Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№146 (4096) 03.12.2019

DSC_6937Дуюми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва «Оид ба пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин шарҳу тавзеҳ доданд ва онҳо бо қарорҳои алоҳида барои баррасӣ ба Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

DSC_0626Сипас, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи ҳошиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба фаъолият дар доираи Ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Дар бораи сафари Исмоилзода З. М. ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баъди баррасӣ барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуданд.

 «Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ