Илҳом Алиев ҳайати Парлумонии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

№124 (3604) 01.10.2016

Processed with Snapseed.28 сентябри соли 2016 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон  бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.

Ҷонибҳо раванди мавриди иҷро қарор гирифтани қарордодҳои дуҷонибаро, ки ­қаблан дар самти равобити сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дар сатҳи олӣ ба имзо расидаанд, баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки бо мақсади рушди равобити дуҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ҳалли ҳар чӣ зудтари масъалаҳои баҳсталаб Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон то ҳол се нишаст баргузор намудааст. Нишасти чорум қарор аст, ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Боку баргузор гардад.

Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки маҷмӯи равобити қарордодиву ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 30 созишнома ва қарордодро дар бар мегирад. Ҳамчунин, лоиҳаи 15 созишнома ва қарордод дар заминаи танзими ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои металлургияи ранга, маҷмӯи саноати кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук ва нақлиёт мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

Бо вуҷуди мавҷуд будани заминаи мусоиди қарордодиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ ҳанӯз дар сатҳи паст қарор дорад. Мавҷуд набудани ҳамкориҳо дар бахши алоқаи ҳавоӣ ба пешрафти муносибатҳо монеа эҷод менамояд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ аз 7 март то 22 октябри соли 2013 Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайри Душанбе-Боку-Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медод, вале, бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба буҷети ин ширкат, парвозҳо дар ин хатсайр дубора мутаваққиф шуданд.

Бо дарназардошти мавҷуд будани имконоти васеи ҳамлу нақл пешниҳод аст, ки масъалаи дубора барқарор намудани хатсайри ҳавоии Боку-Душанбе-Боку мавриди баррасӣ қарор гирад.

Шукурҷон Зуҳуров инчунин таъкид намуд, ки дар муносиботи ду кишвар ҳамкорӣ дар заминаи металлургияи ранга мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Бахши асосии мубодилаи тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷонро ашёи хом ва маҳсулоти КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», ки маҳсулотро аз корхонаҳои Ганҷа, Сумгаит ва Боку харидорӣ менамояд, ҳамчунин, ҳамлу нақли нақлиётию транзитии молҳои он ташкил медиҳад.

Маҳсулоте, ки асосан гардиши молро афзун менамояд, маҳсулоти истеҳсолкунандаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» буда, аз тариқи роҳҳои обӣ ва оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишварҳои Аврупо интиқол мешавад. КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» барои истеҳсоли алюминий ҳар сол аз заводу ширкатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳаҷми муайян гилхок, кокс ва дигар ашёи хоми нафтӣ харидорӣ мекунад.

Соли 2012 Корхонаи гилхоки «Ганҷа» бо мусоидати КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва ТАЛКО «Менеҷмент», истеҳсоли маҳсулоти худро ба роҳ монд. Аммо, бинобар сабаби хароҷоти зиёди маҳсулоти дохилӣ, нархи гилхоки Ганҷа барои истеҳсолкунандагони алюминийи тоҷик дастнорас ва рақобатнопазир гардид. Агар ҷониби Озарбойҷон имконоти коҳиши хароҷоти зиёдатии маҳсулоти дохилиро аз нав баррасӣ намояд, КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» омодааст, ки ҳамкориро дар ин самт дубора барқарор созад.

- Мавриди амал қарор гирифтани ин лоиҳа имкон медиҳад, ки анодҳои дар Тоҷикистон пухташуда ба Корхонаи алюминийи Ганҷа, аз ҷумла, дар шароити муҳосиботи дутарафа вобаста ба даст­расии гилхок аз Озарбойҷон интиқол дода шавад, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иброз намуд, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон дар симои Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯсти самимӣ ва шарики боэътимодро ҳам дар минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ мебинад. Мо аз ташрифи ҳайати баландпояи парлумонии Тоҷикистон хушҳолем ва итминон дорем, ки ин сафар ба густариши муносиботи гуногунсоҳа мусоидат менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавриди ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон ва тавсеаи ҳамкориҳо бо Корхонаи алюминийи тоҷик мароқ зоҳир намуда, зикр кард, ки ин масъала дар сатҳи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар рӯзҳои наздик баррасӣ ва таҳлил хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, Илҳом Алиев пешниҳодҳои ироагаштаро барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки амалӣ шудани онҳо ба нафъи ҳар ду кишвар аст.