Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳои нав замина барои рушди соҳаҳо

№30 (3331) 02.03.2015

Курбонов1

27 феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати Қурбон Убайдулло Абдулло ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа баргузор шуд.

Аз суханронии ифтитоҳии раиси кумита маълум гашт, ки рӯзномаи ҷаласа фарогири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байқадгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» мебошад. Қурбон Убайдулло Абдулло масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро таври муфассал шарҳ дода, моҳият ва манфиатҳояшонро бозгӯйӣ намуд. Аъзои кумита низ вобаста ба масъалаҳои фавқуззикр андешаҳояшонро иброз доштанд.

Дар фарҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда дар алоҳидагӣ хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А. Исоев