Гуфтугӯи Маҳмадтоир Зокирзода бо Дэвид Макаллистер

№25 (4445) 24.02.2022

DSC_254222 феврали соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Душанбе бо ҳайати Парламенти Аврупо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Парламенти Аврупо Дэвид Макаллистер мулоқот доир намуд.

Зимни суҳбат муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла, зикр шуд, ки соли ҷорӣ ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва якчанд кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо 30 сол пур мешавад.

- Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки муносибатҳои дип­ломатӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо ифтитоҳи намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел соли 2001 фаъол гардид.

Бино ба қавли Раиси Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон манфиатдор аст, ки робитаҳояшро бо Парламенти Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, таҳия ва такмили қонунҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллию давлатӣ, волоият ва сифати қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳо минбаъд ҳам гус­тариш диҳад. Дар хотима Маҳмадтоир ­Зокирзода аз робитаҳои судбахши байнипарламентии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт:

- Итминони комил дорам, ки рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди мо кумаки ҷиддӣ дар самти рушди соҳаҳои ҳамкории дуҷониба хоҳад буд.

Раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Парламенти Аврупо Дэвид Макаллистер низ боздиди ҳайати парламентии Парламенти Аврупоро аз Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар ҳама замина муҳим арзёбӣ кард.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон