Дар ҷараёни мулоқот тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Австрия баррасӣ гардид. Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор нахуст дипломати австриягиро аз номи Раиси Маҷлиси намояндагон хайра мақдам гуфта, ба ӯ дар бораи раванди фаъолият ва таърихи таъсиси парлумони касбии мамлакат маълумот дода, ташкили парлумони дупалатагиро аз дастовардҳои муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ кард.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки парлумони касбии мамлакат тайи солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст. Дар баробари ин, тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия низ барои мубодилаи таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд.
Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҳамчунин афзуд, ки мардум ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми қонунгузор ва намояндагӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, мунтазам ҷиҳати таъмини заминаи қонунгузорӣ дархосту пешниҳодҳо ирсол менамоянд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суҳбат таъкид кард, ки иштироки ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии ЕвроОсиё, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои ғанӣ гардидани таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳо мусоидат намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин таҳкими муносибот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, саноат, фарҳанг, технологияи муосир аз масъалаҳои асосӣ буданд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмии Президенти Австрия ба кишвари моро омили асосӣ ва тақвиятбахши ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳо маънидод кард. Ҳарчанд аз барқароршавии муносиботи дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия солҳои зиёд сипарӣ нашуда бошад ҳам, самараи ин равобит баръалост.
- Мавқеи кишварҳои мо дар бештари масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳалли мусолиматомези қазияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ муштарак мебошад, — гуфт Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор.
Мавсуф аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки муносибот дар ҳоли густариш қарор доранд ва мо бояд барои тақвияти ин равобит талоши бештар намоем.
Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар идомаи суҳбат ба меҳмон роҷеъ ба се ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ маълумоти муфассал дод.
Котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Австрия Михаэл Линҳарт нахуст табрикоти Раиси парлумони Ҷумҳурии Австрияро ба муносибати интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, таманнои пешрафту шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама бахшҳо намуд.
Мавсуф тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии таҳкими равобити байниҳамдигарӣ дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ кард.
Зимни суҳбат роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла мубориза бар зидди ифротгаройӣ, терроризму эктремизм ва маводи мухаддир изҳори назар карда шуд.
Дар мулоқот раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода иштирок намуданд.
Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон