Истифодаи имконот баҳри тақвияти равобит зарур ва саривақтӣ мебошад

№83 (3384) 18.06.2015

DSC_0298ё15 июни соли равон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ  бо сардори Раёсати андозагирии ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Филип Мак Махон ва мушовир оид ба масоили ҳуқуқӣ, ислоҳот ва интихоботи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Весна Кастаред мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши муносиботи Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳамаи самтҳо баррасӣ гардиданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ бештар ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин созмони бонуфуз таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Х. Юсуфӣ аз сатҳи равобити Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ин ҳамкориҳо ҳанӯз ҳам дар сатҳи ҷавобгӯй ба талаботи ҳар ду тараф ба роҳ монда нашудааст.

-Вақти он расидааст, ки тамоми имкониятҳои худро баҳри тақвияти равобит истифода намоем, — гуфт Хайринисо Юсуфӣ.

Мавсуф изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо  барои таҳкими равобити байнипарлумонӣ қадамҳои ҷиддӣ ва устуворро аллакай гузоштаанд ва умедвор ҳастем, ки ин иқдом дар оянда боз ҳам ҷиддитар ба роҳ монда хоҳад шуд. Иштироки ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ин созмони бонуфузи  байналмилалӣ шаҳодати таҳкимёбии сатҳи равобит мебошад.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафарҳои ҳайатҳои баландпояи ҷонибҳоро омили асосии таҳкимёбии муносиботи байниҳамдигарӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки иштироки расмии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалии ин созмони бонуфуз ба густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва САҲА такони тоза бахшид.

Мавсуф дар ҷараёни мулоқот ба тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА  мароқ  зоҳир намуда, ибрози умедворӣ намуд, ки масъулони ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА дар ин замина низ иқдомоти муассиртареро амалӣ менамоянд.

Филип Мак Махон низ  аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки САҲА дар доираи барномаҳои нави худ тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳои худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш бахшад. Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки бо мақсади таҳкими минбаъдаи иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ САҲА бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард. Бо ин мақсад САҲА форумҳои ҳамкории минтақавӣ барои занонро дар Тоҷикистон мегузаронад, ки барои пешрафт ва ҷаҳонбинии занон мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин САҲА ният дорад, ки соли оянда конференсияи байналмилалиро роҷеъ ба таҳкими мавқеи занон дар ҷомеаи муосир гузаронад. Ҷониби САҲА  аз Хайринисо Юсуфӣ хоҳиш намуд, ки барои иштироки занони фаъол дар ин конференсияи байналмилалӣ  мусоидат намояд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва хеле самимӣ сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ