Проблема ва мулоҳиза

Чаро ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд?

№45 (4465) 12.04.2022

78266106_1740922092699683_6878834743853449216_n-696x385Ҳамчун собиқадори хизмати давлатӣ ва ходими ҷамъиятиву сиёсӣ ин масъала бандаро дер боз ба андеша водор намудааст. Солҳои 80-уми асри гузашта бо орзую ҳавас ба хизмати Ватан рафта, бо сари баланд ва ифтихор баргаштам. Додаронам низ хидмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд. Чун анъанаи оилавӣ писарам баъди хатми донишкада ба хизмат рафта, бо унвони лейтенанти хурд баргашт. Аз хешовандон низ қисми зиёдашон ба Ватан хизмат намудаанд.

Ёдам меояд, ки ману додаронам барои ба сар гузоштани кӯлоҳи баҳрнавардии падарам, ки се сол дар флоти ҳарбии баҳрӣ хизмат кардаву сарулибоси баҳрнавардиашон ҳаваси моро меовард, байни худ «ҷанҷол» мекардем.

Афсӯс, ки ғурур ва дилгармии ба хизмати Ватан рафтанро дар бисёр оилаҳо ва волидон намебинам. Бисёр ҷавонон бо сад баҳона ё бо ташвиқи волидон баъди хатми мактаби миёна рӯ ба муҳоҷират меоранд, то ба хидмати ҳарбӣ нараванд. Ҳолатҳои пинҳон кардани писарони синни даъватӣ, гурезонидани онҳо дар маъракаи даъват аз ҷониби падарону модарон низ ба назар мерасанд.

Ҳамчунин, мушоҳидаҳо собит месозанд, ки корҳои тарғиботӣ ва дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ суст ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳо бисёр омӯзгорони ғайриихтисос, ки хидмати ҳарбиро ба ҷо наовардаанд, аз рӯи омодагии дифои ҳарбӣ машғулият мегузаронанд, аёниятҳои таълимӣ намерасанд, утоқҳои фаннӣ дуруст ҷиҳозонида нашудаанд ва табиист, ки аз ин фан бачаҳо кам баҳра мегиранд.

Аз давраи мактабхонӣ меҳри хизмат ба Ватанро дар замири ман муаллими омодагии дифои ҳарбӣ, ҳоло полковники мустаъфӣ Рӯзибой Ортиқов бедор намуда буд. Ӯ чунон дарс мегуфт, ки мафтун мекард. Дар машғулиятҳои амалии тирпарронӣ, тартиби истифодаи аслиҳаи ҷангӣ худро дар майдони ҳарбу зарб ҳис мекардем. Афсӯс, ки ҳоло дар бисёр муассисаҳо устодони шефтаи пеша камшуморанд.

Сабаби дигар ба фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ дар самти таҳлили натиҷаи даъватҳои мавсимӣ ва ба ҳисобгирии саҳеҳи даъватшавандаҳо марбут мебошад. Вақте ки ба хонаи нафари дар аскарибуда ё фавтида ё синнаш аз даъват гузашта ва ё соҳиби ду — се фарзанд хабарномаи даъват меравад ва ин ҳолатҳоро борҳо ба мушоҳида ҳам гирифтаем, баёнгари кори онҳо бо даъватшавандаҳост. Бо даъватшавандаҳо тамоми сол бояд кор кард, на дар мавсими даъват ба артиш.

Сабаби дигарро дар камтаваҷҷуҳии роҳбарияти ҷамоатҳои деҳот, ­масъулони мизҳои ҳарбии онҳо дидан мумкин аст. Солҳои зиёд бо мардум кор мебарам ва дар вазифаи раису муовини раиси ҷамоат низ фаъолият доштам, ин ҳолатро бисёр мушоҳида кардаам. Солҳои қаблӣ роҳбарияти ҷамоатҳои деҳот камаш ҳар семоҳа дар маҳаллаҳо, деҳаҳо бо аҳолӣ маҷлис мегузарониданд, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла даъват ба сафи артиш, мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Оилаҳои намунавиро мисол оварда, оилаҳое, ки ноустувор буданд, зери назорат гирифта мешуданд. Обрӯю эътибори мӯйсафедон хеле баланд буд, ҳақ надоштед, ки ба онҳо беҳурматӣ зоҳир намоед, ҳатто бе салом аз наздашон гузаред, бегоҳӣ аллакай шикоят ба падар мерасид, ки писараш ба калонсолон салом намедиҳад. Мутаассифона, раисону ­масъулони ҷамоатҳои деҳот аз нуфузи пирони кор, мӯйсафедони барӯманд дар ҳалли муаммоҳои мавҷуда, сафарбар намудани мардум ба корҳои нек, аз ҷумла даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, кор намегиранд.

Масъалаи дигар дар сафи раисони маҳалла фаъолият доштани шахсони тасодуфӣ, бетаҳсилот ва бетаҷриба мебошад. Раисони маҳалла ваколати хизматиро танҳо дар ташкили тӯю маърака ва маросими азо медонанду халос. Ташаббускор нестанд. Дар маҳалла эътибор надоранд. Ҳатто ба ҳар баҳона худро аз масъулият дур гирифта, дар ҷамъомадҳои ҷамоати деҳот ширкат намекунанд. Аз ин рӯ, зарурат ба миён омадааст, ки дар байни раисони маҳалла омӯзиш ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. То ин ки раисони маҳаллаҳо ваколат ва масъулияти кориро хуб дарк намоянд. Хидмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавонмард, новобаста ба он ки падараш дар кадом мансаб аст, қарзи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад. Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, мақоми истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Мутаассифона, дар баъзе аз ҳолатҳо писарони баъзе аз мансабдорон бо сабабу баҳонаҳои гуногун аз хидмати ҳарбӣ сар мепечанд. Масалан, қисмати зиёди онҳо чаро баъди хатми мактаби олӣ довталабона ба хидмати ҳарбӣ намераванд? Чунин мисолҳо ҳам ҳастанд, вале камшуморанд.

Ватан ноёбтарин сарват буда, ҳимояи он рукни имондорист. Гузаштагон аз қадим дӯстдори Ватан ва ҳомии марзу буми он буданд. Корнамоӣ ва шуҷоати онҳо дар ҳама давру замон ифтихор буд. Қаҳрамониҳои падару бобоёнро дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Вале, афсӯс, ки солҳои охир баъзе аз ҷавонон аз хизмат ба Ватан бо баҳонаи гуногун рӯ метобанд ва бо номи ҷавонмарди тоҷик иснод меоранд.

Дар қисмҳои ҳарбӣ тартибу низом ҷиддан тибқи оинномаҳои ҳарбӣ ба роҳ монда, «дедовшина», ки мерос аз Артиши шӯравист, бояд комилан аз байн бурда, ҳар ҳодисаи фавт ё бемории ғайритабиии ҳар сарбоз аз ҷониби прокуратураи ҳарбӣ таҳқиқ шуда, натиҷаи он ошкоро ба мардум расонида шавад. Оилаҳое, ки фарзандашон дар хизмат мебошанд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ карда шаванд. Ба назар бояд гирифт, ки иҷрои нақшаи даъват аз ҳисоби омӯзгорону табибон, аспирантон ва магистрҳо бар зарари рушди илм дар ҷумҳурӣ ҳам ҳаст.

Чанде пеш Фармони Президенти кишвар оид ба сафарбар намудани ҷавонон дар мавсими баҳори соли 2022 ба тасвиб расид. Умед дорем, ки ҳисси масъулияти ҷавонон ва волидайн боло мегираду фарзандони ватандӯст бо амри дил ва бо сари баланд ба ҳимояи Ватан мераванд. Ин вазифаи муқаддасро танҳо фарзандони баору номуси Ватан сарбаландона иҷро менамоянд. Ба гуфти Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Барои насли нав­рас яке аз муҳимтарин обутоби ҳаётӣ хизмат ба Ватан аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд… Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад».

Мурод ШУКУРЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон