Дипломатияи парлумонӣ ба рушди тамоми шаклҳои ҳамкорӣ мусоидат мекунад

№33 (4616) 06.03.2023

Мусоҳиба бо раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Фарҳод Раҳимӣ

Рахим- Мехоҳам суҳбатро аз таърихи ташаккули муносибатҳои байнипарлумонӣ шурӯъ кунем…

- Баъд аз ба даст овардани соҳибис­тиқлолӣ як муддат, ки идоракунии президентӣ ­боздошта шуда буд, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб шуда, дар як вақт вазифаи Роҳбари давлатро низ иҷро мекарданд. Аз ҳамон замон аллакай робитаҳои байнипарлумонӣ бо парламентҳои кишварҳое, ки дар он вақт истиқлолияти давлатии моро эътироф карда буданд, шурӯъ мешавад. Моҳи марти соли 1992 дар Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил эътироф гардид. Он вақт баъзе мушкилиҳо вуҷуд доштанд. Масалан, замони аввали соҳибистиқлолӣ ҳанӯз Парчами давлатӣ надоштем ва бо Парчами ҶШС Тоҷикистон кишвари тоза­истиқлоламон муаррифӣ шуда буд. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Ҳукумати конститутсионӣ ба фаъолият шурӯъ кард, Парчам ва Нишони давлатӣ қабул шуд. Дар давраи аввали соҳиб­истиқлолӣ ҳам робитаҳои байнипарлумонӣ хуб ҷараён доштанд. Тамоми қонунҳое, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият қабул шудаанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои моделии кишварҳое буданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекардем. Масалан, бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯзҳои аввал робитаҳои парлумонӣ хуб ба роҳ монда шуда буд. Пас аз ислоҳоти конститутсионӣ, ки парламенти кишвар дупалата шуд, робитаҳои парлумонӣ боз ҳам зиёдтар шуданд. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ шуд. Аз ҷумла, Маҷлиси миллӣ узви Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои ­Мустақил буда, ҳамчунин, бо Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ҳамкории фаъол дорад. Инчунин, дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) шомил буда, фаъолияташ пурсамар мебошад.

- Айни замон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чанд палатаи болоии парлумонҳои дигар кишварҳои ҷаҳон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст?

- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хориҷиро дар асоси Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарлумонии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси миллӣ аз 9-уми декабри соли 2020 таҳти №98 қабул шудааст, ба роҳ мондааст.

Айни замон Маҷлиси миллӣ бо палатаҳои болоии дигар кишварҳо 17 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода, узви комилҳуқуқи 6 созмони байнипарлумонии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ шомили як ё якчанд гурӯҳи дӯстӣ ҳастанд.

- Робитаҳои байнипарлумонӣ то ба сатҳи дипломатияи парлумонӣ ташаккул ёфт ва имрӯз мебинем, ки ҳамкориҳо танҳо дар самти қонунгузорӣ маҳдуд нашудаанд…

- Бале, имрӯз дипломатияи парлумонӣ танҳо ҳамкорӣ дар самти ҳуқуқэҷодкуниву қонунгузорӣ набуда, дар ҳама самт фаъол аст. Масалан, танҳо соли 2022 чанд сафари хориҷии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба давлатҳои дигар сурат гирифта, ҳамчунин, мулоқоти зиёд бо роҳбарони идораҳои дипломатии кишварҳои дигар дар шаҳри Душанбе анҷом дода шуд. Аз ҷумла, дар соли 2022 мулоқоти Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Виктор Денисенко, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван И, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикис­тон Мерилин Йосефсон баргузор гардид.

Соли сипаришуда, ҳамчунин, сафарҳои расмӣ ва кории Раиси Маҷлиси миллӣ ба шаҳрҳои Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқис­тон, Ашқободи Туркманистон, Мос­кваи Федератсияи Россия анҷом дода шуд. Дар баробари ин, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафурова бо сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳангоми сафари раисони палатаҳои болоии парламентҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон Форуми VII байнипарлумонии «Тоҷикис­тон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ҷаласаи нахус­тини Комиссияи доимии ҳамкории байни Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Сенати парламенти Қазоқис­тон, инчунин, ҷаласаи даҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия доир гардид.

Зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 3-4-уми марти соли 2022 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамчунин, ҳангоми сафари расмӣ ба Туркманистон 11-12 — уми майи соли 2022 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Халқ Маслаҳати милли Генгеши Туркманистон ба имзо расид. 12-уми майи соли гузашта Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи якуми Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия «Ҳамкории байнипарламентӣ — ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байнидавлатӣ» ширкат варзиданд.

Таҷрибаи навтарини мо, ки дар ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бори аввал рух дод, бастани созишномаи ҳамкорӣ бо Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 2022 буд. Айни замон ду созишномаи дигар байни палатаҳои болоии парлумонҳои кишвари мо, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бо роҳҳои дипломатӣ ба мувофиқа расида, барои имзо омода аст. Чунин созишнома бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия низ дорем. Ин ҳам бори аввал аст, чунки дар таърихи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таҷрибаи бастани созишнома вуҷуд надошт. Бастани созишнома вазифадор мекунад, ки ҷонибҳо уҳдадор шуда, онро иҷро намоянд. Дувум, бо ҳар давлате, ки созишнома баста мешавад, нақшаи амал ва харитаи роҳ барои ҳар сол тасдиқ мегардад, ки дар он тамоми паҳлуҳои фаъолиятро, шурӯъ аз эҷоди қонунҳо то ҳамкориҳои дуҷонибае, ки барои кишварҳо судманд мебошанд, амалӣ месозем.

Робитаҳои байнипарлумонӣ имрӯз натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Масалан, дар доираи ҳамкорие, ки бо Федератсияи Россия дорем, ҳар сол бо нав­бат дар кишварҳои ҳамдигар нишастҳои дуҷониба дар мавзӯи «Тоҷикис­тон — Россия: иқтидори ҳамкорӣ» ташкил мекунем. Дар доираи ин ҳамкорӣ тавонистем минтақаҳои кишварро бо ҳамдигар наздик кунем ва ҳамаи вилоятҳои мо шариконашонро аз Федератсияи Россия пайдо карданд. Тавассути чорабиниҳои байнипарлумонӣ қарордодҳо дар ҳама самти ҳамкорӣ баста, иҷрои онҳо назорат мешаванд. Нақшаи амал ва харитаи роҳ дар баробари гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамчунин, бевосита аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ назорат мешавад.

17-уми майи соли 2022 мулоқоти маҷозии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Рус­тами Эмомалӣ бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси ­умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Чжаншу баргузор гардид.

Инчунин, 27 — уми апрел ва 22 — юми декабри соли 2022 раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ — камина ва Дилшод Раҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Тзи Шумин мулоқот кардем.

- Ҳангоми ба амал баровардани муносибатҳои байнипарлумонӣ истифода аз таҷрибаи ҳамдигар дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ чӣ гуна сурат мегирад?

- Дар созмонҳое, ки мо узв ҳастем, ассамблеяҳои байнипарлумонӣ амал мекунанд. Дар он, пеш аз ҳама, моделҳои қонунҳои намунавӣ таҳия ва қабул мешаванд ва ҳар як кишвар, бо назардошти қонунгузории миллӣ, қонуни худашро таҳия мекунад, аммо дар чаҳорчӯбаи қонуни моделӣ ва истифода аз таҷрибаи якдигар.

Мо дар таҷрибаи давлатдориамон ду қонуни миллӣ дорем — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки кишварҳои ҳамсояи дуру наздик таҷрибаи моро омӯхта, қонунҳои худашонро таҳия карданд. Вазифаи қонун, пеш аз ҳама, аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба танзим даровардани фаъолият аст. Ифтихормандем, ки муаллифи ҳар ду қонун Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»