Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№83 -84 (3563 - 3564) 30.06.2016

Шуро28 июни соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи ҷаласа қабул гардид.

Аъзои Шӯро масъалаҳои рӯзномаро- «Дар бораи таъсиси ­Комиссияи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии пешакии пешниҳодот дар хусуси додани рутбаҳои дараҷавӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи электроэнергия», «Оид ба лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт», «Дар бораи бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври сода қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон» баррасӣ карда, дар ин робита қарорҳо қабул намуданд, ки мутобиқи онҳо масъалаҳои зикршуда барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Ҳамчунин, қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қабул гардиданд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ