Баҳри бақои зуррият чӣ гуна бояд бо бемориҳои сироятӣ мубориза бурд?

№ 06.06.2020

DSC_2014Ҷомеаи ҷаҳон рӯзҳои басо сангинро дар озмоиши мубориза бо вируси COVID-19 сипарӣ менамояд. Ошкор шудани сирояти беморӣ дар ҷумҳурӣ ва андешидани чораҳои пешгирии он нишон дод, ки роҳбарияти олии кишвар, ниҳодҳои дахлдори Ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, пиру ҷавон ва хурду калон зарару зиёни ҷонкоҳи коронавирусро эҳсос намуда, буҳрони беҳдоштиро зери назорати қатъӣ қарор додаанд. Баргузории беҳангома ва самимонаи иди саиди Фитри имсола баёнгари возеҳи сатҳи масъулиятшиносии шаҳрвандони кишвар мебошад.

Аммо савол ба миён меояд, ки барои пешгирии вабои марговар ва коҳиш додани шиддати паҳншавии он, дар баробари риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, боз кадом зарфиятҳои дар матни фарҳанги миллӣ ва динию ирфонӣ нуҳуфта вуҷуд дорад? Ва рафтору вокуниши неруҳои сиёсию идеологӣ дар муқобили ин хатари умумимиллӣ бояд чӣ гуна сурат бигирад?

Пӯшида нест, ки дар матни қиссаҳои асотирӣ ва нигориши рӯйдод­ҳои таърихи бостон аз оғози офариниши оламу одам масъалаи гирифтории инсонҳо ба мушкилӣ, офату андуҳ, шиканҷаву беморӣ инъикос ёфтааст. Вирус ва ангезандаи касалиҳои сироятӣ дар кураи Замин пеш аз офарида шудани инсон арзи ҳастӣ дошта, аз ғайри ҷойгузин шудан дар организмҳои дигар вуҷуд дошта наметавонис­таанд. Дар таърихи ташаккул инсоният борҳо ба душвориҳои фалокатбор, ба мисли бемориҳои хавфноки сирояткунанда, дастбагиребон шудааст. Аз ин ҷиҳат, дар шароити кунунӣ паҳн гардидани пандемия мантиқан бояд ҳамчун ҳолате пазируфта шавад, ки дар матни зиндагии рӯизаминӣ ҳамеша ҷойгоҳи ногузир доштааст ва инсоният барои бақои зуррият бояд ҳамеша бо он дар мубориза бошад.

Дар фарҳанги куҳани авастоӣ ва паҳлавии ниёгон ҳамин ҳолати нохушоянд зери мафҳуми ҷомеи «патёра» муаррифӣ шудааст. Ба маънои луғавӣ баёнгари ҳолатҳои андуҳу шиканҷа, душворию вазнинӣ, офату осеб, зиштию бадӣ. Вале ҳамчун исми истилоҳӣ он неруи бади нопадид ва махлуқи девмонанде аст, ки «аз пайи табоҳ кардан ва зоеъ сохтани осор ва офаридагони Аҳурамаздо падид омада бошад». Истеъмоли ҳамин мафҳум дар сарчашмаҳои муҳими насрию назмии дудмони Сомониён далолат бар он мекунад, ки бошандагони рӯи Замин, бахусус ниёгон, аз мавҷудияти ин қабил балоҳои фарогири осмонию заминӣ огоҳӣ доштаанд. Дар таърихномаи Табарӣ зимни гуфтори марбут ба офариниши олам омадааст: «Ва се ҳазор сол бигузашт бе офату патёра. Пас Аҳриман ва Патёра падид омад, андар бани Одам кор кард». Дар «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ, ки бештар достонҳои қаҳрамонӣ ва ҷангу набардро дар бар мегирад, вожаи зикршуда ­бисёр истифода мешавад. Чунончи дар байтҳои зерин омадааст:

Аз он чора Заҳҳок бечора буд,

Ки ҷонаш гирифтори патёра буд…

                         ***

Чу донӣ, ки аз марги худ чора нест,

Зи пирӣ батар низ патёра нест.

Илова бар ин, миллати тоҷик андаруни барномаи амали фарҳангсо­лории ҷашни Наврӯз зербинои устувори иҷтимоию иқтисодӣ, фаросати баланди беҳдоштӣ ва муносибати муваффақона бо табиатро ғунҷоиш додааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» дар баёни Наврӯз ном ниҳодани ин ҷашни мондагор менависад: «Бархе аз уламои Эрон мегӯянд: сабаби он ки ин рӯзро Нав­рӯз меноманд, аст, ки дар айёми Таҳмурас соиба (андуҳ) ош­кор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, дини худро таҷдид кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро Ҷамшед ид гирифт». Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки шаклгирии ҷашни Наврӯз ҳамчунин василае барои решакан кардани соиба, яъне рафъи ғаму андуҳ ва пешгирии сироятёбӣ аз беморию гирифторӣ муаррифӣ шудааст.

Минбаъд низ тоҷикон дар ҷуғрофиёии Мовароуннаҳр таҷрибаи андӯхтаи бештар доир ба шинохти таъсиргузо­рии замину осмон бо табиати фусункор, поксозии ҷойҳои зисти ҳамаистифодабаранда ва хонаҳои мардум доштанд.

Паҳлуҳои вежаи фарҳанги наврӯзии тоҷикон ҳангоми футӯҳот ва густариши ислом дар шаҳрҳои Варорӯд бозгӯкунандаи воқеияти бархӯрд, шинохт, мутобиқшавӣ ва омезиши хамирмояи тавҳиди исломӣ ва қудсияти Наврӯз дар сарзамини ниёгон аст. Ҳамин ду унсур барои сиришти фарҳанги нави миллӣ дар қабои сабзи наврӯзию исломӣ саҳм гузошта, дар муҳити давлатгустарии Сомониён фарҳанги пизишкию беҳдоштии Бӯали­бунёдро тақдими оламиён гардонид. Ва гумони ғолиб он аст, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, фаросати тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва пешгирии саривақтии ҳар гуна беморӣ, инчунин дар арафаи идҳои динӣ тоза кардани хонаву манзил ва сарулибос аз матни анъанаҳои наврӯзӣ дар фарҳанги мусулмонӣ пазируфта шудааст. Далели ин гуфтаҳо дар рафтори идонаи мардуми Осиёи Марказӣ то ҳол ба мушоҳида мерасад: онҳо нисбат ба дигар минтақаҳои мусулмонӣ дар арафаи идайн – Фитр ва Азҳо ба тозагии ботинию зоҳирӣ ва назофати беҳдоштии шахсӣ аҳамияти бештар медиҳанд.

Сазовори гуфтан аст, ки амирони сомонӣ ҷиҳати пазируфтан ва нақши ҳувиятсоз додани китоби муқаддаси мусулмонон ҳамчун хамирмояи муҳими фарҳангӣ ва динию эътиқодӣ корҳои арзишманд ба субут расонидаанд. Онҳо тавонистанд ҷанбаҳои амалии илми тибби «Бӯалӣ Синои дармонбахш»-ро бо маънавиёти малакутии «Қуръон» пайванди устувор бахшанд. Ҳамин платформаи беҳдоштии ба истилоҳ, «тибби рӯҳонӣ», дар муҳтавои китоби «Қонун фӣ-т-тибб»-и Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун дастурамал то асри XVII дар Аврупо хидмат кард ва то ибтидои асри XX дар кишварҳои Осиёи Марказӣ побарҷо боқӣ монд. Ногуфта намонад, ки дар доираи ҳамин мактаби тиббӣ бахши гиёҳдармонӣ низ дар минтақа густариш кард, ки шоҳасари «Захираҳои Хоразмшоҳӣ»-и Муҳаммад ибни Исмоили Ҷурҷонӣ (асри XII) намунаи барҷастаи он аст ва ҳоло ҳам моҳияти таърихию фарҳангӣ, илмию амалӣ, забонию истилоҳӣ ва фалсафию ирфонӣ гум накардааст.

Албатта, аз он даврони арзишҳои қурунивустоӣ асрҳо сипарӣ шуд, оламу одам дигаргун гашт, инсоният ба марҳалаи рушди бемайло­ни илму техника, табодули босуръати иттилоот ва технология­ҳои баланд ворид гардид. Илми тиб ҳам ба дастовардҳои сутудание ноил гардид. Дар доираи меъёрҳои гуногуни баҳогузории ченакҳои инсонӣ ҷаҳон ба Шарқу Ғарб, кишварҳои ҳафтгона, бистгона, рушдкунанда ва амсоли инҳо раддабандӣ шуданд. Мафҳумҳои наве, ба мисли глобализатсия, геополитика, терроризм, экстремизм, мигратсия бе тарҷума вирди забони бошандагони сайёра гардиданд. Сатҳи хизматрасо­ни­ҳо то андозае боло гирифт, ки дигар барои инсонҳо аз як гӯшаи дунё ба гӯшаи дигар рафтан дар ниҳояти осонӣ таҳаққуқ мепазируфт. Ҳамкорию ҳамгироиҳо байни давлатҳо хусусияти серҳаракатии сатҳи баланд касб намуд ва одамон хоставу ниёзҳоро дар шак­лу муҳтавои матлуб ва дар замону макони дилхоҳ бароварда мегардониданд.

Аммо баҳори соли равон паҳншавии бемории сироятии навъи нави коронавирус (COVID-19) ва пандемия эълон гардидани он аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурус­тӣ кишварҳои ҷаҳонро ғофилгир кард ва наб­зи ҳаёти ҷомеаи ҷаҳониро хира гардонид. Буҳрони вабо ошкор намуд, ки якбора ба беморӣ мубтало шудани шумораи зиёди аҳолӣ пешрафтатарин низомҳои тандурустии ҷаҳонӣ ва мудирияти беҳдоштии арзандаро оҷиз сохт ва ба душвории лояъқил мувоҷеҳ кард. Паҳншавии ногаҳонии пандемия ҳатто ҷаҳонбинии одамон ва пояҳои бунёдии муносибатҳои фард, ҷомеа ва давлатҳоро дигаргун кард. Ниҳоятан, буҳрони коронавируси COVID-19 ба мушкилии рақами яки ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гашт, ки набарди ноаёни таҳамтаниро бар зидди бақои инсоният эълон кардааст. Як муддат мардум барои раҳоӣ ёфтан аз банду балои вабо ва карантину маҳдудиятҳои пешбинишуда ба ҳама чиз бовар мекарданд ва ҳолатҳое иттифоқ афтоданд, ки суханони ҳикматбори Мавлоно боваркарданӣ намудор мешуданд:

 Сад ҳазорон найзаи Фиръавнро,

Баршикаст аз Мӯсие бо як асо.

Сад ҳазорон тибби Ҷолинус буд,

Пеши Исову дамаш афсӯс буд.

Сад ҳазорон дафтари ашъор буд,

Пеши ҳарфи уммие он ор буд.

Бо чунин ғолиб Худованде касе,

Чун намирад, гар набошад ӯ хасе.

Воқеан, агар ба таҳлили мазмуну ирфони ин байтҳо пардозем, баробари паҳншавии вабои фарогир дар нуқтаҳои доғи сайёра ба якборагӣ рафтори фиръавнии размандагон хомӯш гардид, як муддат одамон ҷангу ҷидол, ифротгароию амалиёти террористиро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурданд. Гӯё як чӯбаки олудаи бемории сироятӣ мисли асои Мӯсо ҳирси ҷангҷӯёнаи ифротгароёнро баршикаст ва мили туфангҳои онҳоро ба замин бархалонид.

Озмоиши маснӯӣ ё худрӯй будани пандемия илми тибби ҷаҳониро сахт дар ғафлат гузошт. Созмонҳои пешрафтаи беҳдоштии ҷаҳонӣ ба зудӣ натавонистанд дармону табобат ва тавсияву машварати исодаме пешниҳод намоянд, то мардум ҷон ба саломат баранд. Ва ба хулоса омаданд, ки бахши тандурустӣ, низоми беҳдоштӣ ва дорусозӣ ниёз ба ислоҳоти бештар дорад.

Аммо ба таътил афтодани ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули гуфтор кардани одамонро низ сахт маҳдуд сохт ва онҳоро гӯшанишин кард. Коршиносону мутахас­сисон, новобаста ба маълумоти фаровони дар ихтиёрдошта, ҷиҳати баёни моҳияти вабои ноаён оҷиз шуданд ва забонашон лол гашт. Аз ҳама бештар пайравони диёноти иброҳимия (яҳудият, масеҳият ва ислом) барои уқдакушоии муаммои ин андуҳи бузург ба китобҳои муқаддас муроҷиат карданро ҳам таҷриба карданд. Баъзан ҳатто андешаҳои хурофотӣ садо доданд, ки шояд нишонаи қиёмат ва ҷазову озмоиши илоҳӣ бошад. Яъсу навмедие падид омад, ки таърих чизе монанд ба онро ёд надорад. Ва ин машғулият ва масъулият барои мардони воқеан меҳанпараст ва нангу номуси ватандорист. Яъне, дар чунин вазъият бояд барои пойдории давлат, ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, амнияти марзу буми меҳан ва беҳдоштии дастаҷамъӣ ва «зану кӯдаки хурду пайванди хеш» ҳама аз як гиребон сар бароварем ва фаъолиятро дар доираи мантиқу идрок ҳамоҳанг созем.

Аз ҷониби дигар, паҳншавии пандемия нишон дод, ки барои «берун ҷастан зи банди ҳар макру ҳиял»-и он танҳо ба Холиқи Офаридгор, Давлату Ҳукумат, масъулиятшиносии фарду ҷомеа ва зарфиятҳои миллии пешниҳоди позаҳри мубориза такя намудан ба мақсад мувофиқ менамояд. Чунин масъалагузорӣ маънои онро надорад, ки бояд дастовардҳои илми тибби муосир ва табодули ҳамкориҳоро ҷиҳати дастрасӣ ба техникаву технология, доруворӣ ва кумакҳои гуманитарӣ сарфи назар намоем. Таҷрибаи якмоҳаи мубориза бо вируси навъи нави COVID-19 баёни возеҳи он аст, ки роҳандозии ҳамкорӣ бо кишварҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, баррасии роҳҳои муассири пешгирӣ ва мубориза ба муқобили он дар маркази фаъолияти кории Пешвои миллат ва гуфтугӯҳои телефониа­шон бо президентҳои кишварҳои хориҷӣ қарор гирифт. Чунин фаъолияти пурсамар, пеш аз ҳама, барои расонидани кумакҳои башардӯстонаи давлатҳои дӯст ба кишвар ва имзои созишномаҳои грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои фаврии муқовимат ба вируси COVID-19 дар мамлакат, ҳамоҳангсозии роҳҳои баргардонидани шаҳрвандон ба Ватан ва шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварҳояшон ба ваҷҳи писандида мусоидат кард. Вазорату кумитаҳо низ аз тариқи баргузор намудани видеоконфронсҳо ва вебмашваратҳои тахассусӣ бо табибону вирусологҳои сатҳи ҷаҳонӣ барои дастрас намудани техникаву дастгоҳҳои зарурӣ, доруворӣ, ниқобҳо ва маҳлулҳои антисептикӣ, инчунин даъвати табибону коршиносон ҷиҳати табодули таҷрибаи андӯхтаи табобатӣ ва бунёди беморхонаҳои иловагии касалиҳои сироятӣ ба дастовардҳои назаррас комёб шуданд. Тафаккуру муносибат ва дастгирии моддию маънавии аҳолӣ ба кормандони тиб ба таври мусбат тағйир ёфт ва мардум сари вақт муроҷиат намудан ба онҳоро авлотар донистанд.

Дар заминаи андешаҳои баёнгардида пешниҳоди баъзе аз натиҷаҳои таҳлилӣ вобаста ба масъалаи паҳншавии пандемия ва сатҳи масъулият­ши­но­сии фард ва ҷомеаро дар шакли зерин баён менамоем:

Якум, баробари бақайдгирии ҳолатҳои сироятёбӣ аз беморӣ дар ҷумҳурӣ, мутаассифона, як муддат вазъияти буҳронӣ, рӯҳафтодагӣ, паҳн кар­дани овозаҳои носанҷида, қайсарона хулоса баровардан, носазо гуфтан дар ҳаққи ниҳодҳои давлатӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба мушоҳида расид. Ин қабил рафторҳо боис гардид, ки мардум нисбат ба саломатӣ камаҳамият шаванд, ба қоидаҳои беҳдоштӣ таваҷҷуҳи казоӣ зоҳир нанамоянд, эҳтиёткориро дар муносибат ба ин вабо суст гардонанд. Бисёрӣ бехабар аз он ки балвову буҳтон ва ҳангомаву овозаҳои беасос паҳн кардан сахттар ва зарарноктар аз он аст, ки шахсро ба қатл расонӣ. Таҷрибаи мубориза бар зидди коронавирус дар ҷаҳон собит намуд, ки ҳамоҳангӣ дар кору фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва аҳолӣ, ­риояи тавсияи ниҳодҳои тандурустӣ ва гигиенаи шахсӣ, дурӣ ҷустан аз ҳамдигар ва истифодаи ниқобу маҳлулҳои антисептикӣ гарави сабук гузаронидани буҳрони эпидемиологӣ ва тадриҷан ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштани онҳо шуда истодааст. Дар пояи роҳандозии чорабини­ҳои қатъии Ҳукумат дар кишвар ба зудӣ муносибати мардум ба оқибатҳои ҳалокатбори беморӣ тағйир ёфт. Омили муҳими равонӣ ва эътиқодӣ низ ба он таъсиргузор гардид. Вақте ки мардум дафни ғайримаъмулии аз беморӣ фавтидагонро диданд, ҳушёр шуданд ва дар фикри саломатӣ афтоданд. Пешвои миллат ҳамин қабил тағйиротро бо хушнудӣ қайд намуданд: «Дар ҳоле ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст».

Дуюм, бояд ба эътибор гирифт, ки ҳеҷ як давлату ҳукумат барои коҳиш ёфтани саломатии шаҳрвандон ва паст шудани қобилияти коршоямии онҳо манфиатдор нест. Ва нигоҳ доштани ҳолати саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, ба худи ӯ вобаста аст, фарҳанги саривақтии табобати ҳар гуна беморӣ ҳатман натиҷаи хуб медиҳад. Нуқтаи назари ирфони мардумии дигар ҳам ҳаст, ки «вабо биёяд ҳам, аҷалрасида мемурад» гуфтаанд.

Аз ин рӯ, тобиши сиёсӣ додани масъалаҳо дар атрофи мубориза бо вабо аз мавқеи фарҳанги одамият нахоҳад буд ва ҳар гуна кӯшишҳо дар ин самт бояд камоли ҳамоқат, беадабӣ ва худонотарсӣ дониста шавад. Зарур аст, ки неруҳои созандаи ҷомеа барои ҳимояи манфиатҳои давлатдории миллӣ аз фитнаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои иғвоангез овоз баланд кунанд ва воқеиятро ба мардум расонанд.

Сеюм, ҷойи шубҳае нест, ки риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо вабост. Ҳамчунин, ба инобат гирифтани суннату анъанаҳои тибби миллӣ ва роҳҳои дар зершуури мардум боқимондаи шифобахшии мардумӣ низ бояд дар ин вазъият таъсири гиро пайдо кунад. Дар минта­қаҳои гуногуни кишвар ҳангоми пайдо шудани ҳар гуна касалиҳои вабомонанд истеъмол ва дуд кардани гиёҳҳои алоҳида­ро тавсия медоданд. Дар шароити кунунӣ яке аз роҳҳои илоҷи воқеа ва фурсати муносиб барои эҳёи ин қабил дармонҳои аз нигоҳи экологӣ тоза хоҳад буд. Масалан, акнун як қисмати аҳолии кишвар дар бораи хусусиятҳои дармонбахшӣ ва зиддизукомӣ доштани гиёҳи ҳазориспанд огаҳӣ ёфтанд.

Чаҳорум, танҳо бовару эътиқод ба Давлату Ҳукумат, азми дурусту саъйи комил ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва роҳ надодан ба навмедию рӯҳафтодагӣ ба манзили мақсуд мерасонад. Сазовори ёдовар шудан аст, ки ташаббуси дурбинонаи Пешвои миллат ҷиҳати эълон кардани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» манфиатовар буданро дар шароити иҷбории гӯшанишинӣ ва карантини нарм бори дигар собит намуд. Он қисмати аҳолӣ, ки дар ин самтҳо машғулият доранд ва ё ақаллан дар шароити деҳот сарукоре бо қитъаи замин доранд, ин маҳдудиятҳоро ниҳоят осон сипарӣ менамоянд. Соҳаҳои дар боло зикршуда аксаран хусусияти фаъолияти инфиродӣ доранд ва барои риояи фосилаи иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Ва ниҳоят, панҷум миллати тоҷик дар тӯли таърих борҳо аз озмоишҳои сангин гузаштааст ва бо боварӣ метавон гуфт, ки дар муҳити фарҳанги шикебоӣ, силаи раҳм ва дасти ҳамдигарро гирифтан зимни парешонҳолию дармондагӣ бар «бемории сиёҳи нопадид» пирӯз мегардад. Пешвои миллат низ дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат раҳнамоиҳои умедбахш баён намуданд: «Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем». Аммо аз нигоҳи ирфонӣ, анҷоми мушкин дар замони гирифторӣ ҳатман шахсони накӯкору некандеш ва хайрхоҳу меҳанпарастро насиб хоҳад гашт: «Рӯзе, ки молу фарзандон фоида надиҳанд, лекин (соҳиби фоида) он кас бу­вад, ки дили солими беайбро пеши Худо биёварад» (Шуаро, 26:87/88).

Файзулло БАРОТЗОДА, раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон