Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№145 (3625) 24.11.2016

DSC_1399Бисту якуми ноябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъд аз тасдиқи рӯзнома доир ба масъалаҳои — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017» ва «Дар бораи лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ва оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода гузориш доданд. Сипас, онҳо бо қарорҳои алоҳида ба баррасии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум  пешниҳод шуданд.

Аъзои  Шӯро, ҳамчунин доир ба масоили «Оид ба пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи электроэнергетика», «Оид ба пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғанигардонии орди гандумӣ» ва «Дар бораи сафари Абдуназар Хисрав ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон» қарор қабул ­намуданд.

 Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ