«Ба масъалаҳои экологӣ бетафовут будан нашояд»

№35 (4297) 18.03.2021

DSC_0252Мусоҳиба бо раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ

- Вазифаҳои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон аз чӣ иборат аст?

- Аз дастгирӣ ва тақвияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, паст кардани шиддати таъсири тағйирёбии вазъи экологӣ ва дар ин самт таҳлили мунтазами вазъи экологӣ, таҳлили қонунгузории соҳа, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо сох­торҳои давлатию ҷамъиятии соҳа ва ташкилотҳои байналмилалӣ.

- Ба андешаи Шумо, чаро иқлим тағйир ёфт?

- Мутахассисон яке аз сабабҳои асосии гармшавии ғайримуқаррарии иқлимро ба пайдоиши омили нави иқлимӣ — ҷамъшавии (консентратсияи) бемислу монанди гази ангидриди карбон (СО2) ва метан дар атмосфера нисбат медиҳанд. Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки гази ангидриди карбон (СО2) дар атмосфера бештар дар 40-50 соли охир хурӯҷ кард.

Баландшавии якбораи ҳарорати ҳаво ба сӯхтани канданиҳои фоиданок ва аз байн бурдани ҷангалзор алоқаманд буда, аз сабаби он ки партови газҳоро дар муҳлати кӯтоҳ кам кардан имкон надорад, инсониятро гармшавии боз ҳам бештари ҳарорати ҳаво интизор аст.

Бисёр олимон сабабҳои гармшавии иқлимро офтоб ва тағйир­ёбии ҳарорат дар уқёнуси Ором медонанд. Вале ҳоло таъсири ҷамъшавии газҳои гулхонаӣ дар атмосфера нисбат ба радиатсияи офтобӣ 10 маротиба бештар аст.

- Чӣ кор бояд кард то иқлим ба самти мусбат тағйир ёбад?

- Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдориро аз коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера изҳор дошта, ҳар чӣ бештар истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар раванди рушди «иқтисоди сабз»-ро ҷонибдорӣ намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 изҳор доштанд: «Кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 — умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.

Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафар аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиб дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.

Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика мусоидат менамояд.

Хотирнишон месозам, ки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, захираҳои об, яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди «энергияи сабз» ва рушди «иқтисоди сабз» ба ҳисоб меравад.

Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи «энергияи сабз» шомил мегардад».

Коршиносони тоҷик муътақиданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мушкилоти тағйирёбии иқлим муносибати хеле ҷиддӣ дорад ва барои мутобиқшавӣ ба он тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.

Бояд масоҳати ҷангалзорро зиёд намоем, зеро дарахт дар як сол ба ҳисоби миёна то 913 килограм оксиген ҳосил намуда, то 220-230 килограм гази карбонро фурӯ мебарад. Ҳоло се дарсад ҷангалзор дорем, ки 10 маротиба камтар аз меъёр аст. Ҳол он ки то солҳои 1947-ум масоҳати ҷангалзорҳои Тоҷикистон то 33 дарсад буд.

- Аввали моҳи марти соли равон Президенти кишвар зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба ­масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад…

- Сол то сол масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, аз ҷумла, беҳдошти вазъи муҳити зист, рушди энергияи «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, сарсабзу хуррамгардонии шаҳру диёр, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоссаи мақомоти давлатию фаъолони ҷомеаро талаб менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 доир ба гармшавии иқлим ва таъсири он ба кишвар сухан ронда, аз ҷумла, таъкид карданд, ки «ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла, дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо, тадбирҳо андешида шаванд».

КоллажДар мамлакат 13 ҳазор пир­яхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Чил соли охир беш аз 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Обшавии пиряхҳо, ки дарёҳои минтақаҳои Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунанд, метавонанд соҳаҳои энергетика ва кишоварзиро дар минтақа таҳти хатар қарор диҳанд.

Бояд зикр кард, ки кишвари мо доир ба мушкилоти глобалӣ ҳеҷ вақт бетараф набуд. Хусусан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз минбарҳои баланд вобаста ба мушкилоти гуногуни сайёра изҳори назар карда, бо пешниҳодҳои ҷолиб таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли онҳо ҷалб менамоянд. Пешниҳоди мавриди назар идомаи мантиқии ин раванд аст. Дар робита ба ин Сарвари давлат иброз доштанд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд.

Обшавии босуръати онҳо, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад оқибатҳои манфӣ дошта бошад.

«Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутаассифона, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст. Ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.

Бори аввал роҷеъ ба зарурати таъсиси Бун­ёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген пешниҳод ироа намуда буданд. Аммо таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба масъалаҳои муҳити зист хеле барвақт, солҳои 90-и асри гузашта зоҳир шуда буд. Масалан, 1 октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буданд, ки соли 2003 — «Соли оби тоза» эълон карда шавад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 соли байналмилалии «Оби тоза» эълон шуда, 29 август — 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Роҳбари давлат дар он форум, ҳамчунин зикр карданд, ки мушкилоти оби тоза дар як сол ҳал намешавад. Аз ин рӯ, барои эълон кардани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об-барои ҳаёт» ба иштирокчиёни форум пешниҳод ироа намуданд.

Муҳим он аст, ки Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатънома қабул карда, солҳои 2005-2015 — ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» эълон кард.

Таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри соли 2009 дар шаҳри Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген 7-8 декабри соли 2009 матраҳ гардид. Эълон намудани соли 2013 — «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (20 декабри соли 2010) низ ҷузъе аз ин раванд мебошад. Тибқи ташаббуси мазкур, 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Пешниҳоди дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ қабул гардид, эълони Даҳсолаи нави байналмилалии «Об — барои рушди устувор» мебошад.

- Заминаи ҳуқуқии соҳаи экология ва муҳити зист аз кадом қонунҳо таркиб ёфтааст?

- То ин вақт як қатор қонунҳо, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳавои атмосфера», «Дар бораи энергетика», «Дар бораи сарфаи энергия», «Дар бораи фаъолияти гидрометеорологӣ», қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Дар ҳамкорӣ бо дигар субъектони дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Кодекси экологии Тоҷикистон таҳия шуда, ба тасвиб расидани он, ки маҷмӯи қонунҳои соҳаро фаро мегирад, фаъолият дар самти мубориза ба тағйирёбии иқлим мушаххастар мегардад.

Санадҳои байналмилалие, ки кишвари мо онҳоро эътироф кардааст, ҷузъи низоми ҳуқуқии кишвар мебошанд. Яке аз онҳо Тавофуқномаи Париж доир ба иқлим мебошад, ки 12 декабри соли 2015 дар сессияи Конференсияи 21-уми «Тарафдорони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим» дар пойтахти Франсия шаҳри Париж бо иштироки сарони мамлакатҳо, аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардид. Парлумони Тоҷикистон тавофуқномаи мазкурро 16 феврали соли 2017 ба тасвиб расонид ва Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳои батасвибрасидаро ба Депозитарияи СММ пешниҳод кард.

Вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар конференсияи Париж Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудааст. Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Дар давоми 30 соли охир аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 1000 пирях нобуд шудааст. Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боис ба афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. Танҳо тобистони соли равон бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолии Тоҷикистон ва иқтисодиёти мамлакат садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расид».

Пешвои миллат иброз доштанд, ки: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то имрӯз барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалии худ ва котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим фаъолона ҳамкорӣ менамояд».

- Тобистони соли гузашта Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» озмун эълон кард. Мақсад чист ва тартиби иштирок дар он чӣ гуна аст?

- Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 «Дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» озмун эълон гардид. Мақсад аз он тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология, инъикоси масоили экологӣ, ҷалби гурӯҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносону мутахассисон ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ мебошад. Озмун аз 1 июли соли 2020 оғоз ёфта, то 1 июни соли 2021 идома меёбад.

Ҳайати комиссияи озмун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, шартҳои он тавассути рӯзномаи «Садои мардум», сомонаҳои интернетии www. parlament.tj, www.ecomission.tj ва ғайра эълон гардид.

Ба озмун бояд асару мақолаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гарданд. Шумораи асару мақолаҳои ба он пешниҳодшаванда маҳдуд нест.

Мақолаҳо бояд мавзӯъҳои «30 соли Истиқлолияти давлатӣ — қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист», тағйирёбии иқлим ва чораҳои пешгирии он, мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқибатҳои ногувори экологӣ, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, энергетика ва рафъи камбизоатӣ, тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии партовҳо, нақлиёт ва ҳифзи ҳавои атмосфераро инъикос намоянд.

Аъзои комиссия ҳангоми баррасии асару мақола, нигориш, филм, асари илмӣ ба моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқати он ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба чоп расонидани он дар нашрияҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, берун аз он ва вокуниши хонандагон ба онро ба назар мегиранд.

Тайи як соли охир аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ нашр шудаанд, ки ифодагари сиёсати оқилона ва дурбинонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зисти сайёра ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар кишвар мебошад.

Мақолаҳои Ҳаёт Одинаев «Истифодаи оқилонаи об — омили таъмини рушди устувор», Зуфар Исмоилзода — «Чаро иқлим тағйир меёбад?», Файзулло Наҷмиддиниён бо номи «Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудаанд, аз он ҷумлаанд.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»