Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаҳои АБ ИДМ

№144 (4406) 30.11.2021

200577700966_4696225 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил (АБ ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Он ба тариқи фосилавӣ таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Шӯрои АБ ИДМ Валентина Матвиенко баргузор гардида, дар он сарварони парламентҳои Озарбойҷон С. Гафарова, Арманистон А. Симонян, Молдова И. Гросу, палатаҳои болоии парламентҳои Беларус Н. Кочанова, Қазоқис­тон М. Ашимбаев, Ӯзбекистон Т. Нарбаева, Туркманистон Г.  Маммедова, инчунин, муовини Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон А. Касималиева низ ширкат намуданд.

Аъзои Шӯро дар доираи рӯзномаи ҷаласа, дар маҷмӯъ, 23 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, қарор қабул карданд.

Зимнан, натиҷаҳои кори созмон дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ ва нақшаи кори АБ ИДМ барои соли 2022 қабул гардид.

* * *

26 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи панҷоҳу сеюми Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) иштирок намуданд.

Ҷаласа ба тариқи фосилавӣ таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Шӯрои АБ ИДМ Валентина Матвиенко доир гардид.

Тибқи дастур, Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон С. Гафарова, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон М. Ашимбаев, Раиси Парламенти Ҷумҳурии Молдова И. Гросу, Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. Нарбаева ва Раиси Меҷлиси Милли Генгеши Туркманистон Г. Маммедова бо суханони шодбошӣ баромад намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа санадҳои қонунгузории намунавии аз ҷониби АБ ИДМ таҳиягардидаро, ки минбаъд метавонанд дар қонунгузории миллии давлатҳои ИДМ истифода шаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, оид ба лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастрасии баробар ба пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти ВНМО (ВИЧ-инфексия) дар кишварҳои ИДМ», «Дар бораи донории узвҳо», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи ғалла», «Тавсияҳо оид ба ҳамгироии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ дар ҳуҷҷатҳои роҳнамоии қувваҳои мусаллаҳ, низоми таълими ҳарбии касбӣ ва омодагии неруҳои двлатҳои иштирокчии ИДМ», «Тавсияҳо бобати ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ», «Консепсия ва асосҳои қонунгузории рушди устувор барои давлатҳои иштирокчии ИДМ» мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳо қабул шуданд.

www.majmilli.tj