Қарори Муҳокимаи парламентӣ

№146 (3292) 05.12.2014

 роҷеъ ба масъалаи «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 №460 «Дар бораи Стратегияи миллии муҳоҷирати  меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015»

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 №460 «Дар бораи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 № 460 «Дар бораи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» ба маълумот гирифта шавад.

2. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо дарназардошти таклифу дархостҳо ва пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шаванд (замима мегардад).

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ барои чораҷӯӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.

4. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр карда шаванд.

5. Назорати иҷрои қарори муҳокимаи парламентӣ  ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ гузошта шавад.

Раисикунандаи муҳокимаи парламентӣ

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 21 ноябри соли 2014 №17    

ТАВСИЯҲОИ

муҳокимаи парламентӣ дар бораи иҷрои Буҷети давлатӣ вобаста ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 таҳти №460 «Дар бораи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015»

1. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои саривақтии бандҳои Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015»-ро таъмин намоянд.

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба имзорасонии лоиҳаҳои созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати реадмиссия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, дар бораи ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират бо назардошти мубодилаи иттилоотӣ, оид ба мақоми ҳуқуқии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди муҳоҷират ва таъсири он ба вазъи демографии кишварро зери омӯзиш ва таҳлил қарор диҳад.

4. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, бо назардошти он ки аз 1-уми январи соли 2015 тибқи қонунгузории Федератсияи Россия воридшавӣ ва будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат бо шиносномаҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, барои огоҳонии шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ин талабот дар дохили кишвар ва тавассути сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ кору фаъолият доранд, корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро ташкил ва ба роҳ монанд.

5. Вазорати корҳои хориҷӣ дар дохили кишвар ва тавассути сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дастрасии шиносномаҳои хориҷии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро дар муҳлати муайян  таъмин намояд.

6. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ барои сари вақт дастрас  намудани маълумот дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар риоя накардани талаботи қонунгузорӣ воридшавии онҳо ба ин давлатҳо манъ гардидааст, мусоидат намояд.

7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва паст намудани хатарҳои мубталошавӣ ба бемориҳои сирояткунанда дар кишварҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ барои ҳамкорӣ шартномаҳои тарафайн ба имзо расонад.

8. Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши касбҳои гуногуни коргарӣ ва забономӯзӣ, таъсис додани марказҳо барои ташкили санҷиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия чораҷӯӣ намоянд.

9. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ҷиҳати ҳалли масъалаи таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, тадбирҳои амалӣ андешад.

10. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсиси намояндагиҳо дар кишварҳои будубошро баҳри ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, чораҳо оид ба барқароркунӣ, истисмори меҳнат аз ҷониби корфармоён ва миёнаравҳо, фаъол намудани ваколатдорҳои худ чораҳои судманд андешанд.

11. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши забон ва таъриху асосҳои ҳуқуқи кишварҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатиро дар заминаи барномаи таълимӣ ташкил карда, теъдоди марказҳои омӯзиширо афзун намояд.

12. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл»-ро ҳар чӣ зудтар таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.