Муҳокимаи парлумонӣ

Бурду бохти барномаи миллӣ

№24 (4444) 22.02.2022

Рушди иҷтимоии ҷавонон дар кадом сатҳ қарор дорад?

DSC_2446Ҳабдаҳуми феврали соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилрабо Мансурӣ оид ба иҷрои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он вакилон, масъулини Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма ширкат карданд.

Дилрабо Мансурӣ дар оғоз аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба ҷавонон ёдовар шуда, гуфт, ки ҷавонон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ то ба ҳол дар ташаккул ва рушди муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ, аз ҷумла соҳибистиқлолии мамлакат ва ваҳдати миллӣ саҳмгузоранд.

- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон иброз намуданд, ки «татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло зиёда аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35 — сола ташкил медиҳанд. Мутобиқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, синну соли миёнаи аҳолии кишвар 22,5 солро ташкил медиҳад.

Бо сиёсати «Рӯ овардан ба ҷавонон – рӯ овардан ба оянда», бо пуштибонӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» татбиқ шуд.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Абдухолиқзода зикр кард, ки «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2019 – 2021», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 тасдиқ шудааст, баҳри беҳгардонии вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавию сиёсии ҷавонон равона гардидааст.

Барнома аз 10 самт иборат буда, вобаста ба иҷрои он аз 1 марти соли 2019 нақшаи маблағгузории чорабиниҳои барнома тартиб дода шуд, ки аз 72 банд иборат аст.

Дар даврони соҳиб­истиқлолӣ бо ташаббуси муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои он ҳама чора андешида мешавад. Агар дар соли 2019 синни миёнаи аҳолӣ ба 25 сол баробар бошад, ин нишондиҳанда соли 2021 ба 22 сол баробар гардид. Ин аз як тараф, агар хурсандиовар бошад, аз ҷиҳати дигар, дар назди масъулин барои фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ иҷрои вазифаҳои мушаххасро талаб мекунад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар нақша 23 банд ҷиҳати баргузории чорабиниҳо вобаста ба рушди иҷтимоии ҷавонон равона гардида, дар ин самт тадбирҳо андешида шудааст. Ҳамчунин, 14 банд дар нақшаи мазкур вобаста ба мақсад ва муҳтаво ба якдигар монанд буда, ташкили курсҳо ва чорабиниҳои омӯзишӣ дар самти интихоби шуғл, инчунин, мусоидат намудан ба дарёфти ҷойи кор, дастгирии ҷавонони имконияташон маҳдуд ва ҷавонони аз ҳабс озодгардидаро дар бар мегирад, — изҳор дошт вай. Барнома баргузории чорабиниҳо дар самти маърифатнокии ҳуқуқию иҷтимоии ҷавонон, омилҳои поймолгардии ҳуқуқу манфиатҳои ҷавондухтарон, даст задани ҷавондухтарон ба кирдорҳои номатлуб пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва амсоли инҳо нақшабандӣ шуда, корҳои зиёд иҷро гардидааст.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода вобаста ба татбиқи барнома маълумот дода, гуфт, ки барои иҷрои он, ки солҳои 2019 – 2021 — ро дар бар мегирад, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 8 миллиону 757 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ 2 миллиону 134 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид. Соли 2019 аз он 2 миллиону 494 ҳазору 589 сомонию 98 дирам (97,82%) аз худ карда шуд. Соли 2020 аз ин ҳисоб 1 миллиону 867 ҳазор 414 сомонию 18 дирам (95,42%) аз худ гардид. Соли 2021 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 3 250 000 сомонӣ пешбинӣ гардида, 3 миллиону 242 ҳазору 327 сомонию 61 дирам ва ё ин ки 99,73% ҷудо гардид.

Ҳамин тавр, Нақшаи маблағгузории барномаи мазкур барои солҳои 2019-2021 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 7 миллиону 573 ҳазору 477 сомонӣ ва ё ин ки 97,63 дарсад иҷро гардидааст.

Номбурда вобаста ба 10 самт ва 72 банди нақшаи чорабиниҳои барнома маълумоти муфассал ва ҳар як самтро дар алоҳидагӣ шарҳ дод. Аз ҷумла, вобаста ба иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, тарзи ҳаёти солим, дастрасии ҷавонон ба таҳсилот, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди маҳорату малакаҳои эҷодкорӣ ва ҳунармандии ҷавонон сухан ронда, изҳор дошт, ки дар марҳилаи амалишавии барнома 57 705 чорабинӣ бо фарогирии 8 миллиону 173 ҳазору 469 нафар баргузор шудааст.

Таъкид гардид, ки шумораи зиёди чорабиниҳои зикргардида дар доираи барномаи мазкур бидуни маблағгузорӣ аз ҷониби кумита, ташкилотҳои зертобеъ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор доир гардид.

Абдулло Раҳмонзода мушкилот дар раванди амалишавии барномаро ба кам будани воҳидҳои корӣ дар сохторҳои маҳаллӣ, маб­лағгузорӣ нагардидани барномаҳои соҳавӣ дар сатҳи маҳал, мавҷуд набудани марказҳои ҷавонон, набудани механизмҳои ягонаи идеологӣ рабт дод.

Бино ба гуфти сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ҳасанзода, тибқи замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми марти соли 2019, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалишавии «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2019-2021» хароҷоти молиявӣ (аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳо) пешбинӣ ва тасдиқ шудааст.

- Тибқи замимаи қарори зикр­шуда, ҷиҳати иҷрои бандҳои барнома соли 2019 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 2550,0 ҳазор сомонӣ, соли 2020-ум 2957,0 ҳазор сомонӣ ва соли 2021-ум 3250,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, — зикр кард номбурда.

Соли 2019 барои татбиқи барнома нисбат ба нақша 55410,0 сомонӣ кам аз худ шудааст. Муайян шуд, ки соли 2019 аз 72 банди нақшаи маб­лағгузории барнома 69 банд пурра иҷро гардида, 3 банди он аз ҷумла бандҳои 33, 64 ва 72, қисман иҷро гардиданд, ки 52410 сомонӣ ва 2,1 дарсадро дар бар мегирад.

Барои соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 2957000,0 сомонӣ ҷудо шуда, дар давоми сол, хароҷоти хазинавии он бошад, маблағи 1847414,0 сомонӣ ё дар қиёс ба нақша 109586,0 сомонӣ кам аз худ гардид.

Бо сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус чор банди барнома (12, 28, 33, 72) иҷро нагардид.

Соли 2021 хароҷот 3242328,0 сомонӣ ё 99,8 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

 Тибқи маълумоти масъулин, дар ин давра ба суратҳисоби кумита аз ҳисоби институтҳои молиявӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, соҳибкорони ватанию хориҷӣ барои татбиқи барномаи мазкур маблағ ворид нагардидааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён, Мавзуна Шамсиддинзода, Зай­ниддин Сафарзода, Парвиз Шодизода, Ғайрат Азиззода, Музаффар Маҳмудов, Сумангул Тағойзода, Гулбаҳор Назирӣ, Парвина Маликзода, Саодатшо Матробиён ва Ҳуснигул Одиназода доир ба татбиқи барнома ба масъулин савол дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Ҳамчунин, барои дар сатҳи беҳтар иҷро кардани барномаҳои дигар таклифу пешниҳодҳо ироа гардид.

Дар охир вобаста ба ­масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ