Ҷашни пирӯзии фурӯғ

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

DSC_4315Наврӯз яке аз маҳбубтарину маъруфтарин ҷашни миллии мардуми мо буда, аз қаъри асрҳо ёдгор мондааст. Ба гуфти олими шинохтаи тоҷик, академик Акбари Турсун: «Нав­рӯз қадимтарин ҷашни соли нав дар ҷаҳон буда, решаи таърихии онро дар қаъри ҳазорсолаҳо ҷустан мебояд».

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш дар бораи таърихи ин ҷашни бостонӣ чунин мефармояд: «Чун Ҷамшед он рӯзи аввали мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардум онро бидонанд. Бингаристанд, ки он рӯзи бомдод офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, муъбадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд». Ин нуктаро Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш чунин баён кардааст:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро «Рӯзи нав» хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Дар замони шӯравӣ, ҳарчанд Наврӯз расман ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор намешуд, аммо дар деҳот онро мардум бо ҳар ном таҷлил менамуданд. Масалан, дар водии Ҳисор оинҳои наврӯзиро бо номҳои «Деги дарвешон», «Ҷуфтбаророн», дар Бадахшон ҳамчун «Шогуни баҳор» ва дар Хуҷанд бо номи «Сари соли нав» баргузор мекарданд. Чорабиниҳои наврӯзӣ, аз қабили суманакпазӣ, гӯштингирӣ, бузкашӣ, дорбозӣ ва шеъру сурудхонӣ низ дар маҳалҳо роиҷ буд.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон таҷлили Наврӯз шукӯҳу шаҳомати дигар гирифт. Чанд сол аст, ки ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар шаҳру навоҳӣ ва деҳоти кишвар Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ин ҷашни бостонӣ соли 1999 чунин ибрози назар намуданд: «Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёнажод буда, бо мурури замон ба ҷашни дар ҳақиқат халқӣ мубаддал шудааст. Халқи мо беҳтарин орзуву умеди худро қабл аз ҳама бо Наврӯз, яъне соли нави анъанавии аҷдоди хеш пайванд медиҳад. Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меорад».

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории як қатор кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ба монанди Эрону Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, 23-юми феврали соли 2010 Шӯрои 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Қатънома дар хусуси рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-ро қабул кард ва Наврӯз байналмилалӣ шуд. Акнун ин ҷашни бостонии мардуми моро на танҳо дар Осиёи Марказию Эрону Афғонистон, балки дар дигар кишварҳои дунё низ бо номи аслияш таҷлил мекунанд. Яъне, боз як истилоҳи тоҷикӣ — форсӣ ба захираи луғавии дигар халқҳо ворид гардид. Илова бар ин, ҳамватанони бурунмарзии мо ин идро якҷоя бо намояндагии дипломатии Тоҷикистон ва диаспораю ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия, Беларус, ИМА ва кишварҳои Аврупо таҷлил мекунанд. Ин ҷашни бостонӣ фурсати муносибест барои тарғиби таъриху фарҳанги пурғановати мардуми мо. Дар баробари ин, намояндагони дигар халқҳо бо сарулибос ва таомҳои хоси мардуми тоҷик ошно гашта, таваҷҷуҳашон барои дидани диёри бостонии мо — ватани Наврӯз зиёд мешавад.

147841129_d178cc1f24015f5479eb406eee5869cb_resizedАзбаски Наврӯз ба айёми зиндашавии табиат рост меояд, гандумкорию ниҳолшинонӣ яке аз русуми деринаи он ба шумор меравад. Чунончи, дар маросими «Ҷуфтбаророн» деҳқони таҷрибадоре дастаи юғу испорро мегирифту пири равшанзамире дар домани ҷомааш як миқдор гандум дар майдони наздикии Наврӯзгоҳ (ҷойи таҷлили Наврӯз) ба замин мепошид ва деҳқон ғалларо зери хок мекард. Ҳамин тавр, бо дуои пирони рӯзгордида мавсими киштукор оғоз меёфт.

Нуктаи мазкурро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шарҳу тавзеҳ додаанд: «Наврӯз дар тасаввур ва оини миллати қадимаи мо, умуман нажоди ориёӣ, иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст. Наврӯз, ки як иди хеле табиист, на танҳо ба дили мардуми ориёӣ, балки ба қалби халқу миллатҳои дигар ҳам ба таври ҷовидонӣ ­маскан гирифтааст. Ин яке аз далелҳои равшани нақши тамаддунсози миллати кӯҳанбунёд ва фарҳангии мост».

Агар ба фалсафаи Наврӯз бингарем, он башариятро ба сулҳу салоҳ, пок нигоҳ доштани пиндору гуфтор ва ҳифзи муҳити зист даъват мекунад. Аз қадимулайём тоҷикон дар арафаи Наврӯз расми «хонабарорӣ» ё «хонатаконӣ» доштанд. Дар арафаи Наврӯз тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва фаромӯш кардани кинаву кудурат аз ҷумлаи унсурҳои бузурги ин ҷашни бос­тонӣ ба шумор меравад, ки аз аҳамияти умумибашарӣ доштани он гувоҳӣ медиҳад.

Бо мақсади фаромӯш кардани ғаму андуҳ ва кинаю кудурат ниёконамон тарғиб менамуданд, ки дар Наврӯз хуррамӣ бояд кард, то тамоми сол нек бошад. Ин нукта дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём чунин таъкид шудааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузаронад».

Дар ҳақиқат, ҳеҷ як иде мисли Наврӯз чунин бонишот ва бошукӯҳу шаҳомат таҷлил намегардад. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Нав­рӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад».

Файзулло ҚОСИМӢ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон