Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷонибдории қонунҳо муҳиму саривақтӣ дониста шуд

№154 (3139) 07.12.2013

рузномаба

Шашуми декабри соли равон таҳти раёсати Убайдулло Қурбонов ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон  дар ҷомеа баргузор шуд.

Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии  иҷтимоӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъалаҳои ҷаласа аз ҷониби раиси кумита ба таври муфассал шарҳ дода шуд. Сипас, аъзои кумита низ доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ андешаронӣ карда,  дар маҷмӯъ онҳоро ҷонибдорӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа  вобаста ба масъалаҳои баррасишуда таври алоҳида хулосаҳои кумита қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ