Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

DSC_8349Бисту ҳаштуми октябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Баъди тасдиқи рӯзнома ­масъалаҳо – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди кумаки бебозгашт», «Дар бораи низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», «Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ», «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи офатҳои табиӣ», «Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ», «Дар бораи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебоз­гашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи ­Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар», «Дар бораи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал)», «Дар бораи мубодилаи мактубҳо оид ба амалисозии марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радио», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабзода Равшан Муҳитдин тавзеҳ доданд.

Масъалаҳои зикргардида бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Масъалаҳои навбатӣ – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ аз болои шахсоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудаанд», «Дар бораи Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва хулосаҳои ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи гузориши Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 10 то 18 сентябри соли 2019», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ