Интихобот маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятист

№155 (3301) 30.12.2014

ШохиёнФармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» (5 декабри соли 2014 таҳти №306) қабул шуд. Дар бораи баргузории ин маъракаи муҳим  хабарнигорамон бо раиси Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён мусоҳиб гардид.

-Низоми интихоботии Тоҷикистон чӣ гуна аст ва то кадом дараҷа метавонад ба баргузории интихоботи озоду демократӣ мусоидат намояд?

-Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолиаш ҷонибдории худро ба арзишҳои низоми демократӣ изҳор намуда, дар санадҳои марбут ба ин масъалаҳо қабулгардида, пеш аз ҳама, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи ин низомро инъикос кард. Дар боби якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном дорад, моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат ва баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ эътироф шудааст, ки онҳо рукнҳои муайянкунандаи низоми интихоботии мамлакат мебошанд.  Бо  назардошти  ин  муқаррарот дар  моддаи  6-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гаштааст:  «Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».

Заминаҳои муҳими ҳуқуқии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро моддаҳои 48 ва 49-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Аз ҷумла дар ин моддаҳо принсипҳои умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ, ба муҳлати панҷ сол интихоб шудани Маҷлиси Олӣ, синни номзад ба аъзогии Маҷлиси миллӣ на камтар аз 35 сол, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон на камтар аз 25 сол ва дорои таҳсилоти олӣ будан пешбинӣ шудааст.

-Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом принсипҳо иборат мебошад? Доир ба ин масъала якчанд сухан мегуфтед.

-Принсипҳои асосии низоми интихобот дар боби дуюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ифода ёфтааст. Чунин тарзи танзими конститутсионӣ, яъне аз мавқеи ҳуқуқии фарди алоҳида, ҳамчун ҳуқуқи асосии сиёсӣ танзим намудан, ин тарзи маъмул ва умумиэътирофшуда мебошад.

Принсипҳои асосии баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ дар моддаи 3-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»  муқаррар карда шудааст. Вобаста ба принсипи ҳуқуқи умумии интихобот қонунгузор муайян намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Мутобиқи принсипи баробарӣ, сарфи назар аз эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ қонунгузор ба ҳар як шахс кафолати амалӣ намудани ҳуқуқи интихоб карданро муҳайё намудааст. Ҳама гуна маҳдудкунии бевосита ва ё бавоситаи ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихобот манъ аст ва мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад.

Дар асоси принсипи ҳуқуқи бевосита ва бавоситаи интихобот, шаҳрвандон бевосита, яъне  шахсан дар интихобот иштирок намуда, раъйи худро бобати масъалаҳои пешниҳодгардида изҳор мекунанд ё ин ки ба воситаи вакилони худ ин иқдомро амалӣ менамоянд. Яъне, интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиман сурат мегирад.

Принсипи иштироки озод ва ихтиёрӣ дар интихобот маънои онро дорад, ки ҳар шахс бояд раъйашро озодона ва ба таври ихтиёрӣ баён намояд, ба ҷойи дигарон овоз додан мумкин нест. Мувофиқи принсипи ошкорбаёнӣ омодагӣ ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳо аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ ба таври шаффоф ва ошкоро сурат мегирад.

Комиссияҳои интихобот аз ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ, участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷой ва вақти кори комиссияҳои интихоботӣ ба аҳолӣ хабар медиҳанд ва онҳоро бо рӯйхати интихобкунандагон, феҳристи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштироккунанда шинос мекунанд, дар бораи номзадҳо, натиҷаи овоздиҳӣ ва интихобот маълумот медиҳанд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма низ дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботро инъикос менамоянд.

-Яке аз омилҳои муҳими баргузории ҳар як интихобот ин сари вақт тартиб додани рӯйхати дақиқи интихобкунандагон мебошад. Ин рӯйхатро кадом комиссия, чӣ тавр тартиб медиҳад ва оё интихобкунанда ҳуқуқи бо рӯйхат шинос шудан ва нисбати нодурустии он шикоят карданро дорад?

-Дар ҳақиқат, ин масъалаи бисёр муҳим мебошад. Муҳимияти ин масъала дар он зоҳир мегардад, ки оид ба рӯйхати интихобкунандагон дар қонунҳои амалкунандаи интихоботӣ фаслҳои алоҳида бо номи «Рӯйхати интихобкунандагон» пешбинӣ шудааст, ки дар фаслҳои 4-уми ҳар ду қонунҳои конститутсионӣ 3 моддагӣ ба ин масъалаҳо, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон бахшида шудааст. Асоси муайянкунандаи шумораи дақиқи интихобкунандагон ин тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат, дар қисмҳои ҳарбӣ ва дар муассисаҳои табобатӣ мебошад.

Рӯйхати интихобкунандагон аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот доир ба ҳар участкаи интихоботӣ аз рӯи маҳалли истиқомат дар асоси маълумот дар бораи интихобкунандагон, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад. Ягон шаҳрванди ҳуқуқи интихоботидошта бояд аз рӯйхат берун намонад, ҳуқуқи конститутсионии онҳо оид ба интихоб кардан маҳдуд ё поймол нашавад. Ҳангоми тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон маълумотҳои зерин дақиқ карда мешаванд: дурустии насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд ва суроға; шахсоне, ки то рӯзи интихобот 18-сола мешаванд; шахсони вафоткарда аз рӯйхат бароварда мешаванд; шахсоне, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ аз маҳалли зисташон баромада рафтаанд; интихобкунандагоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ дар овоздиҳӣ иштирок карда наметавонанд; шаҳрвандоне, ки бо ҳалномаи суд ғайри қобили амал эътироф карда шудаанд; шаҳрвандоне, ки бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд ва ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ адои хизмат мекунанд, дар ҷойи адои хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ овоз медиҳанд.

Рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ, ки аз рӯи маҳалли истиқомат тартиб дода шудааст, 15 рӯз пеш аз овоздиҳӣ, дар дигар участкаҳои интихоботӣ ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ барои шиносоии умумӣ пешниҳод карда мешавад. Интихобкунандагон бо рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ шинос мешаванд ва агар маълум шавад, ки ному насабашон дар рӯйхат нест ё аз рӯйхат партофта шудааст ё нодуруст ва ғалат навишта шудааст, метавонанд бо ариза ба комиссияҳои участкавии интихобот муроҷиат намоянд.

Ариза аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот на дертар аз ду рӯз аз лаҳзаи ворид шуданаш баррасӣ карда мешавад. Агар ариза дар арафа ва ё дар рӯзи овоздиҳӣ ворид шавад, фавран мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи участкавии интихобот фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад кардан медиҳад. Нисбати қарор ба суд шикоят кардан мумкин аст ва суд онро дар давоми се рӯз- дар арафа ва рӯзи интихобот фавран баррасӣ намуда, қарори қатъӣ қабул мекунад. Дар сурате ки барои аризадиҳанда қарори мусбат қабул карда шавад, комиссияи участкавии интихобот фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.

-Вобаста ба интихоботи навбатии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нақшаҳои кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст ва ҳангоми баргузории ин чорабинӣ боз кадом мақомот ширкат меварзанд?

-Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли равон тибқи Нақшаи корӣ омодагиҳоро ба интихоботи навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳо шурӯъ намудааст. Аз рӯи нақшаи мазкур бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба ба интихобот 8 Дастурамал барои комиссияҳои ҳавзавии интихобот, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ, тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ, нозирони миллӣ ва байналмилалӣ дар интихобот, Дастурамал барои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳо, ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд, гурӯҳҳои ташаббускор ва шахсони боэътимоди онҳо ва як китобчаи саволу ҷавобҳо доир ба интихобот таҳия ва бо қарорҳои КМИР тасдиқ карда шуданд. Маводҳои зикршуда ба минтақаҳои ҷумҳурӣ барои тақсим намудан ба комиссияҳои интихоботӣ ирсол гардид.

Инчунин дар доираи омодагиҳо ба интихобот тибқи ваколатҳое, ки қонунгузор муқаррар намудааст, КМИР шаклу намунаи санадҳои комиссияҳои интихоботӣ, варақаҳои имзоҷамъкунӣ, варақаҳо доир ба тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон, бюллетен, варақаҳои интихоботӣ, шаҳодатномаҳои нозирони миллӣ ва байналмилалӣ ва дигар маводи интихоботиро тасдиқ намуда, ба нашр расонид.

Ҳамзамон дар моҳҳои август-октябри соли ҷорӣ аъзои КМИР ва кормандони дастгоҳи он ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарҳои корӣ анҷом дода, бо аъзои эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавӣ, участкавии интихобот ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо семинарҳои омӯзишӣ гузаронида, ба иштирокчиён мазмуну муҳтавои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва дастурамалҳои зикргардидаро фаҳмониданд.

Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзам ба комиссияҳои поёнии интихобот, ғайр аз дастрас карда шудани қонунҳо, ҳашт дастурамалу як китобчаи саволу ҷавобҳо ва зиёда аз 20 маводи зарурӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин КМИР масъалаҳои тасдиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба омодагӣ ба баргузории интихоботҳои дарпешистода, ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ, сарҳадҳои онҳо ва шумораи интихобкунандагони ҳар як ҳавза, муқаррар намудани тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади ба тариқи худпешбарӣ пешниҳодшуда, таъсиси маркази матбуотӣ дар назди КМИР ва ғайраро баррасӣ карда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни баргузории интихоботи дарпешистода мақомоте, ки ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадро ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доранд, инчунин мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, мудофиа, тандурустӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, телевизион ва радио, дигар субъектҳои дахлдор ширкат меварзанд, ки ҳамкориҳои судманди КМИР бо ин мақомот ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин бо мақсади баррасии масъалаҳо доир ба паҳлуҳои гуногуни раванди интихобот 11 декабр бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва 16 декабри соли 2014 дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма мизи мудаввар доир намудем.

-Тавре аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъини интихобот бармеояд, пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ низ баргузор мегардад. Мегуфтед, ки ин интихобот чӣ гуна баргузор мешавад ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар интихоботи мазкур чӣ нақш дошта метавонанд?

-Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  интихоботи Маҷлиси миллӣ 25 рӯз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад. Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ панҷ ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ ташкил карда хоҳад шуд. Комиссияҳои ҳавзавии интихоботи ВМКБ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ аз ҷониби КМИР бо пешниҳоди раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва комиссияи ҳавзавии интихоботӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш ду моҳ пеш аз интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ташкил карда мешаванд.

Вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ин интихобот нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранд. Зеро аз чор -се ҳиссаи номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешбарӣ ва аз ҷониби ин вакилон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд.

Қарори иҷлосия дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози вакилони Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ба таври пинҳонӣ қабул карда шуда, дар давоми се рӯз ба номзад хабар дода мешавад.

Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танҳо як номзадро аз ҳавзаи интихоботие, ки худ дар он воқеъ гардидаанд, пешбарӣ карда метавонанд. Вакилони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он метавонанд на зиёда аз ду номзадро  пешбарӣ кунанд. Зимнан якчанд мақомоти намояндагӣ метавонанд як номзадро пешбарӣ намоянд.

Бақайдгирии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз чор рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад. Ба Маҷлиси миллӣ 5-нафарӣ аз вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд ва ҳашт нафар аъзои дигари Маҷлиси миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз ин ҳуқуқаш даст накашида бошад.

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои  мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ он гоҳ баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар аз нисф зиёди вакилони интихобкунанда овоз дода бошанд. Номзадҳое интихобшуда ҳисоб мегарданд, ки агар шумораи зиёдтари овозҳои вакилони интихобкунандаи дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифта бошанд. Дар сурати баробар будани овозҳои гирифтаи номзадҳо афзалият ба номзади синну солаш калонтар дода мешавад.

Номзадҳои ба аъзогии Маҷлиси миллӣ интихобшударо КМИР ба қайд мегирад.

-Тибқи қонунгузории амалкунандаи интихоботӣ кадом субъектҳо ҳуқуқи пешбарии номзадро ба вакилии Маҷлиси намояндагон доранд, тартиби он чӣ гуна аст ва бақайдгирии номзадҳо дар кадом сохтор ва чӣ тавр сурат мегирад?

-Бояд тазаккур дод, ки тибқи талаботи моддаи 30 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нуҳ субъект дорои ҳуқуқи пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон муайян карда шудаанд. Инҳо ҳашт ҳизби сиёсии дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифташуда ва шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ пешниҳодшуда мебошанд

Аз ҷониби мақомоти шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳар як ҳавзаи интихоботии якмандата фақат як нафарӣ номзад ба вакилӣ пешбарӣ карда метавонанд. Қарор дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони пленумҳои (конференсияи) онҳо ба таври пинҳонӣ қабул карда шуда, дар бораи пешбарии номзад протокол тартиб дода мешавад.

Рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ дар анҷумани (конференсияҳои) онҳо пешбарӣ карда мешавад.

Рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодшуда, протокол ва қарори анҷумани (конференсияи) ҳизби сиёсӣ, ки дар он рӯйхати номзадҳо дарҷ гардидааст, ба КМИР пешниҳод карда мешавад. КМИР дар  муддати панҷ рӯзи корӣ дар хусуси тасдиқи рӯйхат қарори дахлдор қабул мекунад.

Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба тартиби худпешбарӣ бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба овоз мондани номзадии ӯ сурат мегирад. Номзад бояд ба тарафдории худ на камтар аз 500 имзои интихобкунандагони ин ҳавзаро ҷамъ намояд.

Номзадҳоеро, ки ба ҳавзаҳои интихоботии якмандата аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва тариқи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, комиссияҳои дахлдори ҳавзавӣ ва номзадҳоеро, ки тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шудаанд, КМИР ба қайд мегирад. Бақайдгирии номзадҳо 45 рӯз пеш аз интихобот сар шуда, 20 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

-Бо мақсади таъмини шароити якхела барои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар маъракаи интихобот КМИР ва комиссияҳои поёнӣ чӣ чораҷӯйиҳо мекунанд?

-Тибқи ваколатҳое, ки аз қонунгузории интихоботӣ бармеоянд, КМИР ва комиссияҳои поёнии интихобот ба номзадҳо ба вакилӣ барои иштирок карданашон дар маъракаи интихобот шароити баробар муҳайё мекунанд.

Ба номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ барои истифодаи воситаҳои ахбори омма шароити баробар кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вақти баромади эфирӣ ба воситаи телевизион ва радио барои ҳизбҳои сиёсӣ то 40 дақиқа ва барои номзадҳо то 20 дақиқа ройгон муқаррар шудааст, ки ин меъёр барои ба таври васеъ муаррифӣ намудани мазмуну муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботӣ хеле муҳим мебошад.

Ҳамзамон КМИР ва комиссияҳои поёнии интихобот барои баргузории вохӯриҳои якҷояи роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаи дахлдори интихоботӣ бо интихобкунандагон мусоидат намуда, реҷаи баргузории чунин вохӯриҳоро матраҳ менамоянд.

Мусоҳиб Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»