Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Кодекси манзил дар таҳрири нав ҷонибдорӣ ёфт

№№ 33-34 (4453 - 4454) 17.03.2022

DSC_5529Понздаҳуми марти соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

 РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳишмандам, тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар иҷлосия 26 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.

Дар иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма низ иштирок доранд.

Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклифҳо ҳаст?

Пешниҳод аст, ки иҷлосия корашро оғоз намояд. Таклифро ба овоз мемонам. Ва хоҳиш менамоям мавқеи худро муайян намоед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул шуд.

Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои ташкили ҷараёни кори иҷлосия лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тартиби кори онро муайян ва тасдиқ намоем. Бо дарназардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда, пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 30 дақиқа, барои музокираҳо то 5 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Пешниҳодҳои дигар ҳаст? Нест.

Таклифро ба овоз мемонам. Марҳамат.

Ташаккур, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки Котиботи иҷлосияро интихоб намоем. Оид ба ин масъала сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Ҷабборӣ Бурҳониддин дода мешавад. Марҳамат.

(Ҷабборӣ Бурҳониддин пешниҳод намуд, ки ҳайати Котибот иборат аз се нафар интихоб карда шавад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Шумораи ҳайати Котиботро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян кунед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул гардид.

Марҳамат, Ҷабборӣ Бурҳониддин, ҳайати Котиботро пешниҳод намоед.

Бурҳониддин ҶАББОРӢ:

- Ба ҳайати Котиботи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ интихоб карда шаванд:

Қонунзода Шодигул — раис, Одиназода Бозоралӣ ва Муқимӣ Раҳимҷон — аъзо.

РАИС: - Оид ба ҳайати котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеи худро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба кор шурӯъ намоянд.

Инчунин, лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи он бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст. Оид ба масъалаҳои рӯзнома таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян созед. Марҳамат.

Ба рӯзномаи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум масъалаҳои зерин ворид карда шуданд:

1. Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикис­тон

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»

20. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

21. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав»

22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш»

23. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи якум — Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин ва чанде аз масъалаҳои баъдӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 9 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба манзил, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии моликон ва дигар истифодабарандагони манзил буда, фарогири 8 фасл, 18 боб ва 141 модда мебошад.

Фасли I, ки бобҳои 1-3 (моддаҳои 1-17) — ро дар бар гирифтааст, меъёрҳо роҷеъ ба муқаррароти умумӣ ва шарҳи 15 мафҳуми асосии дар кодекс истифодашаванда, инчунин, муносибатҳо оид ба манзил ва иштирокчиёни он, қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳо оид ба манзил, манзили истиқоматӣ ва фонди манзил, инчунин, салоҳияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи манзилро муайян намудааст.

Дар фаслҳои II — V, бобҳои 4 — 15 (моддаҳои 18 — 114) муқаррарот вобаста ба ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, асосҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои молики манзили истиқоматӣ ва аъзои оилаи ӯ, ҳуқуқи моликияти умумии моликони манзил, асосҳои идоракунии фонди манзил, субъектҳои идоракунии фонди манзил, идоракунии бинои бисёрхонагӣ, аз ҷумла бинои бисёрхонагӣ аз ҷониби ширкати моликони манзил, идоракунӣ аз ҷониби ташкилоти идоракунанда, тартиби додани манзилҳои истиқоматӣ, тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ва истифодабарии онҳо, инчунин, истифодабарии манзилҳои истиқоматии фонди манзили махсусгардонидашуда, таъсис ва фаъолияти кооперативи манзил ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онҳо пешбинӣ гардидаанд.

Фаслҳои VI-VII бо фарогирии бобҳои 16 — 17 (моддаҳои 115 — 137) муносибатҳои вобаста ба иҷораи манзили истиқоматӣ, аз ҷумла, шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ, муҳлат, шакл, нигоҳдории амали он ҳангоми гузаштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, уҳдадориҳои иҷорадеҳ ва иҷорагир, андозаи пардохти маблағи манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи мазкур, бекор кардани шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ ва оқибатҳои он, ҳамчунин, пардохти маблағи истифодабарии манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ, инчунин, имтиёзҳо барои пардохти маблағи истифодабарии манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналиро танзим намудаанд.

Дар фасли VIII, ки боби 18 (моддаҳои 138 — 141) — ро дар бар мегирад, масъалаҳои марбут ба муқаррароти хотимавӣ ва хусусиятҳои мавриди амал қарор гирифтани  кодекси мазкур танзим карда шудаанд.

Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои тат­биқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба манзил мусоидат менамояд. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Кодекси  манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 2 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он мутобиқ намудани муқаррароти кодекси мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» буда, бо ин васила, ба қисми 3 моддаи 293, ки талаботро нисбати  протоколи маҷлиси суд дар бар гирифтааст, сархати шонздаҳум илова гардида, тибқи он, дар протоколи маҷлиси судӣ ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ маълумот дар бораи ҷойгир намудани ҳукм дар сомонаи суд зикр карда мешавад.

Дар робита ба меъёри мазкур, ба моддаи 348, ки масъалаҳои марбут ба эълони ҳукмро муайян намудааст, қисми 4 илова гардида, тибқи он, бо эълон кардани ҳукм раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суд ҷойгир кардани онро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардан ҳал менамояд ва дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, инчунин, таъмини шаффофияти адолати судӣ ва манъи дахолат ба фаъолияти судҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 16 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекси амалкунанда бо дарназардошти ба вуқӯъ омадани тағйири сохторӣ буда, ба ин васила дар моддаҳои 23, 30, 31, 198, 200, 201, 203 ва 204, ки муносибатҳои мушаххаси марбут ба тартиб ва адои ҷазои ҷиноятиро танзим намудаанд,  калимаҳои «иҷрочии суд», «иҷрочиёни суд» ва монанди он, ки субъекти ин муносибатҳо ба ҳисоб мераванд, мувофиқан ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» ва «иҷрочиёни мақомоти иҷро» иваз карда шуда, бинобар ба моликияти давлатӣ гузаштани молу мулки мусодирашуда, яъне маблағҳои пулӣ, дигар молу мулки манқул ва ғайриманқул, баъди калимаҳои  «мақоми молия» калимаҳои «идораи амволи давлатӣ» илова карда шудаанд.

Бо иловаи ҷумлаи нав ба қисми 2 моддаи 30, ки тартиби иҷрои ҷазо дар намуди ҷаримаро пешбинӣ намудааст, лаҳзаи оғози муҳлат оид ба мавқуф ё дароз кардани пардохти ҷарима муайян ва моддаи 202 дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи он, молу мулки мусодирашуда, ки баъди қонеъ кардани даъвоҳо (талабот) боқӣ мондаанд, мувофиқан аз рӯи намуд, яъне молу мулки манқули қиматбаҳо (маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, металлу сангҳои қиматбаҳо) ба мақомоти молия ва ғайриманқул, аз ҷумла воситаҳои нақлиёту техникӣ, масолеҳи сохтмониву маводи сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯроквориву саноатӣ ва ғайра ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.

Илова ба қисми 2 моддаи 204 пешбинӣ намудааст, ки тартиби ихтиёрдорӣ, нигоҳдорӣ, баҳодиҳӣ ва фурӯши молу мулки ба манфиати давлат мусодирашуда аз  ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои дар доираи ваколат ва салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дуруст татбиқ намудани меъёрҳои кодекс мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 2 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади аз он мутобиқ намудани муқаррароти кодекси мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» буда, бо ин васила ба моддаи 199 («Эълони ҳалнома») қисми 3 илова гардидааст, ки тибқи он, баъд аз эълон кардани ҳалнома раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суд ҷойгир намудани ҳалномаро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд ва дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.

Дар тақвияти меъёри мазкур ба қисми 2 моддаи 234 («Муҳтавои протокол») сархати понздаҳум илова гардида, тибқи он, маълумот дар бораи ҷойгир намудани ҳалнома дар сомонаи суд ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ дар протоколи маҷлиси судӣ зикр карда мешавад.

Ҳамчунин, ба қисми 7 моддаи 11 («Ошкоро будани муҳокимаи судӣ») пас аз калимаҳои «шахсони иштирокчии мурофиа» калимаҳои «, намояндаи ташкилотҳо» илова карда шуда, бо ин роҳ мутобиқати дохилии Кодекс дар қисмати иштирокчиёни мурофиа таъмин карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, таъмини шаффофияти адолати судӣ ва манъи дахолат ба фаъолияти судҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 16 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади аз он такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекси амалкунанда ва таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор буда, тибқи мазмуни илова, ба сархати ҳаштуми моддаи 124 («Талаботе, ки дар асоси онҳо фармон қабул карда  мешавад») минбаъд фармон аз рӯи талабот дар бораи хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро низ қабул карда мешавад.

Тибқи тағйиру илова ба моддаи 210 («Ҳалнома оид ба уҳдадор намудани ҷавобгар барои анҷом додани амалҳои муайян») минбаъд ҳалнома оид ба уҳдадор намудани ҷавобгар барои анҷом додани амалҳои муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян, суд бояд дар ҳалнома зикр намояд, ки ҷавобгар аз содир намудани кадом амали муайян худдорӣ намояд.

Бо илова ба қисми 1 моддаи 367 («Муҳтавои шикоят ё эътирози назоратӣ») ва илова шудани қисми 3 ба моддаи 370 («Талаб карда гирифтани парванда дар асоси шикоят ё эътирози назоратӣ») мувофиқан ҳангоми пешниҳоди шикоят ё эътирози назоратӣ дар онҳо бояд маълумот дар бораи қаблан боздошт шудани санади судӣ зикр  гардида,  боздошти иҷрои санади судӣ дар марҳилаҳои назоратӣ ба судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони ин судҳо, судяи Суди Олӣ, муовинони раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз як маротиба иҷозат дода мешавад.

Бо сабаби аз моддаи 422 («Ҳуқуқи судя ҷиҳати боздоштани истеҳсолоти иҷро») хориҷ намудани сархатҳои дуюм ва шашум ва дар ин замина тағйир ёфтани сархатҳо, моддаи 423, ки истинод ба сархатҳои мазкурро дорад, такмил дода шудааст.

Бо дарназардошти мантиқи ҳуқуқӣ дар сархати якуми қисми 1 моддаи 424 калимаҳои «мусодира гардидааст» ва дар қисми 1 моддаи 428 «Агар суд»  ва «моддаи 425»  мувофиқан ба калима ва рақамҳои дахлдор иваз карда шуда, мазмунан минбаъд суд аризаи қарздор дар хусуси бекор кардани баҳабсгирии молу мулкро бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 427  ва 4271  баррасӣ менамояд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои сари вақт иҷро гардидани санадҳои иҷро мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 16 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекси амалкунанда ва мукаммал намудани тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро буда, дар ин робита ба моддаҳои 1232, 272, 275, 3002, 3003, 3004 ва 301 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.

Бо  илова дар сархати чорум ба моддаи 1232 минбаъд аз рӯи талабот дар бораи хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро фармон қабул карда мешавад.

Тибқи илова, ба қисми 1 моддаи 272 ва ифода намудани қисми 4 моддаи 275 («Талаб карда гирифтани парванда дар асоси шикоят ё эътирози назоратӣ») дар таҳрири нав, мувофиқан пешбинӣ шудаанд, ки ҳангоми пешниҳоди шикоят ё эътирози назоратӣ, дар онҳо бояд маълумот дар бораи қаблан боздошт шудани санади судӣ зикр карда шавад ва ҳамчунин, боздошти иҷрои санади судӣ дар марҳилаҳои назоратӣ ба судя, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ на бештар аз як маротиба иҷозат дода мешавад.

Бо сабаби аз моддаи 3002 («Ҳуқуқи судяи суди иқтисодӣ ҷиҳати боздоштани истеҳсолоти иҷро») хориҷ намудани сархатҳои дуюм ва шашум ва дар ин замина тағйир ёфтани сархатҳо, моддаи 3003, ки истинод ба сархатҳои мазкурро дорад, такмил дода шудааст.

Ҳамчунин, дар сархати якуми қисми 1 моддаи 3004 («Қатъ намудани истеҳсолоти иҷро») калимаҳои «мусодира гардидааст» бо дарназардошти мантиқи ҳуқуқӣ ба калимаҳои «гирифта шудааст» иваз гардида, тибқи илова дар намуди қисми 6 ба моддаи 301 («Баррасии масъалаҳо дар бораи боздоштан, аз нав оғоз кардан ва қатъ кардани истеҳсолоти иҷро») минбаъд нусхаи таъинот ба ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро фиристонида мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои иҷрои саривақтии санадҳои иҷро мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 29 декабри соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он муайян намудани ваколати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва сохторҳои маҳаллии он дар  баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ буда, дар ин робита қисми 2 моддаи 97 кодекси амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Тибқи тағйир, минбаъд барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати маводи нашъаовар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, сардорони шуъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои дар доираи ваколат ва салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дуруст татбиқ намудани меъёрҳои кодекс мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 2 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад  аз он мутобиқ намудани муқаррароти кодекси мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» буда, дар ин робита ба қисми 2 моддаи 138 («Протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ») сархати ҳаштум илова гардида, тибқи он дар протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маълумот дар бораи ҷойгир намудани қарор дар сомонаи суд ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ зикр карда мешавад.

Ҳамчунин, ба матни моддаи 144 («Ба маълумоти аҳли ҷомеа расонидани қарори таъини ҷазои маъмурӣ») ҷумлаҳои дуюм ва сеюм илова гардида, бо онҳо муайян карда шудаанд, ки раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомона ҷойгир намудани қарорро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд ва дар ин хусус маълумот дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, таъмини шаффофияти адолати судӣ ва манъи дахолат ба фаъолияти судҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 16 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он таъмини мутобиқати меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, инчунин риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро буда, бо ин васила дар қисми 1 моддаи 93 кодекси амалкунанда рақами  5274  ба рақами 5275 иваз карда шуда, тибқи он, мазмунан баррасии парвандаҳои марбут ба иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба салоҳияти суд мансуб дониста шудааст.

Инчунин, моддаи 238 («Иҷрои қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад») дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он, аз ҷониби субъектҳое, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намудаанд, маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошанд, ба мақомоти молия ва молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.

Қисмҳои 4, 5 ва 6 — и моддаи мазкур иҷрои қарори судяро дар бораи мусодираи cилоҳ, тир, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, дар бораи мусодираи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар бораи мусодираи партовҳои радиоактивӣ ва моддаҳои кимиёвиро аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ пешбинӣ намуда, бо қисмҳои 7 ва 8 масъалаи нобуд намудани нусхаҳои мусодирагардидаи асарҳо ва фонограммаҳо, маводу таҷҳизоти барои иҷрои онҳо истифодашаванда, дигар олоти содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар гардидаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои дар доираи ваколат ва салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва суд дуруст татбиқ намудани меъёрҳои кодекс дар қисмати мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевосита он мебошанд, инчунин, иҷрои саривақтии талаботи қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро, мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 16 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он таъмини иҷрои саривақтии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин, такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро буда, бо ин васила ба кодекси амалкунанда моддаҳои 5275 ва 5301 илова карда шудаанд.

Тибқи диспозитсия ва санксияи қисми 1 моддаҳои мазкури иловагардида барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва судӣ андозаи ҷарима ба шахсони воқеӣ аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ  аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардидааст.

Қисми 2 моддаҳои мазкури иловагардида, ки ҷавобгарӣ барои такроран дар давоми як сол баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдорҳои дар қисми 1 пешбинишударо муайян намудааст, ҷазоро дар намуди ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ҷаримаро нисбати шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар кардаанд.

Бо сабаби илова гардидани моддаҳои мазкур аз моддаи 530 калимаҳои «,инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои қарори суд» хориҷ карда шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои иҷро мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 29 декабри соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Ба моддаи 2-юми қонуни амалкунанда («Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон») сархатҳои ҳаждаҳум ва чилум илова карда шуда, тибқи онҳо, минбаъд 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчун ид муайян гардида, сархати шастушашум, ки якшанбеи дуюми моҳи октябрро ба шумули иди касбӣ, яъне Рӯзи кормандони мақомоти адлия пешбинӣ намуда буд, хориҷ карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон ДИЛШОД: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 2 феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ва бартараф кардани мухолифат байни меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда буда, дар ин робита қисми 2 моддаи 14 ва қисми 3 моддаи 16 дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Тибқи қисми 2 моддаи 14, минбаъд принсипи масъулияти изҳоршуда ҳангоми додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии муқаррарнамудаи сархатҳои дуюм ва сеюми банди 2), сархатҳои дуюм ва сеюми банди 3), сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми банди 4), банди 5), сархати якуми банди 6), сархатҳои якум ва дуюми банди 7), сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 8), бандҳои 9) — 11), 13) — 16), сархатҳои дуюм, сеюм ва шашуми банди 17) — и моддаи 29 — и қонуни мазкур татбиқ намегардад.

Мутобиқи қисми 3 моддаи 16 минбаъд расмиёти маъқулдонии худ аз худ нисбат ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда додашаванда, ба истиснои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ки мувофиқи сархатҳои дуюм ва чоруми банди 2), сархатҳои дуюм ва сеюми банди 3), сархати панҷуми банди 4), сархати якуми банди 5), сархати сеюми банди 8), бандҳои 9), 11), 15) ва 16), сархати шашуми банди 17)-и  моддаи 29 — и қонуни мазкур дода мешаванд, татбиқ мегардад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, баҳри таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон ДИЛШОД:  - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 9 марти соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили меъёрҳои дахлдор вобаста ба танзими ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунанда ва дигар кормандони мақомоти адлия буда, дар ин робита номи моддаи 9 — и қонун дар таҳрири нав ифода ва дар моддаи 30 калимаи «роҳбарикунандаи» ба калимаҳои «роҳбарикунанда ва дигар кормандони» иваз карда шудаанд. Қисми 3 моддаи 30 қонуни амалкунанда, ки танҳо ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлияро пешбинӣ намудааст, бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи қисми 4 иловагардида, тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) дигар кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои мақомоти адлия мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин ва масъалаи баъдӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

 Ҳакимзода ҚУРБОН: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни зикргардида бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 декабри соли 2021 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули он танзими асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қонун аз 5 боб ва 27 модда иборат буда, он ба дастрасӣ ва ҳифзи рустаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, ҳамчун намунаи захираҳои генетикӣ, равона шудааст.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» мегузарем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

 Ҳакимзода ҚУРБОН: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 2021 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади танзими ҳуқуқӣ ва иқтисодии дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Он аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, тасдиқи барнома, тартиб ва шартҳои пешниҳоди кумакҳои молиявӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, инчунин, мониторинги ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи соҳаҳои комплекси агросаноатиро ба танзим медарорад.

Кумита дар асоси таҳлили вазъи воқеии комплекси агросаноатӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии давлатии комплекси агросаноатӣ, таклифу пешниҳодҳои воридшудаи аъзои Маҷлиси миллӣ, инчунин, ҳисоботҳо аз натиҷаи иҷрои тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ва таклифу пешниҳодҳои мақомоти давлатиро ҷамъбаст карда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунэҷодкунӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таҳрири нав омода намуд, ки аз натиҷаи он 21 июни соли 2021 дар ҷаласаи Шӯро маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамин тариқ, аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид. 

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин ва чанде аз масъалаҳои баъдӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

 ҶУМЪАЗОДА  Шарифҷон: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 баён доштанд, пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 2022 қабул намудааст.

Мақсад аз он такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекс ва пешниҳоди имтиёзҳои мушаххас аз пардохти андоз буда, дар робита ба ин ба моддаи 123 қисми 6 илова гардидааст, ки тибқи он, муҳлати даъво барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозӣ 15 сол муайян карда шудааст.

Тибқи тағйиру иловаҳо, ба моддаи 131 минбаъд қарзи андозии андозсупорандагони алоҳида ва агентҳои андоз ҳангоми офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ҳолатҳои дигари шабеҳ, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд, беэътимод эътироф карда шуда, ҳамчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад қарзи андозии андозсупорандаро беэътимод эътироф намояд, тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани онро тасдиқ кунад.

Тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 251 ва 286 — и кодекси мазкур воридшуда имкон медиҳанд, ки воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо, аз андоз. аз арзиши иловашуда ва аз пардохти андози аксиз озод карда шаванд.

Тибқи иловаҳое, ки ҳамчун қисмҳои 16 ва 17 ба моддаи 397 пешбинӣ шудаанд, дар маҷмӯъ, муқаррар намудаанд, ки аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 қитъаҳои замини барои тутзор истифодашаванда, аз андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии аз он истеҳсолшаванда машғуланд, аз рӯи ин намудҳои фаъолият, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ, андозбандӣ карда намешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои тараққӣ ёфтани пиллапарварӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ғанӣ гардонидани парки нақлиётии кишвар бо воситаҳои нақлиёти ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне нақлиёти автомобилии барқӣ, мусоидат хоҳад намуд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

 ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 баён доштанд, пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 2022 қабул намудааст.

Мақсади қонун аз пешниҳоди имтиёзҳои боҷи гумрукӣ иборат буда, бо ин васила ба моддаи 345-и кодекси амалкунанда банди 21 илова гардидааст, ки мутобиқи он, дар баробари молҳое, ки дар бандҳои моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, минбаъд воридоти воситаҳои нақлиёти бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ғанӣ гардонидани парки нақлиётӣ бо воситаҳои нақлиёти ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне нақлиёти автомобилии барқӣ, мусоидат хоҳад намуд.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» мегузарем.  Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

 ҶУМЪАЗОДА  Шарифҷон: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» дар заминаи нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муҳоҷират ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» аз 28 майи соли 2021, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Ш. Ҷумъазода, М. Умарализода, Низом Қосим ва вакилони Маҷлиси намояндагон Машраб Файзулло ва Комрон Исмоилиён пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 декабри соли 2021 қабул намудааст.

Мақсади қонун аз бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти инҳисороти табиӣ иборат буда, дар ин робита бо такмили моддаи 4 ва истинод ба мафҳумҳои алоҳида, алоқамандии он бо моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» таъмин карда шудааст.

Моддаи 6 бо дарназардошти талабот нисбат ба мол ва кору хизматрасонӣ, ки яке аз унсури он бехатарии мол ба ҳисоб меравад ва усулҳои танзим тасҳеҳ ёфта, мазмунан мақомоти ваколатдори давлатӣ мавриди танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, кумакпулии давлатӣ ва дигар тадбирҳои дастгирии давлатиро низ ба ҳисоб мегирад.

Ҷиҳати фаъолнокии иттилоотии субъектҳои инҳисороти табиӣ ба қисми дуюми моддаи 8 уҳдадорӣ доир ба дар сомонаи худ ҷойгир намудани иттилоот, инчунин ба моддаи 18 қисмҳои чорум ва панҷум илова карда шудаанд, ки кафолати дастрасии озод ба иттилоот дар бораи фаъолияти танзимшавандаи субъектҳои инҳисороти табииро бо дарҷ намудани маълумоти мушаххас муайян намудааст, ки бояд бо риояи талаботи марбут ба ифшо накардани маълумоти дорои сирри ба қонун ҳифзшаванда амалӣ карда шаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ ва дастрасии аҳли ҷомеа, аз ҷумла истеъмолкунандагон, ба иттилооти марбут ба фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

 ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» дар заминаи нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» аз 28 майи соли 2021 аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода, Ш. Ҷумъазода, Р. Муқимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Машраб Файзулло ва Н. Холбойзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 8 декабри соли 2021 қабул намудааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳида ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти фаъолияти савдои хориҷӣ иборат буда, бо ин васила дар ёздаҳ модда калимаву истилоҳҳои алоҳида иваз карда шуда, бо такмили моддаи 5 методҳо ё усулҳои танзими давлатӣ, ки танзими гумрукӣ – тарифӣ ва ғайритарифӣ, мамнӯъ будан ва маҳдудиятҳои савдои хориҷии молу хизматрасонии алоҳида ва ғайраро дар бар мегиранд, мушаххас гардонида шудаанд.

Иловаҳои ба моддаи 8 сархати шашум воридгардида, пешбинӣ намудааст, ки муқаррар намудани квотаҳо барои содирот ва воридоти навъҳои алоҳидаи молро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Инчунин, ба моддаи 24 қисми 4 илова карда шудааст, ки тибқи он, субъектҳои савдои хориҷӣ метавонанд аз болои қарор дар бораи рад кардани додани иҷозат барои воридот ва содирот ё транзити мол ба мақоми болоӣ ё суд шикоят кунанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ ва рақобати солим байни субъектҳои савдои хориҷӣ дар самти воридот, содирот ё транзити мол мусоидат менамояд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Доир ба ин ва чанд масъалаи баъдӣ сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 РАҲИМӢ Фарҳод: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2021 қабул намудааст.

Мақсад аз қабул намудани қонуни конститутсионии мазкур, мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, инчунин, мутобиқ намудани он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мебошад.

Бо ин мақсад дар қисми сеюми моддаи 11-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» калимаҳои «ва аъзои оилаи ӯ» хориҷ ва калимаҳои «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба калимаҳои «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» иваз карда шудаанд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои конститусионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав» мегузарем. Сухан ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 РАҲИМӢ Фарҳод: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 таҳти №564 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав оид ба иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав ҷонибдорӣ карда шудааст.

Зарурати иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав, пеш аз ҳама, мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Маълумоти зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав пешниҳод шудааст ва дар умум иваз намудани номи 12 маҳали аҳолинишин пешбинӣ гардидааст.

Аз ин лиҳоз, пешниҳоди зикршударо оид ба иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш» мегузарем. Сухан ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 РАҲИМӢ Фарҳод: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022 таҳти №86 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш оид ба иваз намудани номи баъзе аз воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш ҷонибдорӣ карда шудааст.

Зарурати иваз намудани номи баъзе аз воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш, пеш аз ҳама, мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, маълумоти зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли ­масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш пешниҳод шудаанд ва дар умум иваз намудани номи 44 маҳали аҳолинишин пешбинӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, пешниҳоди зикр­шударо оид ба иваз намудани номи баъзе аз воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» шурӯъ менамоем. Сухан барои ҳисобот ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф дода мешавад. Марҳамат.

 РАҲМОН Юсуф: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дас­туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба сомон расонид.

Баҳри иҷрои қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2021 «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақша — чорабиниҳо амалӣ шуданд.

Оид ба натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳо ба Президенти мамлакат, Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳисобот ирсол карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳолати иҷрои қонунҳо дар вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳо ва дигар субъектон 6290 (5764) маротиба санҷида, аз натиҷааш 85198 (71819) қонунвайронкунӣ ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо 35 666 (29 805) санади эътиноии прокурорӣ татбиқ гардида, 49 840 (43 503) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбати 3652 (3062) нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 185 000 (151888) шаҳрванд барқарор карда шуд.

Зарари ба давлат ва шаҳрвандон расонидашуда ба миқдори 873 (701) млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки нисбати соли 2020 172 миллион сомонӣ зиёд буда, 330 (301) миллион сомонии он ба буҷети давлат рӯёнида шудааст.

Санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» камбудию қонунвайронкунии зиёдро ошкор намуда, ба 1331 (1055) қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуданд, ки аз ин 1082 адад вобаста ба замин мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ҳодисаҳои тақсими ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши замин дар аксар шаҳру ноҳияҳо характери оммавиро касб намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ нисбати 52 нафар корманди корхонаи бақайд­гирии молу мулки ғайриманқул, 49 нафар кумитаҳои идораи замин, 46 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 41 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 16 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 5 нафар меъморон бинобар даст дош­тан дар тақсимоти ғайриқонунии замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Дар талу теппаҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе дар майдони 19 гектар сохтмони ғайриқонунии 260 иншоот ошкор гардида, онҳо бартараф ва қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Дар маҷмӯъ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ11 200 (9070) гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, хариду фурӯши ғайриқонунии 231 гектар ба маблағи махсусан калон ошкор карда шуд.

Аз қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷ­ошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз се сол сипарӣ шуда бошад ҳам, меъёрҳои он дар маҳал риоя карда намешаванд.

Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои дар ин самт ошкоршуда ба санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор 189 ­эътироз оварда, 464 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 49 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

 Санҷишҳои прокурорӣ аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ роҳ додан ба изофанависии майдони кишти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва истеҳсоли онро дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор 522 гектар, Б. Ғафуров — 100, Ҷ. Расулов — 40, Ашт 20 гектар, Турсунзода ва Спитамен 12 гектарӣ, дар маҷмӯъ, 740 гектар ошкор намуданд.

Дар корхонаву ташкилотҳои истеҳсолӣ 151 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 67 нафар ба ҳалокат расида, 114 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Чунончи, 16 феврали соли 2021 дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ошхонаи «Самарқанд»-и шаҳри Панҷакент таркиши зарфи гази моеъ рух дода, 23 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 1 нафар вафот кард. Ҳамчунин, 4 нафар сокини ҳамин шаҳр дар кони ангишт аз заҳролудшавии гази карбон ба ҳалокат расиданд.

Баҳри бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт 84 (63) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 729 (489) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда оид ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ бо татбиқи 1175 санади прокурорӣ 6282 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбати 290 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.

Дар давраи таҳлилӣ нуҳ ҳолати ғайриқонунӣ талаб кардани маблағ ҳангоми хизматрасонӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббӣ ошкор ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнат чораҳои зарурӣ роҳандозӣ ва дар асоси санадҳои прокурорӣ 212,8 (188,8) млн. сомонӣ қарзи музди меҳнат рӯёнида шуд.

Ҳангоми санҷиши қонунгузорӣ оид ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ қонунвайронкунии зиёд ошкору 2460 нафар шахси масъул ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ кашида шуда, 101 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

 Дар асоси амрҳои прокуророн 107 млн. сомонӣ маблағи қарздорӣ аз истифодаи неруи барқ барқарор ва ба судҳо 133 аризаи даъвогӣ барои рӯёнидани 107,5 млн. сомонӣ пешниҳод ва аз он 47,7 млн. сомонӣ қонеъ карда шуд.

Назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳолатҳои зиёди ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯроквории пастсифат, муҳлати истеъмол ва истифодабариашон гузаштаро ошкор намуда, нисбати шахсони гунаҳкор 237 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2690 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Чунончи, соҳибкор Умаров Д. дар ноҳияи Спитамен аз хориҷи кишвар 16695 кг. гӯшти мурғ ва 1920 кг. гӯшти қиммакардашудаи воридоташ манъбударо ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудааст. Соҳибкор Тоҷибоев М. бошад, гӯшти мурғи пастсифату истеъмолаш хатарнокро ба фурӯш баровардааст, ки дар натиҷаи истеъмоли он зиёда аз 40 нафар шаҳрванд заҳролуд шудаанд. Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар ин давра ба мақомоти прокуратура 46 500 (42 200) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуда, аз ин 3250 (2835) адад ё 24 фоиз қонеъ карда шудааст (назар ба соли 2020-ум 4300 адад зиёд ворид шудааст).

Муроҷиатҳои воридгардида асосан масъалаҳои замин, таҳқиқу тафтиш, меҳнат, санадҳои судӣ ва дигарро дар бар мегиранд.

Барои роҳ додан ба қонунвайронкуниҳо дар ин самт 1000 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ ва 44 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Аз натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба танзим ва назорати асъор 176 (147) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 73 (92) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ148 ҳазор доллари ИМА, 2,1 млн. рубли Федератсияи Россия ва 90 ҳазор сӯми Ҷумҳурии Ӯзбекистон гирифта шуд.

Дар самти назорати риояи қонунгузории андоз ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 4005 (3969) санади эътиноии прокурорӣ қабул гардида, тибқи онҳо 3507 (3254) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 110 (72) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 301 (282,6) млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ барқарор карда шуд.

Баҳри ошкор намудани ҳолатҳои соҳибкории ғайриқонунӣ ва иқтисоди пинҳонӣ тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт 531 қонунвайронкуниҳо ошкор ва нисбати шахсони гунаҳгор чораҳои дахлдори прокурорӣ андешида шуданд.

Вобаста ба назорати риояи қонунгузорӣ оид ба буҷети давлатӣ низ қонунвайронкунии зиёд ошкор, тибқи санадҳои эътиноии прокуророн 932 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 21,7 млн. сомонӣ маблағи зарар барқарор ва 190 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар соли 2021 қонунвайронкуниҳо вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2020-ум 360 адад зиёд ошкор гардида, дар маҷмӯъ 1820 (1460) ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Барои ин 1237 (947) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд.

Сабаби асосии зиёд гардидани қонунвайронкуниҳо ба талабот ҷавобгӯ набудани фаъолияти комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошад.

Санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қонунвайронкунии зиёдро ошкор намуда, 110 нафар шахсони масъули соҳа барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, 40 (35,5) млн. сомонӣ зарар ошкор ва барқарор карда шуд.

Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон афзоиш ёфта, 743 нафар 763 (754) ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 9 ҳолат ё 1,2 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷониби ноболиғон 80 (71) ҷинояти авбошӣ содир карда шудааст, ки назар ба соли 2020 нуҳ ҳолат зиёд мебошад. Дар 23 ҳолат бошад, ҷиноятҳои авбошӣ аз тарафи гурӯҳи ноболиғон содир гардидаанд.

Сабабу омилҳои афзоиши ин категорияи ҷиноятҳо суст ба роҳ мондани таълиму тарбия ва набудани назорати дахлдор аз ҷониби падару модарон ва муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.

Дар самти муқовимат ба коррупсия прокуророн 1076 (871) парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро оғоз ва тафтиш намуданд.

Риоя ва иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук 425 (452) маротиба мавриди санҷишҳои прокурорӣ қарор гирифта, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 430 (459) пешниҳод ва 970 (771) эътироз оварда, 690 (708) амр дода, дар асоси санадҳои эътиноии прокуророн 4070 (3159) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ ва моддӣ кашида, 128 (124) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 18,9 (46,7) млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукию дигар зарарҳо барқарор карда шуданд.

Аз ҷониби прокуророн 530 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ ошкор ва вобаста ба онҳо 54 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

 Дар соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 24 118 (23 460) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 2,8 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 80,4 (83) фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҷониби прокуророн 7314 (7389) ҷиноят (30,3 фоиз) ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 337 адад, ВМКБ -155, вилояти Хатлон — 96, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат — 148, Турсунзода — 85, Ҳисор — 81 ва Рӯдакӣ 62 адад афзоиш ёфтааст. Вобаста ба категорияи ҷиноятҳо бошад, қаллобӣ 397 адад, дуздӣ — 228, тамаъҷӯӣ — 19, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ — 100, таҷовуз ба номус — 18, муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъаовар — 18, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 15 ва роҳзанӣ 5 адад зиёд ба қайд гирифта шудаанд.

Сабабу омилҳои асосии афзоиши ҷинояткорӣ ба таври дахлдор ба роҳ намондани ташвиқу тарғиб, корҳои пешгирикунанда, беназоратии волидайн, кори суст бо шахсони пешсудшуда ва дигар сабабҳо мебошанд.

Дар як вақт содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ  4 адад, ғоратгарӣ- 23, экстремистию террористӣ — 143 ва авбошӣ 101 адад камтар содир шуданд.

Дар асоси Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2020 Прокуратураи генералӣ якҷо бо вазорату идораҳо лоиҳаи «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» — ро таҳия намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Аз рафти иҷрои барнома барои соли 2021 унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ прокуророн бо 23515 (20769) парвандаи ҷиноятӣ назорати тафтиши пешакиро таъмин намуда, ба муфаттишон 6 111 (5 439) дастури хаттӣ дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоркардашуда ба масъулини соҳа 790 (730) пешниҳод овардаанд.

Мақомоти тафтиш ва таҳқиқи ҷумҳурӣ тафтиши пешакиро дар маҷмӯъ бо 12 400 (11 067) парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расонида, 10 630 (10 183) парвандаро ба суд ирсол намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 450 адад зиёд мебошад.

Бо сабаби нопуррагии тафтишот аз ҷониби прокуророн 33 (23) ва аз ҷониби судҳо бошад, 17 (26) парвандаи ҷиноятӣ ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шудаанд.

Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ 585,3 (363) млн. сомонӣ зарар барқарор карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 222 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ба манфиати давлат 370 (214) млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 156 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2021 прокуророн бо 9800 (8658) парвандаи ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намудаанд.

Дар баррасии 6140 (5948) парвандаи гражданию оилавӣ ва маъмурӣ иштироки прокурорҳо таъмин карда шудааст.

Барои рӯёнидани зарар ба судҳо 870 (801) аризаҳои даъвогӣ ба маблағи 280 (243,7) млн. сомонӣ пешниҳод карда шуда, 790 (743) даъво ба маблағи 240 (477) млн. сомонӣ қонеъ карда шудааст.

Аз натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 843 (811) санади эътиноии прокурорӣ қабул гардида, 46 (41) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 115 (71) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд.

Прокурорҳо вазъи иҷрои қонунгузории амалкунандаро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 720 (704) маротиба санҷида, аз натиҷаи онҳо 1490 (1406) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 185 (179) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.

Ташвиқу тарғиби қонун воситаи муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб ёфта, кормандони прокуратура дар байни коллективҳои меҳнатӣ ва маҳали зисти аҳолӣ 25 600 (12 090) вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 2750 (2822) маротиба баромад намуданд.

Прокуратураи генералӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат фаъолиятро дар оянда боз ҳам тақвият мебахшад.

РАИС: — Муҳтарам аъзои маҷлиси миллӣ!

Оид ба ин масъала таклифу пешниҳодҳои дигар доред? Таклиф шуд, ки ба муҳокимаи масъала хотима бахшида, лоиҳаи қарор ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро, ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур. Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи банди 103-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Қонунзода Шодигул дода мешавад. Марҳамат.

 ҚОНУНЗОДА Шодигул: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миилӣ!

Ба котиботи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ягон муроҷиат, арз ё мактуб ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ шуданд ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

Бо ҳамин Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

 Самариддин АСОЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ