Қарори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№99 (4049) 17.08.2019

Дар бораи даъват  намудани ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи зербанди м) банди 42 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунам:

То оғоз гардидани фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат даъват карда шаванд.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 16 августи соли 2019, № 9