Артиши миллӣ неруи пуриқтидори кишвар аст

№24 (4286) 23.02.2021

tnw427-RahmonovZ23-юми февралро мардуми шарифи Тоҷикис­тон на танҳо ҳамчун рӯзи муҳофизони Ватан, балки ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллии ҷумҳурӣ низ ҷашн мегиранд.

Ҳарчанд Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳарбӣ — сиёсӣ таъсис ёфт, вале дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои он барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолият омода гардиданд.

Таъсиси Вазорати мудофиаи кишвар низ дар душвортарин рӯзҳо, дар давраи авҷи шадиди ҷанги шаҳрвандӣ, сурат гирифт. Ҳамин аст, ки 23-юми феврали соли 1993 дар майдони марказии шаҳри Душанбе аввалин гашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол таҷлил мегардад.

Дар баробари ин, яке аз фармонҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 таҳти № 3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки барои фаъолияти низомиён шароити мусоид фароҳам овард. Дар марҳалаи аввал ҳадафи асосии ташкили Артиши миллии мамлакат ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъминоти зикршуда гурӯҳҳои муташаккилу зудамал ба арсаи вуҷуд қадам ниҳоданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат ба қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конс­титутсионӣ буд. Вақте ки дар кишвар вазъи ҷамъиятию сиёсӣ хеле мураккабу тезутунд гардида, алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ боло мерафт ва аз ин вазъияти мураккаби дохилӣ душманони беруна ҳар лаҳза метавонистанд истифода бурда, Истиқ­лолияти давлатии Тоҷикистонро зери хатар гузоранд, ташкили Артиши миллии мамлакат хеле саривақтӣ ва талаби замон буд.

Марҳалаи дуюм ва сеюм ҳаллу фасли корҳои ташкилӣ, муқаррар намудани вазифаҳову оинномаҳо, ташкили қӯшунҳои ҳарбиву ҳавоӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки баъдтар 27 июни соли 1997 дар шаҳри ­Москваи Федератсияи Россия байни Ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин баргузор гардид, маҳсуб меёбад.

Айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зерсохторҳои бехатарӣ, қувваҳои хушкигард, қаторӣ, ҳарбӣ — ҳавоӣ ва қувваҳои мобилиро низ соҳиб аст. Ҳоло қисмҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ аз якдигар ба куллӣ фарқ карда, аз рӯи принсипҳои артиши доимии тахассусӣ фаъолият менамоянд. Аз соли 2000 хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз шакли даъват, дар ду мавсим — баҳорӣ ва тирамоҳӣ сурат мегирад.

Баҳри боз ҳам устувортару қавитар гардонидан ва бартараф намудани баъзе аз мушкилоти ҷойдошта дар сохторҳо ва қабул ба сафи Артиши миллӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба ҳол аз ҷониби Сарвари давлат, Ҳукумат ва Маҷлиси Олии кишвар як қатор қарору қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Аз ҷумла, қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, 20 январи соли 2021 таҳти № 1753 қабул гардид, муносибатҳои ҷамъиятиву иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом медарорад.

Мутобиқи он хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳид­ҳои дигари ҳарбии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшаванда пешбинӣ мешавад. Дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

Дар асоси моддаи 4 қонуни зикр­гардида принсипҳои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ аз тартиботу риояи қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи интизоми ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ аз таҳдидҳои ҷиноятӣ ва кирдорҳои дигари ғайриқонунӣ, дахлнопазирии онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ, яккасардорӣ ва риояи мартабот, вобаста набудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ асос меёбад.

Уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро моддаи 5 қонун барои шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин, шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, муайян кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд мутобиқи қонуни зикршуда хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд.

Ҳамчунин, дар моддаҳои 6 ва 7 қонун афзалият ва кафолату ҷубронпулиҳо барои шаҳрвандон ҳангоми иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ муайян карда шудааст. Ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ афзалият дода мешавад.

Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ ё ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват (дохил) шудааст, то ба ҷойи хизмат расидан ва аз хизмат баргаштан бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озуқа ва маблағи дахлдор таъмин мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол баҳри баланд бардоштани эҳсоси ватандории ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо дар Паёмашон нуктаҳои ҷолибу раҳнамунсозро манзур менамоянд. Аз ҷумла, зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр карданд, ки вазъи ҳозираи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор шудааст. Бояд гуфт, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ беш аз даҳ ҳазор ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таълими низомии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, ҳамчун афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан – Модар содиқона хизмат доранд.

Ҳоло низ ҳазорҳо ҷавон дар чунин муассисаҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин, зарур аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро навсозӣ карда, бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем. Аз ин рӯ, аз ҷониби Вазорати мудофиа барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвияти фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ шаванд. Зеро баҳри таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвари азиз, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият Қувваҳои Мусаллаҳи иқтидорманд беш аз пеш муҳим аст.

РАҲМОНЗОДА Зоир Файзалӣ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин