Хизмат ба Ватан шарафу ифтихори бузург ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон аст

№25 (4765) 23.02.2024

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

шаҳри Душанбе,  23 феврали соли 2024

400737704_224276170681952_4947976103240619363Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз кулли сокинони шарафманди кишвар 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҷашн мегиранд.

Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дарки масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиши кишвар ва ободию пешрафти мамлакат ҳанӯз аз давраҳои нахустини соҳиб­ихтиёрӣ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таъсис дода шуд.

Дар марҳалаи ҳассоси давлатдорӣ ба дӯши хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо вазифаҳое гузошта шуданд, ки тақдири миллат ва давлат, истиқлолу соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии мамлакат аз ҳалли онҳо вобастагӣ дошт.

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони мо дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ ба неруи боиқтидори низомӣ, муҳофизи сулҳу оромӣ ва фазои осудаи мамлакат табдил ёфта, ба Ватан ва мардуми худ содиқона хизмат карда истодаанд.

Ҳоло бо итминон метавон гуфт, ки Артиши миллии мо дар як давраи начандон тӯлонӣ озмоишҳои сахту сангинро пушти сар намуда, имрӯз ба як сохтори, воқеан, боэътимод, муттаҳиду бонизоми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои барои давлату миллат бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонистанд, садоқати худро ба Ватан, миллат ва Сарвари давлат собит созанд.

Имрӯзҳо, дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир иҷрои вазифаҳои басо муҳими миллию давлатие, ки дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарор доранд, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи қавӣ, зиракии сиёсӣ ва садоқату муҳаббати самимӣ ба халқу Ватанро тақозо  менамояд.

Хизмат ба Ватан шарафу ифтихори бузург ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Моро зарур аст, ки таваҷҷуҳи доимиро ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат дар қалбу зеҳни ҷавонону наврасони имрӯза равона намоем.

Мардуми тоҷик ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва афсарону сарбозони шуҷои худ эътимоди комил дорад.

Итминон дорем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии давлат, сулҳу амнияти мамлакат ва фазои осоиштаю зиндагии мардуми кишварро содиқона ҳифз менамоянд.

Дар ин лаҳзаҳои пуршараф кулли ҳамватанон, сокинони пойтахт ва тамоми хизматчиёни ҳарбии кишварро ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом ва ба Ватани маҳбубамон ояндаи дурахшонро таманно дорам.

Ид муборак, ҳомиёни ҷасури Ватан!