Хониши парлумонӣ

Ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро вусъат бояд бахшид

№47 (3997) 27.04.2019

DSC_1949Таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ 25 апрели соли равон дар мавзӯи «Вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар» хониши парламентӣ доир гардид.

Абдуҷаббор Азизӣ изҳор намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ дар иқтисодиёти кишвар коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва зиёд намудани воридшавии андозҳо ба Буҷети давлат ин ривоҷу равнақ додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад Ӯ ёдовар шуд, ки 30 ноябри соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» қарор қабул намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар супоришҳои мушаххас доданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода иброз дошт, ки айни замон ташкилотҳои қарзии ватанӣ, аз қабили ҶСК ТАҚХ «Алиф – Сармоя», ҶСП ТАҚХ «Ҳумо», БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСП «Спитамен — Бонк», ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ва ғайра зимни фаъолият технологияҳои муосири пардохтӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, Интернет — бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро ҷорӣ намуда, тавассути онҳо ба муштариён имконияти ғайринақдӣ пардохт намудани маблағи молу хизматрасониро фароҳам овардаанд. Инчунин, ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати  ҳавасманд намудани муштариён барои истифодаи бештари воситаҳои электронии пардохтӣ ҳаққи хизматрасониро ба таври назаррас кам ва барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиётҳои гузаронидашуда, дигар роҳу имкониятҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод намуда истодаанд.

Вазорату идораҳои давлатӣ низ оид ба истифодаи технологияи муосир тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Акнун пардохти ғайринақдии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, алоқа, як қатор андозҳо ва дигар намудҳои хизмат­расонӣ имконпазир аст. Аз ҷумла, Вазорати адлия барои пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо POS — терминалҳои электрониро дар 10 сохтори зертобеъ — хонаҳои ақди никоҳ, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он насб намуд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо БДА ҶТ «Амонатбонк» барои қабули ҳаққи хизматрасониҳои Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, ки зиёда аз 60 намудро дар бар мегирад, дар 3 нуқтаи шаҳри Душанбе ва 2 нуқтаи шаҳри Хуҷанд POS-терминали электрониро насб кард.

Чунин имкониятро Кумитаи андоз низ фароҳам овардааст. Айни замон андоз­супорандагон метавонанд бе ташриф овардан андоз аз объектҳои ғайриманқул, андози замин, воситаҳои нақлиёт ва боҷи давлатиро бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ («Корти миллӣ» ва Visa) тавассути сомонаи Кумита дар шабакаи Интернет пардохт намоянд.

- Илова бар ин, Кумитаи андоз 200 терминали электрониро харидорӣ намуда, бо барномаи махсус муҷаҳҳаз гардонидааст, ки тавассути онҳо андозсупорандагон дар минтақаҳо метавонанд андозҳоро ғайринақдӣ пардохт намоянд, — гуфт Ҳамидулло Машрабзода.

Шоистаи зикр аст, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз соли 2018 пардохти роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ба тариқи ғайринақдӣ сурат мегирад. То 31 марти соли равон аз ҷониби ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» ба муомилот 274 168 адад корти пешпардохти нақлиётӣ бароварда шуд, ки тавассути онҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 7,3 млн. сомонӣ пардохт гардид.

Ба гуфти Ҳамидулло Машрабзода, то 1 апрели соли равон миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда 2 миллиону 133 870 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,4 фоиз зиёд мебошад. Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, дар маҷмӯъ, 679 банкомат ва 4 435 терминали электронӣ насб шудааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 шумораи банкоматҳо бетағйир монд, вале шумораи терминалҳои электронӣ 853 адад ё 30 фоиз афзоиш ёфт.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 8,4 млн. амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 173,1 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 аз рӯи шумора 36 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронида 77 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра таносуби амалиёти нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ 93,4 фоизро ташкил дод, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ амалиёти ғайринақдӣ 2,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Дар охир байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва масъулон пурсишу посух сурат гирифт ва пешниҳод гардид, ки тавассути ВАО ба мардум моҳияту тарзи истифодаи кортҳо зимни ҳисоббаробаркуниҳо фаҳмонида шавад.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ