Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Бо пешниҳоди Ҳукумати мамлакат сарҳади шаҳри Душанбе тағйир ёфт

№49-50 (4311-4312), 51-52 (4313-4314) 20.04.2021

DSC_8731

Шонздаҳуми апрели соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳиш менамоям, бо истифода аз системаи электронии овоздиҳӣ, аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар толор 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Инчунин, дар иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шудаанд, ширкат доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои ташкили ҷараёни кор лозим аст, ки мутобиқи моддаи 102-юми ­Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.

Бо дарназардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда, пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 10 дақиқа, музокираҳо — 5 ва барои дар­хосту таклифҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Таклифҳои дигар набошанд, пешниҳодро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботро интихоб намоем.

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Одилбекова Лола  дода мешавад. Марҳамат.

Одилбекова Лола:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба ҳайати котиботи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ: Мирзозода Мусо (раис), Одилзода Дилбар ва Ҷабборӣ Бурҳониддин (аъзои котибот) интихоб карда шаванд.

РАИС: — Оид ба ҳайати котибот ва шумораи он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ҷойҳои муқарраргардидаро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

Инчунин, лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Оид ба он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1.  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

11. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе»

12. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон»

13. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод»

14. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Л. И.»

15. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Рустам»

16. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд  намудани Акрамзода Рустам».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 10 феврали соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он бо дарназардошти маром ва мартабаи ҳокимияти судӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, аз баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонунияту адолат, такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар иборат буда, бо ин васила ба як қатор моддаҳои қонуни конститутсионии амалкунанда, тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Тибқи мазмуни тағйиру иловаҳои воридшуда, матни савганди судя, инчунин, ба  таври мушаххас тартиби савгандёдкунии судя муайян гардида,   бо илова дар намуди сархатҳои сенздаҳум ва чордаҳум ба моддаи 18, минбаъд судяе, ки нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ мебошад ё дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ маълумоти бардурӯғ пешниҳод менамояд, аз вазифа бозхонд ё озод карда мешавад.

Дар робита ба талаботи моддаи 9, аз мазмуни тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 37 ва 53 бармеояд, ки  мувофиқан раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколат сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбарро ба кор қабул ва аз кор озод мекунанд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси шумораи судяҳо, сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳҳои судҳо пешниҳод ирсол менамоянд, кормандони дастгоҳро бо тартиби муқарраргардида барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.

Тибқи илова ба моддаҳои 38 ва 39, ҳалли масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судӣ ба зиммаи муовинони раиси Суди Олӣ, аз ҷумла раиси коллегияи ҳарбӣ, гузошта шуда, бо тағйир ба қисми 1 моддаи 63, салоҳияти раиси суди ҳарбии гарнизон дар самти ба кор қабул ва аз кор озод намудани хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии ғайринизомӣ ва хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ)-и суди ҳарбӣ, ба истиснои сардори шуъба, мушовир, пристави судӣ ва ёрдамчии раиси суд, муайян карда шудааст.

Ҳамчунин, бо тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 77, 83, 88 ва 91, ки бо дарназардошти такмили моддаи 37 ифода шудаанд, масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти дастгоҳи судҳо, кормандони онҳо, ки ба хизмати давлатӣ шомиланд, раванди пешниҳоду тасдиқи сохтор ва шумораи воҳидҳои корӣ танзим гаштаанд.

Инчунин, дар қисми 5 моддаи 131 (Кафолатҳои дигари моддӣ барои судя) калимаҳои «ба оилаи вай» ба калимаҳои «ба ӯ ва ё аъзои оилааш» ва дар қисми 2 моддаи 132 (Тадбирҳои ҳимояи иҷтимоии судя ва аъзои оилаи ӯ) калимаҳои «ба ворисони вай» ба калимаҳои «ба аъзои оилааш» иваз карда шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти мақомоти судӣ ва пешбурди адолати судӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи «Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 3 марти соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он бо дарназардошти нақш ва мароми мақомоти адлия дар низоми дастгоҳи давлатӣ аз муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, сохтору ваколатҳо ва тартиби таъминоти мақомоти мазкур иборат буда, 7 боб ва 39 моддаро дар бар гирифтааст.

Боби 1 меъёрҳои вобаста ба  муқаррароти умумиро бо шарҳи мафҳуми мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  ва қонунгузории соҳа, инчунин принсип ва самтҳои фаъолияти мақомотро дар алоқамандӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи сис­темаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ғайра муайян намудааст.

Боби 2 бо фарогирии моддаҳои 5 — 14 муносибатҳои марбут ба сохтор ва ташкили фаъолияти мақомоти адлияро мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода, муқаррар кардааст, ки низоми он аз дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо, инчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар иборат буда,  низомнома ва ё оинномаҳои онҳо мувофиқан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ карда мешаванд. Тибқи низоми муайяннамудаи боби мазкур Вазорати адлия амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва идоракуниро дар соҳаи адлия таъмин ва фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар ҳамин соҳа ҳамоҳанг месозад.

Илова ба ин, вазифаҳои асосӣ, сохтор ва вазъи ҳуқуқии ташкилотҳои дигари мақомоти адлия бо боби мазкур ва низомнома ё оинномаҳои онҳо  муайян карда мешаванд.

Боби 3 бо фарогирии моддаҳои 15 — 27 ваколатҳои мақомоти адлияро дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, аз ҷумла баҳисобгирӣ, санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва апостилгузорӣ, хизматрасониҳои давлатӣ, таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

Дар боби 4 (моддаҳои 28 – 32) муайян шудааст, ки кормандони мақомоти адлия аз хизматчиёни давлатӣ, инчунин шахсони дигаре, ки муносибатҳои меҳнатии онҳо тибқи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд, иборатанд. Ба кормандони мақомоти адлия вобаста ба вазъ, мансаби ишғолкардаашон ва собиқаи меҳнатӣ (хизматӣ) мувофиқан рутбаҳои ҳарбӣ, махсус, дараҷавӣ ва тахассусӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, дар доира ва тартиби муайяннамудаи қонунҳо дода шуда, онҳо ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси расмиро, ки намунаи он тибқи тартиби муайян тасдиқ карда шудааст, доранд. Зимнан, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад.

Дар бобҳои 5 – 7 (моддаҳои 33-39) масъалаҳои марбут ба таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти адлия, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои муайяннамудаи қонунгузорӣ анҷом дода мешаванд, инчунин, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ва муқаррароти хотимавӣ мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолият ва рушди мақомоти адлия мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 10 феврали соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он бо дарназардошти тағйири сохтории мақомоти ваколатдори давлатӣ аз такмили муқаррароти алоҳидаи кодекси амалкунанда иборат буда,  бо ин васила ба сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 100 – уми  он, тағйиру илова ворид карда шудааст.

Тибқи тағйиру иловаи зикршуда, баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи заминсозӣ ва геодезӣ, ки дар қисми 2 моддаи 100 пешбинӣ гардидааст, минбаъд аз ҷониби сардори Сарраёсати назорати давлатии замин, сардорони шуъбаҳои ҳамин сарраёсат, роҳбарон ва муовинони роҳбарони сохторҳои мақомоти давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ва муовини ӯ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонун амалӣ карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили амалияи мурофиавӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 31 марти соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили муқаррароти алоҳидаи кодекси амалкунанда бо дарназардошти  сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ буда, бо ин васила, сархати сеюми қисми 2 моддаи 98 дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Мутобиқи тағйири пешниҳодшуда, минбаъд баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста ба риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, аз ҷумла дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ, автомобилӣ ва нақлиёти техникӣ, ки дар моддаҳои 287 ва 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи қонун мувофиқан аз ҷониби сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ  ва муовинони ӯ, сардорони шуъбаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори ҳамин сарраёсат, сардорони раёсатҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ, сардорони қисмҳои мустақил, тобеъ ва дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ  оид ба муҳофизати шаҳру ноҳияҳо, сардорони дидбонгоҳҳои тобеи қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои ҳаётан муҳим,  нозироти хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сардорони қисмҳои мустақил ва дидбонгоҳҳои тобеи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба иншоотҳои хоҷагии халқ амалӣ карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили амалияи мурофиавӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 31 марти соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили муқаррароти кодекс бо дарназардошти санадҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ буда, дар ин замина, ба моддаҳои 200 — 203, 205 289, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои кирдорҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо муайян намудаанд, инчунин, ба Замимаи 1 кодекс иловаҳо ворид карда шудаанд.

Иловаҳои мазкур минбаъд ҷавобгарии ҷиноятиро, дар баробари муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ барои муомилоти ғайриқонунии ҳаммонанди (аналоги) онҳо низ муайян намуда, дар эзоҳ ба моддаи 200 пешбинӣ шудааст, ки миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори кам, начандон калон ва махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки маводи ҳаммонанди (аналоги) онҳо мебошанд, мувофиқанд.

Инчунин, бо илова ба ҷадвали 1 Замимаи 1 кодекс, ки номгӯй ва миқдори воситаҳои  нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳои дар  муомилоти ғайриқонунибударо муайян намудааст, пешбинӣ шудааст, ки зери мафҳуми ҳаммонанди (аналоги) он — маводи муомилоташ манъшудае фаҳмида мешавад, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ҳамчун воситаи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо гурӯҳбандӣ нашуда, ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дохил нагардидааст ва сохтори химиявию хусусиятҳояш ба сохтори химиявӣ ва хусусияти маводи нашъаовар, ки таъсири психоактивӣ доранд, монанд мебошанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таъмини саломатии аҳолӣ ва пешгирии ҷиноятҳои марбут ба  воситаҳои  нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!      

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 10 феврали соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Тавассути қонуни мазкур ба моддаҳои 9, 11, 14, 22, 23, 351, 38, 60, 85, 1191 , 259 ва 369 КМҶ тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда, имлоӣ ва меъёриро дар бар гирифтаанд.

Тибқи тағйиру иловаҳои зикршуда, минбаъд меъёри уҳдадоркунанда доир ба қонуниву асоснок будани қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда пешбинӣ гардида, тибқи он, мақомоту шахсони мазкур дар доираи ваколат шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда, ё ин ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё рӯҳӣ ё дар ҳабс ё ҳабси хонагӣ зиёда аз муҳлати дар кодекси мазкур пешбинишуда нигоҳдошташударо бояд фавран озод намоянд. Инчунин, ҳуқуқи овардани шикоят аз амали (беамалии) шахсони ­масъул ё аз болои қарори суд, судя, прокурор, сардори воҳиди тафтишотӣ, муфаттиш, сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда, доира, муҳлату тартиби амалигардонии он ва ҳуқуқи сардори воҳиди марбутаро ҷиҳати дар ҳолати вайрон кардани талаботи кодекси мазкур дур сохтани муфаттиш аз пешбурди парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуда, ҳамчунин, бо тағйир ба моддаи 65 пешбинӣ шудааст, ки коромӯзон, ёрдамчиёни ғайривоҳидӣ ё ҷамъиятӣ ва кормандони воҳидии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наметавонанд шахси холис бошанд.

Дар робита ба ҳолатҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ, бо такмили моддаи 85 мазмуни исбот кардани чунин ҳолатҳо, бо илова дар намуди моддаи 1191 ва таҳрири қисми 1 моддаи 259 уҳдадории маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, муҳлат ва тартиби ирсол намудани шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро, аз ҷумла оид ба шиканҷа, дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин, шикоят овардан оид ба амал ва қарори корманди мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш ба прокурор ё суд, оид ба амал ва қарори прокурор ба прокурори болоӣ ё суд муайян гардида, мақсад ва асосҳои барои баррасӣ аз як суд ба дигар суди монанд супурдани парванда пешбинӣ карда шудаанд.

Хусусияти аз ҷониби раисикунандаи мурофиа эълон намудани ҳайати суд, тарафҳо ва тарҷумон, инчунин, фаҳмонидани изҳори рад намудан бо такмили қисми 1 моддаи 369 ба роҳ монда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили қонунгузории мурофиавӣ, раванди пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва кафолатҳои муайяннамудаи қонунгузорӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!      

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 7 апрели соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз пешгирии муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бо дарназар­дошти санадҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ иборат буда, бо ин васила, ба моддаҳои 2 ва 4 қонуни амалкунанда иловаҳо ворид карда шудаанд.

Тибқи мазмуни иловаҳо, таҳти истилоҳи «ҳаммонанди маводи нашъаовар» маводе фаҳмида мешавад, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ҳамчун воситаи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо гурӯҳбандӣ нашуда, ба Рӯйхати миллӣ дохил нагардидааст ва сохтори химиявию хусусиятҳояш ба сохтори химиявӣ ва хусусияти маводи нашъаовар, ки таъсири психоактивӣ доранд, монанд мебошад.

Дар ин робита, муайян карда шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти ҳаммонанди маводи нашъаовар манъ аст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таъмини саломатии аҳолӣ ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ­нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ», бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 феврали соли 2021 қабул намуда, бо мақсади мушаххас намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ қабул гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур, хориҷ намудани сархати нуҳуми моддаи 1 аз қонуни амалкунанда пешниҳод шудааст, зеро масъалаҳо вобаста ба «сертификатсияи ниҳолҳо» аз Вазорати кишоварзӣ ба Кумитаи навътаъсиси бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вогузор шуданд.

Илова бар ин, дар қонуни баррасишаванда, ваколат оид ба «таъмини назорати сифати ниҳолҳои сертификатсияшуда», ки дар сархати сенздаҳуми моддаи 6 қонуни амалкунада омадааст, ба ихтиёри Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гузошта шудааст.

Аз ин лиҳоз, дар қонуни пешниҳодшуда, сархати сенздаҳуми моддаи 6 аз қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» хориҷ гардидааст.

Ҳамин тариқ, қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои зимни мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷод ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2020 ва ба Академияи илм­ҳо додани мақоми миллӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 марти соли 2021 қабул кардааст.

Қонуни мазкур аз 7 боб ва 33 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии ташкил, фаъолият ва идоракунии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро муайян намуда, самтҳои фаъолият, вазифа, ваколат ва таъминоти молиявии онро муқаррар менамояд.

Боби 1 иборат аз 12 модда буда, масъалаҳои марбут ба муқаррароти умумиро дар бар гирифта, меъёрҳоро доир ба мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Академияи миллии илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом, ҳайат, сохтори ташкилӣ, оиннома, вазифаҳо, ваколатҳо, самтҳои асосии фаъолият, тартиби таъмини фаъолият ва бойгониҳои илмии Академияи миллии илмҳо, инчунин, ҳамкории он бо дигар субъектҳо ва иштирокдорони фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ мушаххас муайян кардааст.

Боби 2 бо фарогирии моддаҳои 13-18 вазъи ҳуқуқии аъзо, аз ҷумла, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷӣ, инчунин, кормандони Академияи миллии илмҳоро муайян намуда, муносибатҳоро дар самти интихоби аъзои Академияи миллии илмҳо, додани унвонҳои илмии академӣ, пардохти унвонпулии ҳармоҳаро танзим ва ҳуқуқу уҳдадориҳо, инчунин, тартиби ишғоли вазифаҳоро муқаррар намудааст.

Дар боби 3, ки фарогири 7 модда мебошад, муфассал мақоми идоракунии Академияи миллии илмҳо ва сохтори он муқаррар гардидааст.

Ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ба ҳайати Академияи миллии илмҳо дохил мешаванд, инчунин воситаҳои молиявӣ ва молу мулки Академияи миллии илмҳо дар боби 4 ва 5, ки моддаҳои 26-29 — ро дар бар гирифтааст, ба танзим дароварда шудааст.

Боби 6 аз 1 модда иборат буда, тартиби фаъолияти байналмилалии Академияи миллии илмҳоро пешбинӣ менамояд.

Боби 7 «Муқаррароти хотимавӣ» ном дошта, бо дарбаргирии моддаҳои 31-33 ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур, тартиби аз эътибор соқит донистани қонуни амалкунанда дар ин соҳа ва мавриди амал қарор додани онро муайян кардааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ­Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбон Ҳакимзода ва Мадина Набизода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 марти соли 2021 қабул намудааст.

Қонуни зикршуда бо мақсади татбиқи дастур ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати мусоидат барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун ва бартараф намудани камбудиҳое, ки дар фаъолияти маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷой доранд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳамин тариқ, мутобиқи қонуни мазкур ба моддаи 31 қонуни амалкунанда қисми дуюм илова гардидааст, ки он тартиби савгандёдкунии вакили Маҷлиси вакилони халқро мушаххас намудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе» оғоз мебахшем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 таҳти №46 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе»-ро дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар хусуси васеъ намудани масоҳати ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ карда шудааст.

Дар асоси замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 таҳти №46 гузариши хати сарҳади байни ноҳияҳои ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе, бо дарназардошти заминҳои воридшуда аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, тақсимоти майдони заминҳои он ба ноҳияҳои дахлдори шаҳри Душанбе чунин мебошанд:

1. Ноҳияи Фирдавсӣ — 54,48 км2;

2. Ноҳияи Исмоили Сомонӣ — 37,59 км2;

3. Ноҳияи Сино — 62,24 км2;

4. Ноҳияи Шоҳмансур — 48,86 км2.

Ҳамин тариқ, майдони умумии заминҳои шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ аз 126,6 км2 то 203,2 км2 афзудааст.

Маълумоти зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумита пешниҳоди зикршударо оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон» шурӯъ мекунем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 таҳти №47 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон» — ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Данғара, Фархор, Темурмалик ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷонибдорӣ карда шуда, он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгӯ мебошад.

Маълумоти зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Аз ин лиҳоз, Кумита пешниҳоди зикршударо оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод» оғоз мебахшем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 таҳти №48 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод» — ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод ҷонибдорӣ карда шудааст.

Зарурати иваз намудани номи баъзе ноҳияҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод, пеш аз ҳама, мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, маълумоти зарурӣ, тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо, оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод пешниҳод шудааст.

Кумита пешниҳоди зикршударо оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Л. И.» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Лутфулло Иззатулло бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Л. И.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Рустам» шурӯъ менамоем.

Доир ба масъала таклиф ё пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Рустам» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд намудани Акрамзода Рустам» оғоз мебахшем.

Доир ба масъала таклиф ё пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд намудани Акрамзода ­Рустам» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи моддаи 103-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Мирзозода Мусо дода мешавад. Марҳамат.

Мирзозода Мусо:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Унвонии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ягон ариза, барқия ё муроҷиат ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд. Доир ба рафти он таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

Ба шумо — аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ саломатӣ ва барори кор таманно дорам.

Бо ҳамин Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ