Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қонунҳо ҷонибдорӣ ёфтанд, ба таъиноти кадрӣ дар мақомоти прокуратура ризоият дода шуд

№32-33 (3333-3334) 07.03.2015

DSC_1634

Панҷуми марти соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз 34 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 33 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.

Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо  гардидааст, ки тибқи он, раиси Котибот Сатториён Матлубахон Амонзода, аъзои Котибот Сафаров Хайрулло Амиралиевич ва Гулаёзов Шодихон Алидодхонович пешниҳод шудаанд.

Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна таклиф доред?

Тибқи пешниҳодатон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарор қабул шуд:

1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ»

28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

29. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи деҳоти «Қабодиён»-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон»

30. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бозхонд намудани Имомова С.А.»

31. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»

32. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»

33. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муҳаммадиев А.С.»

34. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидов Ҳ.С.»

35. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Кишварзода А.Г.»

36. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидзода Х.»

37. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Назарзода Ҳ.Н.»

38. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Осимзода М.»

39. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ваҳобов В.М.»

40. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода С.Р.»

РАИС:  - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид  ба  таъмини  асосҳои  конститутсионӣ,  ҳуқуқу  озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро 25 феврали соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст,  баррасӣ намуд.

Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни конститутсионии зикргардида ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои ҳамин қонуни конститутсионӣ қабул гардидааст.

Бо мақсади мутобиқгардонии қонуни конститутсионӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар муқаддимаи он калимаҳои «муносибатҳои ҳуқуқиро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «муносибатҳои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро» иваз карда шудаанд, зеро ки қонун муносибатҳои ҳуқуқиро ба танзим намедарорад.

Тибқи тағйироти ба қисми 2 моддаи 6 воридкардашуда меъёри ин модда ба талаботи моддаи 34-уми ҳамин қонуни конститутсионӣ мутобиқ гардонида шуда, бо ин ба Суди конститутсионӣ ваколати баррасӣ намудани ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вогузор карда шуд.

Мутобиқи тағйироти ба қисми 2 моддаи 8 воридкардашуда, минбаъд ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда метавонанд.

Тибқи тағйироти ба қисми 5 моддаи 11 воридкардашуда минбаъд аз ваколат маҳрум кардан, маҳдуд намудани ваколат ва аз вазифа бозхонд кардани судяи Суди конститутсионӣ танҳо бо асосҳои пешбининамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни конститутсионии мазкур иҷозат дода мешавад.

Ба моддаи 14-уми қонуни конститутсионии мазкур сархати нав илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд барои истиқомати доимӣ баромада рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои аз вазифа бозхонд намудани судяи Суди конститутсионӣ мегардад.

Ба қисми 4 моддаи 15 тағйирот ворид карда шудааст, ки тибқи он кор дар вазифаи  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун собиқаи кори судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад, агар он қаблан дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз панҷ сол фаъолият карда бошад.

Азбаски ваколатҳои мақомоти давлатиро танҳо бояд қонунгузорӣ муқаррар намояд, дар қисми 3 моддаи 34-уми қонуни конститутсионӣ калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии» ба калимаи «қонунгузории» иваз карда шудаанд.

Тағйироти ба қисми 3 моддаи 11, қисми 5 моддаи 20 ва моддаи 57 воридкардашуда хусусияти таҳрирӣ доранд.

Қонуни конститутсионӣ ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 24 декабри соли 2014 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили Кодекси ҷиноятӣ  ва баҳри ҳавасманд намудани шаҳрвандон барои даст кашидани онҳо аз иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба Кодекс ворид намудани меъёри нав мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба моддаи 4011  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳ илова карда шудааст, ки мувофиқи он шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 28 январи соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили Кодекси ҷиноятӣ  ва баланд бардоштани масъулияти падару модар ва дигар субъектони масъул дар таълиму тарбияи фарзанд иборат мебошад.

Бо ин мақсад ба моддаи 174-уми Кодекс илова ворид карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълими ноболиғ низ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар ва дар санксияи модда ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ карда шудааст.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 25 феврали соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалгардонии Кодекс, мутобиқгардонии муқаррароти он бо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи он ва бартараф намудани мухолифат бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Бо ҳамин мақсад ба Кодекс 13 тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки 12-тои он хусусияти таҳрирӣ ва мутобиқгардонӣ доранд.

Тибқи иловаи ба моддаи 42 воридкардашуда танҳо шаҳрвандони болиғи қобили амал, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васӣ ё парастор шудани онҳоро манъ накардааст, парастори (ёвари) шаҳрванди болиғи қобили амал таъин шуда метавонанд.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз шумо, аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 24 декабри соли 2014 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии  Кодекс, пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо, пурзӯр намудани чораҳо оид  ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани  масъулияти падару модар ва дигар субъектони масъул дар таълиму тарбияи фарзанд ва пурзӯр намудани  назорат аз болои риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор иборат мебошад.

Бо ҳамин мақсад ба моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, ҳамчун субъекти ҳуқуқвайронкунии пешбининамудаи ин модда ҳисобида шуда, санксияи модда пурзӯр карда шудааст.

Мутобиқи тағйироти ба моддаҳои 313, 329, 333, 336, 337, 342 ва 347 Кодекс воридкардашуда ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва барои риоя накардани қоидаҳо ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарӣ аз сӯхтор пурзӯр карда шудааст.

Тибқи  ин қонун  моддаи 550 Кодекс  дар таҳрири нав қабул ва барои рекламаи доруворӣ, маснуоти таъиноти тиббӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти санитарию гигиенӣ бе иҷозати истеҳсол ё фурӯши онҳо, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ дода мешавад ва барои рекламаи ғизои кӯдакон, шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ) ва маккаку пистонак ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз шумо, аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 24 декабри соли 2014  онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонун аз мушаххас намудани субъекти баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои дар қисми 3 моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгариро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз  тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст, муқаррар мекунад, иборат аст.

Тибқи тағйирот, ба моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии парвандаҳои зикршуда ба зиммаи судҳо вогузор карда шудааст.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлис миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид  ба  таъмини  асосҳои  конститутсионӣ,  ҳуқуқу  озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро 11 феврали соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст,  баррасӣ намуд

Қонуни мазкур бо мақсади такмили Кодекс ва таъмини мутобиқати дохилии меъёрҳои он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудааст.

Бо ин мақсад аз Кодекс моддаи 6 («Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Кодекси мазкур») хориҷ карда шуда, он ба боби ҳаждаҳум ҳамчун моддаи 130 илова карда шудааст. Худи боби ҳаждаҳ- «Муқаррароти хотимавӣ» низ ба Кодекс бо Қонуни мазкур илова карда шуда, инчунин моддаи 129  «Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар бар мегирад. Тағйироти ба моддаи 44 воридкардашуда хусусияти таҳрирӣ дорад.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»  шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 7 январи соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади дар таҳрири нав қабул намудани қонуни зикршуда аз иҷрои  муқаррароти «Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», таъмини ҳифзу ҳимояи  ҳуқуқу озодиҳои инсон, амалӣ намудани адолати судӣ, қабули санадҳои асоснок ва қонунии судӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо ва ташкили низоми ягонаи адвокатура иборат мебошад.

Қонуни мазкур аз 7 боб ва 52 модда иборат мебошад.

Боби якум «Муқаррароти умумӣ» моддаҳои 1-7-ро дар бар гирифта, аз мафҳумҳои асосии дар ҳамин қонун истифодашаванда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, вазъи ҳуқуқии адвокат ва фаъолияти адвокатӣ, принсипҳои фаъолияти адвокатӣ, муносибати адвокатура ва давлат, истифодабарии истилоҳоти дар қонуни мазкур  пешбинишуда  иборат мебошад.

Боби дуюм «Асосҳои фаъолияти адвокатӣ» ном дошта, аз моддаҳои 8-11иборат аст ва ваколатҳои адвокат, ҳуқуқҳои адвокат, уҳдадориҳои адвокат ва сирри адвокатиро муқаррар менамояд.

Боби сеюм «Мақоми адвокат» фарогири моддаҳои 12-24 буда, масъалаҳои соҳиб шудан ба мақоми адвокат, фаъолияти Комиссияи тахассусӣ, иҷозат додани довталаб ба имтиҳони тахассусӣ, тартиби имтиҳони тахассусӣ ва додани мақоми адвокат, бурдани Феҳристи ягонаи адвокатҳо ва ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, савганд ва шаҳодатномаи адвокат, боздоштан ва қатъ намудани мақоми адвокатӣ, кафолати мустақилияти адвокат ва суғуртакунии хатари уҳдадории адвокатро дар бар мегирад.

Дар боби чорум «Ташкили фаъолияти адвокатӣ ва адвокатура»  (моддаҳои 25-36) муқаррарот дар бораи шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ, маҳдудиятҳои таъсис додани ташкилоти адвокатӣ, тартиби таъсис додани ташкилоти адвокатӣ,  аз қабили кабинети адвокатӣ, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, коллегияи адвокатҳо, бюрои адвокатӣ, инчунин созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ёрии ҳуқуқии ройгон, ёрдамчии адвокат, коромӯз-адвокат, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокат ва Кодекси одоби касбии адвокатҳо ҷой дода шудаанд.

Боби панҷум, ки моддаҳои 37-44-ро дар бар мегирад ва «Мақомоти идоракунии адвокатҳо» номида мешавад, масъалаҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анҷумани адвокатҳо, Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо, Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо, молу мулки Иттифоқи адвокатҳо, мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ва Иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳоро ба низом медарорад.

Боби шашум «Муқаррароти давраи гузариш» ном дошта, аз моддаҳои 45-49 иборат аст ва масъалаҳои нигоҳ доштан ва соҳиб шудан ба мақоми адвокатро ба танзим дароварда, тартиби баргузории маҷлисҳои минтақавии таъсисии адвокатҳо, гузаронидани Анҷумани якуми адвокатҳо, ба тартиб даровардани шакли ташкилии ташкилотҳои адвокатӣ, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани қонуни мазкур ташкил шудаанд ва тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи таъинотро муайян мекунад.

Боби ҳафтум «Муқаррароти хотимавӣ»  ҷавобгариро барои риоя накардани талаботи  ҳамин қонун, тартиби аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи адвокатура»  ва мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро пешбинӣ менамояд.

Қонун ба талаботи  техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 28 январи соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни зикршуда аз тақвияти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани нақши ҷумҳурӣ дар муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ, танзими баҳсҳое, ки аз муносибатҳои шартномавӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ ҳангоми амалисозии савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ байни субъектҳои ҳуқуқи дохилӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд меоянд, таъсиси арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ҳамчун механизми муосири ҳуқуқии ҳалли баҳсҳои субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ иборат мебошад.

Қонуни мазкур аз 9 боб ва 55 модда иборат мебошад.

Боби якум «Муқаррароти умумӣ» аз моддаҳои 1-4 таркиб ёфта, доираи амали қонун, мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, қонунгузорӣ ва принсипҳои фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратиро дар бар гирифтааст.

Боби дуюм «Тартиби таъсиси арбитраж ва мақомоти он» номгузорӣ шуда, аз моддаҳои 5-10 иборат буда, вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, сохтор ва салоҳияти мақомоти арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунанда ва арбитражи якборамалкунанда, аз ҷумла Раёсати арбитражи байналмилалии тиҷоратиро муқаррар намудааст.

Боби сеюми қонун «Созишномаи арбитражӣ» (моддаҳои 11-14) мазмун, шакли созишномаи арбитражӣ, тартиби баррасии баҳс, чораҳо оид ба таъмини даъво ва пешниҳоди даъво оид ба моҳияти баҳс ба суди босалоҳиятро ба танзим даровардааст.

Боби чорум «Ҳайати арбитражи тиҷоратӣ ва ваколати он» буда, фарогири моддаҳои 15-22 аст ва дар он талабот нисбати номзадҳо ба арбитрӣ, тартиби интихоби арбитр, асосҳо ва тартиби рад кардани арбитр, эксперт (коршинос), қатъ гардидани ваколатҳои арбитр, иваз намудани арбитр, баровардани қарор дар бораи салоҳияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва ваколатҳои  он оид ба тадбирҳои таъминотии даъво муайян карда шудаанд.

Боби панҷуми қонун «Хароҷоти баррасии баҳсҳо дар арбитраж» ном дошта, фарогири моддаҳои 23-24 аст ва таркиби хароҷоти баррасии арбитражӣ ва тартиби тақсими хароҷоти ба ҳалли баҳс алоқамандро, ки дар арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба вуҷуд меоянд, пешбинӣ мекунад.

Боби шашум «Баррасии парвандаҳо дар арбитраж» номида шуда, аз моддаҳои 25-42 иборат аст ва принсипҳои баррасии баҳси арбитражӣ, макони баргузорӣ ва забони баррасии арбитражӣ, тартиби оғози баррасии арбитражӣ, шакл ва мазмуни аризаи даъвоӣ, пешниҳоди аризаи даъвоӣ, номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба аризаи даъвоӣ замимашаванда, изҳори назар ва баргардонидани аризаи даъвоӣ, гирифтани иттилооти хаттӣ, даст кашидан аз ҳуқуқ ба норозигӣ, баррасӣ ва таҳқиқи парванда тибқи ҳуҷҷатҳо, ҳуқуқҳои тарафҳои баррасии парванда, таъини эксперт (коршинос) ва мусоидати суди босалоҳият ба пешниҳоди чораҳои таъминотӣ ва гирифтани далелҳоро муқаррар намудааст.

Боби ҳафтум «Баровардани ҳалномаи арбитражӣ ва қатъ кардани баррасии парванда» аз моддаҳои 43-50 иборат буда, меъёрҳои оид ба моҳияти баҳс татбиқшаванда, муқаррар кардани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ҳалномаи арбитражӣ, аз ҷумла ҳалномаи арбитражӣ дар ҳайати дастаҷамъона, шакл ва мазмуни ҳалномаи арбитражӣ, созиши оштӣ, қатъ гардидани баррасии баҳс дар арбитраж ва тартиби ислоҳ, тафсири ҳалнома, қабули ҳалномаи иловагӣ дарҷ гардидаанд.

Боби ҳаштум «Мавриди баҳс қарор додани ҳалномаи арбитраж», ки аз моддаи 51 иборат аст,  тартиби пешниҳоди дархост оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ, асосҳои бекоркунии ин ҳалномаро пешбинӣ ва суди баррасикунандаи ин дархостро мушаххас намудааст.

Боби нуҳум «Иҷрои ҳалномаи арбитражӣ» (моддаҳои 52-55)-ро дар бар гирифта, тартиби иҷрои ҳалномаи арбитражӣ, эътироф ва мавриди иҷро қарор додани ҳалномаҳои арбитражҳои байналмилалии тиҷоратии хориҷӣ ва асосҳои рад кардани эътирофнамоӣ ё мавриди иҷро қарор додани ҳалномаҳои арбитражиро муайян намуда,  тартиби мавриди амал қарор додани қонунро муқаррар намудааст.

Қонун ба талаботи  техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: -Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 21 январи соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст,  баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузорӣ ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» мутобиқ намудани қонуни амалкунанда иборат мебошад.

Бо ин мақсад сархати ҳафтуми моддаи 17- уми қонун дар таҳрири нав қабул карда шуда, тибқи он минбаъд истеҳсол, сохтан, харидуфурӯш, коллексиякунӣ ё ба намоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ бояд бо гирифтани иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда  шавад.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст.

Бо дарназардошти ин, аз шумо, аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид  ба  таъмини  асосҳои  конститутсионӣ,  ҳуқуқу  озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»- ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро 11 феврали соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст,  баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ гардонидани меъёрҳои он ба талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»  иборат мебошад.

Дар маҷмӯъ, ба қонун 13 тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, барои мукаммал кардани қонуни амалкунанда, аз байн  бурдани мухолифати меъёрҳо ва сода гардидани татбиқи якхелаи он мусоидат менамояд.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: -Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид  ба  таъмини  асосҳои  конститутсионӣ,  ҳуқуқу  озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият»-ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро 11 феврали соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст,  баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни зикргардида ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Бо ин мақсад ба қонун панҷ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 25 феврали соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалгардонии қонун ва  дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ баҳри рушди иқтисодиёти миллӣ иборат аст. Тибқи иловаи ба қонуни зикршуда воридгардида минбаъд 14 октябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи иди касбии соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Тағозода Саидмурод Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2014 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал сохтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ, инчунин пурра фаро гирифтани андозсупорандагон, аз ҷумла беҳтар ба роҳ мондани андозбандии истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ нисбат ба шахсоне, ки дар ин самт ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, баҳри зиёд намудани манбаъҳои андозбандӣ ва дастгирии соҳибкорӣ қабул гардидааст.

Ҳамчунин қонун бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ, аз ҷумла оид ба андозбандии фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон, андозбандии дивидентҳо, даромадҳо аз фурӯши ҳиссаи иштирок, субсидияҳои муассисаҳои фарҳангӣ, объектҳои махсусан муҳим, объектҳои ғайриманқул қабул гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур ба як қатор моддаҳои Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла бо мақсади пешгирӣ намудани саркашӣ аз андозсупорӣ ва додани маълумот оид ба минтақаҳои оффшорӣ ба моддаҳои 17, 23 ва 126-уми Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Ба қисми 1 моддаи 67, қисми 4 моддаи 70, қисми 1 моддаи 71 ва қисми 3 моддаи 72 Кодекси амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд расмиёти пардохти андозҳо ба буҷетҳои дахлдор осон гардида,  маблағи андозҳои тамдидкардашуда, пардохти қарзҳои батаъхиргузошташуда аз ҳисоби фоизҳо (пеня) озод карда мешаванд.

Ба моддаи 104 Кодекси амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки мутобиқи онҳо минбаъд фурӯхтан, додан, гузашт кардан ва дигар намуди бегонакунии саҳмияҳо ва ҳиссаҳои иштирок дар сармояи оинномавии корхонаҳо, ҳамчунин маблағҳои маош, подошпулиҳо ва дигар маблағҳои пардохтшуда вобаста ба адои хизмат дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза» аз андозбандӣ озод карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки даромади аз адои хизмат дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза» бадастомада тибқи қонунгузории буҷет солҳои 2013-2014 андозбандӣ карда намешуд.

Бо мақсади дастгирии молиявии муассисаҳои давлатии соҳаи фарҳанг ба моддаҳои 107 ва 294- уми Кодекси амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки тибқи он кумакҳои молиявие (субсидияҳое), ки ин муассисаҳои давлатии фарҳангӣ то 1 январи соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд, аз номгӯи манбаи андоз аз фоида ва андоз аз низоми содакардашуда бароварда мешаванд.

Ғайр аз ин, бо мақсади таъмин намудани шаффофияти ба андозбандӣ ҷалб намудани Бонки миллии Тоҷикистон ба моддаҳои 109, 110, 156 ва 158- уми Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Ба моддаҳои 169 ва 172 илова ворид карда шудааст, ки мутобиқи он таҳвили пилла ва содироти он аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

Ба қисми 2 моддаи 181 пас аз калимаҳои «корхонаҳои сохтмонӣ» калимаҳои «муассисаҳои таълимӣ» илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ҳамаи муомилоти андозбандишавандаи муассисаҳои таълимӣ то 1-уми январи соли 2016 бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри панҷ фоиз андозбандӣ карда мешаванд.

Дар қисми 4 моддаи 200 рақами 3 ба рақами 5 иваз карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд меъёри аксиз барои намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ (ширкатҳои алоқаи мобилӣ) дар ҳаҷми панҷ фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.

Ба моддаи 267 сархати нави чорум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда аз андозбандӣ озод карда мешаванд.

Бо дарназардошти нисбатан баланд будани даромаднокии субъектҳои соҳибкории шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб воридоти умумии андозҳои маҳаллии ин минтақаҳо, мутобиқи тағйироти ба сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми қисми 2 моддаи 279 Кодекси амалкунанда воридгардида, ду маротиба зиёд карда шудааст.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад, Кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийрот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷмуҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории гумрук бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳайё намудани шароит барои шаффофияти воридоти мол ба объектҳои махсусан муҳим қабул гардидааст.

Қонун аз ду модда иборат буда, тибқи моддаи 1- уми он қисмҳои 1 ва 2 моддаи 381 Кодекси амалкунанда дар таҳрири нав баён гардидаанд, ки он тартиби ситонидани фоизҳоро барои батаъхиргузорӣ ё тамдиди муҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз пешбинӣ менамояд.

Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд. Бо дарназардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал-милалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийрот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Талбаков, Ҳ.Саъдуллоев, М.Нозимов, Б.Қурбонов ва М.Каримов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  7 январи соли 2015 қабул намудааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи нафт ва газ муқаррар намуда, ба рушди соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Қонун аз 6 боб ва 20 модда иборат буда, дар боби 1- уми он мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда, аз ҷумла мафҳумҳои  нафт, гази табиӣ, иншооти қубурҳои интиқоли нафт ва газ, ҳамлу нақл, иктишоф, иншооти қубури магистралии нафт ва газ, амалиёти нафтугазӣ, истихроҷи нафт ва газ шарҳ дода шудаанд.

Боби 2 танзими давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ, ҳуқуқ ба молу мулк, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нафт ва газ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мазкур, тартиб, шартҳо, муҳлати иҷро ва ҳудуди шартномавиро дар бар мегирад.

Боби 3 тартиби пешбурди корҳо оид ба омӯзиши захираҳо ва истихроҷ, ҷудо намудани қитъаҳои замин бо мақсади истихроҷи нафт ва газ, барқарор кардани қитъаҳои замине, ки барои пешбурди корҳои геологӣ оид ба омӯзиши захираҳои нафт ва газ ҷудо карда шудаанд, инчунин талаботи асосӣ оид ба истифодабарии конҳои нафт ва газро ба танзим медарорад.

Иншооти қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ, муносибатҳои шахсони ҳуқуқӣ — истифодабарандагони қубур-ҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо истеҳсолкунандагон, лоиҳакашии иншооти қубурҳои магистралӣ, тартиби истифодабарии иншооти қубурҳои магистралӣ дар боби  4  танзим ёфтаанд.

Ҳамчунин таъмини бехатарии истифодабарии иншооти истихроҷ ва қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ, талабот оид ба бехатарии истифодабарии иншоот, ташкили корҳо доир ба бартарафсозии оқибатҳои садама, тартиби истифодабарии  қитъаи замин аз тарафи шахсони ҳуқуқии дорои қубурҳои магистралии интиқоли нафт ва газ, тартиби ҳалли баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур дар бобҳои  5 ва 6 пурра дарҷ гардидааст.

Кумита қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро зарур ва саривақтӣ меҳисобад ва аз шумо хоҳишмандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ»  ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мебошад. Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 январи соли 2015 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда ва тағйири низоми амалкунанда вобаста ба фаъолияти адвокатҳои ваколатдор қабул гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур, сархати панҷоҳу сеюми моддаи 17-уми қонуни амалкунанда, ки доштани иҷозатномаро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти адвокатҳои ваколатдор пешбинӣ менамуд, хориҷ карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки минбаъд фаъолият дар соҳаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба роҳ монда мешавад.

Бо дарназардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» мебошад.

Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  28 январи соли 2015 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мукаммал сохтан ва мутобиқ намудан бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, тибқи он ба моддаҳои 1, 3, 5, 6 ва 8- уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла бо мақсади мутобиқ намудан дар сархати дуюм ва чоруми моддаи 1- уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид гардида, ҳамзамон ба ин модда сархати нави панҷум — мафҳуми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ илова шуда, сархати шашум дар таҳрири нав ифода ёфтааст.

Ба қисми 1- уми моддаи 3 баъд аз калимаи «савдо,» калимаҳои «саноат ва технологияҳои нав,» илова шудааст, ки мутобиқи он намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи татбиқи моратория аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, шомил мегардад.

Ба қисми 1 моддаи 8 сархати нави чорум Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова шуда, сархати ҳафтуми он- «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» хориҷ карда шудааст. Қонуни мазкур аз 28 декабри соли 2013 бо қабул гардидани Кодекси шаҳрсозӣ аз эътибор соқит дониста шудааст.

Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯй буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:-Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мебошад.

Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 феврали соли 2015 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015» қабул гардидааст. Бо ин мақсад ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла бо мақсади мутобиқ намудани матни моддаи 1- уми қонуни амалкунанда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» сархатҳо бо аломати дефис ишора карда, дар сархати понздаҳум аломати нуқта- вергул ба аломати нуқта иваз карда шудааст.

Ҳамчунин ҷиҳати мутобиқнамоӣ бо кодексҳои гражданӣ ва мурофиавӣ сархати ҳафтуми моддаи 3- юми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат намояд.

Дар матни моддаи 4- уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид гардида, ҳамзамон ба он қисми нави дуюм илова карда шудааст, ки мутобиқи онҳо минбаъд  мавзӯъҳои бахшида ба асосҳои дониши истеъмолӣ, ки ба фанҳои таълимии барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва олии касбӣ дохил гардидааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешавад.

Ҳамчунин бо мақсади мутобиқгардонии матни тоҷикӣ ва меъёрҳои қонуни амалкунанда бо матни русии он ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар дар моддаҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 12, 21, 26, 31, 33, 34, 35 ва 43- юми қонуни амалкунанда калимаи «вазифадор» ба калимаи «уҳдадор» иваз карда шудааст.

Бо мақсади дақиқу пурра гардонидани меъёрҳои моддаҳои 7 ва 8- уми қонуни амалкунанда ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки мутобиқи онҳо минбаъд тартиби аз муомилот гирифтани молҳои ғайрихӯрокворие, ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошанд ва муҳлати коршоямиашон гузаштааст ё бе маълумот барои истеъмолкунандагон ба муомилот бароварда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешавад.

Ба қонуни амалкунанда моддаи нави 81 илова карда шудааст, ки он ба истеъмолкунандагон ҳуқуқи гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти молро ҳангоми хариди мол ва иҷрои кор дода, дар як вақт истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) -ро уҳдадор мекунад, то ки ба истеъмолкунанда чеки мол ва чеки хазинадориро ҳатман диҳад, зеро дар сурати пешниҳод накардани чеки мол ва чеки хазинадорӣ истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Қисми панҷуми моддаи 10 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он истеҳсолкунанда уҳдадор аст, маълумоти пурраи заруриро нисбати худ ҳатто ҳангоми савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дар биноҳои муваққатӣ, ярмаркаҳо, дӯконҳо, инчунин хизматрасониҳое, ки берун аз маҳалли доимии мавҷудияти истеҳсолкунанда (иҷроку-нанда, фурӯшанда) анҷом дода мешаванд, ба истеъмолкунанда пешниҳод намояд.

Бо мақсади мушаххас, оммафаҳм ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Кодекси гражданӣ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат ба моддаҳои 11, 17, 18 ва 31 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Қисми якуми моддаи 38 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он ваколатҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он) барои амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба таври мушаххас пешбинӣ гардидаанд. Ҳамчунин ба қонуни амалкунанда моддаи нави 441 илова карда шудааст, ки он ҷавобгариро барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур пешбинӣ менамояд.

Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯй буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, хоҳишмандем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» мебошад.

Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни мазкур бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ С. Тағозода, З. Раҷабова ва Х.Сафаров пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврали соли 2015 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.

Қонун аз ду модда иборат буда, тибқи моддаи 1- уми он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла дар сархати ҳаштуми моддаи 1, ки хусусияти муайянкунанда ва таҳрирӣ дорад, тағйирот ворид карда шуда, ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои 3, 5 ва 6 моддаи 5- уми қонуни амалкунанда калимаҳои «гардиши маблағҳои» ба калимаҳои «даромади умумии» иваз гардидаанд.

Бо мақсади мутобиқ намудан бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар сархати панҷуми моддаи 7- уми қонуни амалкунанда калимаҳои «таҳвилдиҳандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти истеҳсолӣ» ба калимаҳои «таҳвилдиҳандагони мол» иваз карда шудаанд.

Сархати  дувоздаҳуми моддаи 7 дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки мутобиқи он минбаъд соҳибкор метавонад якҷоя бо дигар субъектҳои соҳибкорӣ ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) субъектҳои соҳибкориро таъсис диҳад ё тибқи тартиби муқарраргардида ба онҳо шомил гардад.

Аз сархати ҳаждаҳуми моддаи 7- уми қонуни амалкунанда, бо дарназардошти талаботи қонунгузорӣ оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ,  калимаи «иҷрои» хориҷ карда шудааст.

Бо мақсади мутобиқ намудан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, иҷозатномадиҳӣ, андоз ва ғайра ба моддаҳои 8, 9, 13, 16, 21 ва 22- юми қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд.

Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯй буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, хоҳишмандем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:-Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» мебошад.

Марҳамат, Тағозода Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкуниии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва М. Зувайдов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврали соли 2015 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба талаботи дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои дохилии қонуни амалкунанда ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба ном, матни қонун ва қисмҳои 4 ва 5 моддаи 15 тағйирот ворид карда шудааст, ки он характери мутобиқнамоӣ ва имлоӣ дорад.

Ғайр аз ин, бинобар сабаби дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидани ҷавоб-гарии маъмурии субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аз қонуни амалкунанда моддаҳои 20 ва 21 хориҷ карда шуда, моддаи 23 дар таҳрири нав ифода гардидааст.

Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯй буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии  рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои   иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар  ҷомеа муҳтарам Қурбон Убайдулло Абдулло дода мешавад. Марҳамат.

ҚУРБОН Убайдулло Абдулло:-Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Сайдулло Хайруллоев, Қурбон Убайдулло Абдулло ва вакилони Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ, Олим Салимзода, Насрулло Маҳмудов, Акрамшо Фелалиев, Турахон Самадов, Сабоҳат Муқумова, Абдураҳмон Хонов, Нурулло Оқилов ва Бадриддин Садриддинов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 январи соли 2015 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар Паёми худ бе мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар 26 апрели соли 2013 оид ба дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бе парастор баён намуда буданд ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак иборат мебошад.

Қонуни мазкур аз 6 боб ва 50 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Боби 1- уми қонуни мазкур «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, моддаҳои 1 ва 2-ро дар бар мегирад, ки дар он мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда, аз қабили кӯдак, кӯдаки маъюб, кӯдаки ятим, кӯдаки бепарастор, намояндаи қонунии кӯдак, оилаи (мураббии) парастор, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдакон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян карда шудааст.

Боби 2 «Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ном дошта, аз моддаҳои 3-10 таркиб ёфтааст, ки мувофиқи он ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдакон ва салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муқаррар шуда, ҳамзамон иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кумаки давлатӣ ба оиларо бо мақсади муҳайё кардани шароити муносиби моддӣ барои тарбияи кӯдак пешбинӣ намудааст.

Боби 3 «Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак» номгузорӣ шуда, бо дарбаргирии моддаҳои 11 то 31 фарогири ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кӯдак мебошад, ки тибқи онҳо ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи кӯдак ба шахсият, ҳифзи саломатӣ, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат ва истироҳат муайян карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин раванд ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза, кӯдакони аз офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ зарардида ва кӯдакон дар муассисаҳои махсуси таълимӣ-тарбиявӣ пешбинӣ шуда, манъи иштирокашон дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона ва ҳифзи онҳо аз интиқоли ғайриқонунӣ тавассути сарҳади давлатӣ ва таъсири манфиатҳои иҷтимоӣ муқаррар гардидааст.

Боби 4- уми қонуни мазкур «Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарастор» мебошад, ки аз моддаҳои 23 — 44 иборат буда, масъалаҳои марбут ба васоят ва парасторӣ, фарзандхонӣ, нигоҳубин ва тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монандро ба танзим дароварда, кафолатҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакони ятим ва бепарастор, кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқҳои кӯдакони ятиму бепарастор ба меҳнат, манзил, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, ёрии ройгони ҳуқуқӣ ва ба ин монанд ҳуқуқҳоро муқаррар намуда, инчунин вазъи ҳуқуқии оилаи (мураббии) парасторро, ки кӯдаки ятим ё бепарасторро ба тарбия қабул мекунад, пешбинӣ намудааст.

Боби 5 «Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб» ном дошта, аз моддаҳои 45 то 46 ба ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб ва кафолатҳои давлатӣ оид ба машғулияти кӯдакони маъюб бахшида шуда, боби 6 «Муқаррароти хотимавӣ» ном дошта, аз моддаҳои 47 то 50 иборат мебошад, ки дар он масъалаҳои марбут ба маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани ҳамин қонун ба танзим дароварда шудааст.

Қонуни баррасишаванда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи Фармони Президенти кишвар аз 3 феврали соли 2015 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ соли 2015 «Соли оила» эълон гардида, дар ин замина, қабули қонуни мазкур ва пешбинӣ гардидани институти оила ва ё мураббии парастор дар ин қонун дастоварди наҷиб ба ҳисоб рафта, тавассути он кӯдакони ятим ва бепарастор дар муҳити оилавӣ тарбия гирифтаву ба камол расида, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон тақвият дода мешавад.

Бо дарназардошти нукоти зикргардида эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» мебошад.

Марҳамат, Қурбон Убайдулло Абдулло.

ҚУРБОН Убайдулло    Абдулло: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Қурбон Убайдулло Абдулло, Фарҳод Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Мирганд Шабозов ва Лутфулло Саидмуродов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 январи соли 2015 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Мақсади дар таҳрири нав қабул намудани қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ташаккули илм дар кишвар, афзун намудани саҳми илму техника дар рушди иқтисодиёти миллӣ, такмили низоми таҳия ва амалисозии барномаҳои инноватсионӣ дар соҳаи илм, инчунин таъмини ҳимояи ҳуқуқии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва бо ин васила ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа иборат мебошад.

Қонуни мазкур аз 8 боб ва 37 модда иборат буда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии давлатии илм ва афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон равона гардидааст.

Боби 1-уми қонуни мазкур «Муқаррароти умумӣ» номгузорӣ шуда, аз моддаҳои 1 — 5 таркиб ёфтааст, ки дар он мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ ва ё илмию техникӣ дар мамлакат, мақсад ва самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ва принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва ё илмию техникӣ  таври мушаххас муайян карда шудааст.

Боби 2 «Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ» ном дошта, моддаҳои 6-9-ро дар бар мегирад, ки тибқи он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ, инчунин ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва ё илмию техникӣ муқаррар карда шудааст.

Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва ё илмию техникӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои корманди илмӣ, вазъи ҳуқуқии ташкилотҳои илмӣ, академияҳои илмҳо, инчунин академияҳои ҷамъиятии илмҳо, коллективи муваққатии илмӣ ва фаъолияти илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 10 — 16 боби 3 қонуни мазкур «Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ» муайян карда шудааст.

Боби 4 «Талаботи тахассусӣ нисбат ба корманди илмӣ (муҳаққиқ)» номгузорӣ шуда, дар асоси моддаҳои 17 – 20 талаботи тахассусиро нисбат ба корманди илмӣ ва ё илмию техникӣ пешбинӣ намуда, тахассуси корманди илмӣ, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ ва тартиби эътирофи дараҷаҳои илмиеро, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дарёфт кардаанд, танзим намудааст.

Дар боби 5 «Асосҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ» пешбинӣ шуда, мувофиқи  моддаҳои 21 – 24 қонуни мазкур принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ, меъёрҳои ахлоқие, ки фаъолияти илмиро танзим мекунанд, хусусан роҳ надодан ба рафторҳои ношоями илмӣ ва муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм муайян гардида, Кодекси намунавии одоби илмӣ ва масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ) ҷой дода шудаанд, ки маҷмӯи муносибатҳоро дар ин самт танзим менамояд.

Боби 6 «Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ» ном дошта, (моддаҳои 25 – 31) субъектони маъмурии идоракунанда ва принсипҳои идоракунӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ, таъминоти иттилоотӣ, маблағгузорӣ, маҳдудкунии баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва ё илмию техникӣ, инчунин натиҷаҳо ва арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва ё илмию техникӣ ва экспертизаи илмӣ ва ё илмию техникиро муайян намудааст.

Дар боби 7, ки аз моддаҳои 32-33 иборат мебошад, муносибатҳои ҷамъиятӣ марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии корманди илмӣ (муҳаққиқ) ба танзим дароварда шуда, боби 8 «Муқаррароти хотимавӣ» ном дошта, бо дарбаргирии моддаҳои 34-37 ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур, тартиби аз эътибор соқит донистани қонунҳои амалкунанда дар ин соҳа ва мавриди амал қарор додани онро муайян менамояд.

Қонуни баррасишаванда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Қурбон Убайдулло Абдулло.

ҚУРБОН Убайдулло Абдулло: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 январи соли 2015 қабул намудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29 апрели соли 2006 амал мекунад.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули низоми амалкунанда оид ба интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо дар соҳаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, иборат мебошад.

Бо ин мақсад ба 24 модда ва боби 11 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки характери мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар пешбинӣ гардидааст. Чунончӣ, калимаҳои «ном, номи падар ва фамилияро», «ном, номи падар ва фамилияи», «Фамилияи», «фамилияаш», «фамилияҳои», «фамилияашро», «фамилияе» ва «фамилияҳо» мувофиқан ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падар», «насаб, ном ва номи падари», «Насаби», «насабаш», «насабҳои», «насабашро», «насабе» ва «насабҳо» иваз карда шудааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 таҳти №505 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тобеияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар робита ба ин, моддаи 41 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки дар он тартиби интихоб, тайёр кардан, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таври мушаххас пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба моддаҳои 7, 30, 73 ва 79-уми қонуни амалкунанда калимаҳо, ҷумлаҳо, банд ва қисмҳои нав ва моддаи 111 илова гардидаанд, ки дар онҳо доираи ваколатҳои мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, аз қабили бақайдгирии давлатии вафот, ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва тартиби барқароркунии онҳо мушаххас карда шуда, маблағгузории фаъолияти мақомоти мазкур пешбинӣ гардидааст.

Илова бар ин, қисми 1 моддаи 9 ва моддаҳои 12, 23 дар таҳрири нав ифода карда шудаанд, ки мувофиқи он Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шумор рафта, тартиби бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни яксола расида ва ё аз он калонтар ва ситонидани боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии музднок барои ба ҷо овардани амалиёти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба танзим дароварда шудааст.

Инчунин тибқи тағйироти пешниҳодгардида боби 11-и қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шуда, дар он масъалаҳо вобаста ба ташаккулёбии фонди бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби пешниҳод намудани нусхаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба мақомоти оморӣ, тартиби баргардонидани онҳо ва муҳлати нигоҳдории сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муайян карда шудааст.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

 (Идома дар шумораи оянда)

Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ