Гуфтугӯ бо сафири Эстония

№75 (4337) 10.06.2021

DSC_2262Нуҳуми июни соли 2021 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот  Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси Комиссияи назорати ­Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хейти Мяемеэс мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот масоили сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо дарназардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, таваҷҷуҳ намуданд.

Дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои байнипарлумонӣ, кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ умедбахш арзёбӣ гардид.

Доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника ва фарҳанг низ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон