ кашиданд.

Аз ин бесарусомониҳо душманони миллат ба кишвар сар халонданд. Ҷумҳурӣ бесоҳиб гашта буд, касе ба қонун итоат намекард.

 Дар ҳамон айёми мушкил қуввае лозим буд, ки ин ҳамаро дар як ҷо ҷамъ овараду бо ҳам муттаҳид кунад ва кишварро, ки рӯ ба пошхӯрӣ оварда буд, аз пошхӯрӣ наҷот диҳад. Дар назди роҳбари ояндаи давлат масъалаҳои басо муҳиму зарурӣ меистод, ки онро дар ҳаёт амалӣ намояду барои рафъи он аз ҳама имкониятҳо истифода барад. Бо инояти Худованд чунин роҳбар ба миллат насиб гашт.

Бале, вақте ки соли 1992 вакилон номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ пазируфтанд, аввалин суханони ӯ вакилонро ба якдилию якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ даъват намудан буд. Ӯ сари зону зада, Парчами давлатиро бӯсида, ваъда дод, ки то як гурезаи тоҷик берун аз марзи кишвар аст, ором буда наметавонад ва ҳама кӯшишу ғайратро ба он равона мекунад, ки ҳар яки онҳоро ба Ватан оварда, осудагии кишварро таъмин намояд. Кишвар бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон баъди муборизаҳо ва гуфтугузорҳои тӯлонӣ рӯ ба оромӣ овард. Соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, лекин то расидан ба сулҳу оштӣ мардуми тоҷик талафоти зиёд дод.

Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон, ин марди ҳақ дар асри талотумҳо, асри сангину хунин, асри гузаштан ба ҳазораи сеюм, ки замин дар зери даҳшати терроризм, ифротгаройӣ ва зери таъсири давлатҳои абарқуд­рати дунё ба ларза омадааст, тавонистанд кишварро аз хатарҳои ба он таҳдидкунанда нигоҳ доранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ваъда доданд, ки барои бун­ёди Тоҷикистон талош намуда, сохторҳои фалаҷшударо ба пой нагузорад, хазинаи тиҳигаштаро пур накунад, ашки чашми модари тоҷикро хушк накунад, худро ҳамчун Роҳбари давлат тинҷу ором ҳис карда наметавонад. Ҳамин орзую умедҳои нек буд, ки боварӣ ба худ ва миллату давлатро афзун намуда, дар қадамҳои устувор гузош­тани он нақши муҳимро бозида, барои равнақу ривоҷ ва пешравии соҳаҳои кишвар дар роҳи давлатсозию давлатдории навин асос гардиданд.

Ӯро, пеш аз ҳама, мушкилоти ба сари мардумомада азият медод. Дарду ғами онҳоро касе дарк карда метавонист, ки дили бузург, вале ҳассос, меҳру самимият, ақли солим дошта бошад.

Мегуфт, ки бояд ҳамеша андешаи хушбахтии халқро дар мадди аввал гузорем. Пешвои миллат мутмаин сохт, ки танҳо якдилӣ ва ҳамраъйӣ моро ба саодат мерасонад.

Одамон лаҳзаҳои зиндагиашонро бо чашму бо дидаи дилхоҳ менигаранд, вале намедонанд, ки Худованд барои онҳо чӣ муъҷизаҳо офаридааст. Ҳар касро аз рӯи аъмолаш, қисматаш хираду ақл додааст. Ҳар касе, ки онро то ба охир дарк ва эҳсос карда наметавонад, дар олами талотум ва беохири зиндагӣ ба мушкилиҳои сангин дучор мешавад. Инсон ҷузъе аз офариниши табиат аст. Ҳар касе, ки ба табиат даст боло мекунад, табиат ӯро мағлуб мекунад. Чунки табиат соҳиби худро дорад ва ин соҳиб Худованд аст. Ҳамаи инро Пешвои миллат дарк намуда, дар тарозуи ақл андоза мекарданд. Ифтихор мекарданд, ки халқ ба ӯ ҳамнишин, ҳамгуфтор, ҳамрадиф, ҳамақида ва ҳамнафас аст.

Сарвари ҷасуру нотарс, пеш аз ҳама, такя ба Худову миллат ва баландандешагии мардум намуда, хишти бинои давлатдориро дар асоси адолату адолатпарварӣ гузоштанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромаду муҳокимарониаш барои бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаю дунявӣ қудрат ва тавоноии худро харҷ менамуданду ақлу заковати худро барои ба зиндагии осудаҳолонаю, хушбахтии мардум ҳамчун қувваи тавоноӣ истифода мебурданд ва умри бобаракати худро дар амал тадбиқ намудани ин мақсадҳои наҷиб сарф мекарданд. Ӯ дар ҳамон лаҳзаи мушкилоти зиндагии мардуми ҷумҳурӣ инъоми Худодод буданд. Худованд ӯро аз шуҷоату ҷасорат баҳравар карда буд. Ӯ умеду орзуҳо, нияти нишонаҳои нек, зиндагии осудаю ояндаи хушбахтонаи мардуми азиятдидаро таъмин намуд. Пешвои миллат ҳама вақт мардумро ба шукргузорӣ ҳидоят карда, эҳтирому самимияти баландро ҳам дар дилу ҳам дар забон татбиқ менамоянд. Тоати даст саховату эҳсон ба фақирону бечорагон, муҳтоҷону дармондагон мебошад. Тоати пой рафтан ба мавқеи дарвешону зиёрати уламо мебошад, ки ҳамаи ин хислатҳои наҷиб дар симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳувайдост, чунки шукри ин мард дар асоси адл пойдор гаштааст.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон