Баргузории ҷаласаи комиссияҳои доимии АП СААД

№29 (4291) 04.03.2021

DSC_4963Дуюми марти соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзо, намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ ва СААД Бахтовар Сафарзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлуда Мирзозода, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Толиб Азимзода ва Маҳмадраҳим Юсуфӣ аз тариқи фосилавӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

DSC_4974Таъкид гардид, ки таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти СААД, афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзоро тақозо менамояд. Иштирокчиён, ҳамчунин, якчанд қонун ва санади тавсиявиро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи онҳо қарор қабул карданд.

Дар хотима нақшаи корӣ оид ба фаъолияти минбаъдаи Ассамблеяи парлумонии СААД дар самти қонунгузорӣ муайян карда шуд.