Аз 197 вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 111 нафар дар қайди ҳаётанд

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Бино ба маълумоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 197 нафар вакили Парлумони мамлакат, ки зимни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоби вилояти Суғд (он замон Ленинобод) ширкат доштанд, 86 нафар вафот кардаанд. Инчунин, мутобиқи маълумоти масъулини шаҳру навоҳии мамлакат, 111 кас дар қайди ҳаёт буда, аз онҳо10 нафар дар хориҷи мамлакат зиндагӣ мекунанд.

 «Садои мардум»