Иштироки вакилон дар конференсияи байналмилалии парлумонӣ

№78 (4498) 23.06.2022

Вакилони Маҷлиси намояндагон Зафар Файзуллозода ва Неъматулло Холбойзода 22 июни соли 2022 дар конференсияи байналмилалии парлумонӣ бо номи «Хотираи таърихӣ, ғалабаи бузурге, ки бо ваҳдат ба даст омадааст» ва дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳадаф аз баргузории он муттаҳид кардани кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи хотираи таърихӣ, табодули таҷриба дар соҳаи танзими қонунгузорӣ, таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муқобили сохтакории ҳақиқати таърихӣ ва хотираи воқеаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд.

Вакилон зимни баромад, аз ҷумла, иброз доштанд, ки дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон 300 ҳазор шаҳрванд ба фронт даъват гардида, беш аз 90 ҳазори онҳо дар майдонҳои ҷанг ба ҳалокат расиданд. Барои мардонагӣ ва мубориза ба муқобили фашизм, ки дар майдонҳои ҷанг нишон дода шуд, 56 ҳазор фиристодаи Тоҷикис­тон бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуда, 54 нафари онҳо бо гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 15 нафар бо ордени «Шуҳрат» дараҷаи се сарфароз гардиданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар доираи сафарашон, ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Владимир Андрейченко мулоқот намуда, дар маросими гулгузории майдони Ғалабаи шаҳри Минск иштирок ва аз мавзеъҳои таърихии он дидан карданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон