Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№82 (4502) 05.07.2022

Дар бораи ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5

Мувофиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 дар ҳайати зерин ташкил карда шаванд:

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1

Раиси комиссия:

Носирзода Умедҷон Саидҷон  — муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон

Муовини раиси комиссия:

Некпаева Марзия Дурманчаевна  — раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Котиби комиссия:

Ватаншо Ҳабиб Гулбек — муовини якуми раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Аъзои комиссия:

Мирзобеков Азорабек Наврузбекович — мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Каримов Сабзқадам Муборакқадамович — мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Лундишоев Умед Назришоевич — роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Меҳмонов Навбуҳор Наврузович  — сармутахассиси Бахши омори ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 Қаландариён Ҳоким Сафар — директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ

Сафарализода Ёқуби Раҷабалӣ — мудири Шуъбаи рушди иқтисод ва савдои ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Муборакшоев Шамс Ҷангибекович- мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Назаршоев Саодатшо Рацушчович — сардори Муассисаи давлатии «Идораи роҳҳои автомобилгард»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

қароргоҳ — раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, хиёбони Ш. Шоҳтемур 111, кӯчаи М. Атобек 11.

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи ­аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5

Раиси комиссия:

Буриев Илҳомидин Шарифович  — сармутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи  маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ҳисор

Муовини раиси комиссия:

Ҷураев Беҳзод Муроталиевич — мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо ­кадрҳои Дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода

 Котиби комиссия:

Абдураҳимова Шоира Абдуғафоровна  — мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Аъзои комиссия:

Ҳисориев Зафар — роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Роғун

Салимзода Муҳаммадӣ Салим  — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ

Саидзода Шаҳло Саъдулло — сармутахассиси Шуъбаи маорифи ноҳияи   Шаҳринав

Давлатзода Раъно  — мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Давлатов Ҷамол Комилҷонович — сармутахассис, ҳуқуқшиноси Дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт

Назаров Идрис  Розиқович — сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо  кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод

Икромӣ Хуршед Маҳмазоит — роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш

Фархудинов Қадридин Алимаҳмадович — котиби Ҷамоати деҳоти «Чилдара»-и ноҳияи Сангвор

  қароргоҳ — бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон», шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 5.

Раиси Комиссияи марказии интихобот

ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии интихобот

ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон               Н. Самадзода

ш. Душанбе, 5 июли соли 2022, №176