Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба иваз намудани номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш

№156 (4576) 20.12.2022

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ноҳияи Лахш ба инобат гирифта шавад.

2. Номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба деҳаи Сариосиёб иваз карда шавад.

3. Номи деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба деҳоти Наврӯз иваз карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16-уми декабри соли 2022, № 350