Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ба қонун «Дар бораи иттилоотонӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд

№149 (3943) 15.12.2018

DSC_2279Дувоздаҳуми декабри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

РАИС: — Вакилони мухтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»

2. Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018»

3. Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2019.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Бобоева Гулнора Исломовна дода мешавад.

Гулнора БОБОЕВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоо­тонӣ» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоева Гулнора ва Саидзода Ҷамшед пешниҳод ва бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Он бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бахусус, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», инчунин бартараф сохтани мухолифати меъёрҳои ҷойдошта пешниҳод шудааст.

Сабаби асосии ворид намудани тағйирот зарурати истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мантиқи ҳуқуқӣ ва мутобиқати дохилии қонуни амалкунанда, инчунин мусоидат барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун мебошад. Тибқи лоиҳа, ба қонуни амалкунанда ворид намудани зиёда аз 60 илова пешбинӣ шудааст, ки асосан хусусияти таҳрирӣ, муайянкунанда, танзимкунанда ва мутобиқкунанда дошта, меъёрҳои қонуни амалкунандаро мукаммал мегардонанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмили он 50 таклифу пешниҳод карданд, ки аз онҳо 41 таклиф пурра ва 5 таклиф қисман қабул шуд.

Кумитаи масъул 16 октябри соли 2018 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳоро баррасӣ намуда, бо дарназар­дошти пешниҳодҳои шумо, муҳтарам Раис лоиҳаи қонунро такмил бахшид ва бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқа кард.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала- «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» шурӯъ менамоем. Сухан ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабиров Мизроб Саидович дода мешавад.

Мизроб КАБИРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун мақоми иҷроияи Маҷлиси намояндагон дар соли 2018 баҳри татбиқи сиёсати созанда ва иқдомҳои тамаддунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро ҷиҳати рушду нумӯи қонунэҷоднамоӣ ва парламентаризми муосир равона сохт.

Дар иртибот ба ин қайд менамоем, ки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин дар тайёр кардани лоиҳаи қонунҳо, ҷаласаҳои Шӯро ва иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон, омодагиҳо дар баргузоршавии муҳокимаҳои парламентӣ, сафарҳои хизматии вакилон ва иштироки онҳо дар ҷаласаҳои созмонҳои байналмилалӣ, чорабиниҳои оммавии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он саҳми назаррас гузоштанд.

Хизматчиёни давлатӣ ва ҳайати техникию хизматрасон баҳри таъмини корҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, коргузорӣ, таҳлилӣ, нашрӣ, молиявӣ, моддию маишии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ, сарфаю сариштакорӣ, иҷрои уҳдадориҳои хизматии мансабҳои холӣ, корҳои мураккаб ва таъҷилӣ, пешвозу гусели меҳмонони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, иштироки фаъол дар ҳашарҳои идоравӣ, кабудизоркунии бинои Маҷлиси Олӣ фаъолияти самаранок доштанд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017 сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагонро барои соли 2018 тасдиқ намуд. Маблағи ҷудошуда модда ба модда дар сметаи хароҷот тақсим гардид ва сарфи он дар асоси талаботи қонунгузорӣ ва таҳти назорати бевоситаи Вазорати молия сурат гирифт.

Дар ин хусус маълумотномаи муфассал бо нишон додани рақамҳои мушаххас ба шумо — вакилони арҷманд пешниҳод шудааст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Тақсими дуруст ва истифодаи мақсадноки маблағҳои Буҷети давлатӣ гарави фаъолияти самаранок ва натиҷабахши мақомоти давлатӣ ва сохторҳои онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳалли масъалаи мазкур салоҳияти мақоми олӣ ё мақоми болоии воҳиди ҳуқуқӣ аст. Дар мувофиқа бо принсипи мазкур, қабули сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли навбатӣ, тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон аз ҷумлаи салоҳияти Маҷлиси намояндагон мебошад.

Лоиҳаи сохтор, ­басти вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2019 аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бе ягон тағйирот дар сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон барои соли 2018 пешниҳод шудааст. Мутобиқи лоиҳа, басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 112 нафар, ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ 165 нафар муқаррар гардидааст.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», барои Маҷлиси намояндагон 19899000 сомонӣ ҷудо шудааст.

Маблағи умумии сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли оянда нисбат ба соли равон 2730050 сомонӣ зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маб­лағҳои зикргардида барои таъмини зарурати Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он кифоя мебошанд. Бовар дорем, ки Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд.

Лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2019 дар ҷаласаи якҷояи Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони оид ба иқтисод ва молия 4 декабри соли 2018 баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда шуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2019, тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагонро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2019» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ