Гузориш аз ҷараёни сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия

№67-68 (3213-3214) 24.06.2014

17 июни соли 2014 ҳайати расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амирқул Азимов, Амир Катаев, Олимҷон Салимзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Галия Рабиева, Бек Қурбонов,  Акрамшо Фелалиев, Шакарбек Самадов шомил буданд, таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин ба Федератсияи Россия сафар намуданд.

Константин Ромодановский

Худи ҳамон рӯз Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ бо раиси Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия Константин Ромодановский мулоқот намуданд.

Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот иброз дошт, ки мо бо шумо шиносоии дерина дорем, вобаста ба самти фаъолияти шумо ҳамкорӣ кардаем, ки муҳоҷирати меҳнатиро ба маҷрои ҳуқуқӣ ворид намоем. Бештари ҳадафҳои худро амалӣ намудем, аммо мушкилиҳо ҳанӯз ҳам кам нестанд. Таъмини амнияти шаҳрвандони кишвари худ, фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ барои онҳо вазифаи мо аст ва мо ба дастгириҳои бевоситаи шумо дар ин кори хайр умедворем.

Мо аз мавқеи шахсӣ ва ташаббусҳои шумо ҷиҳати таҳким бахшидани масоили марбут ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ огоҳ ҳастем ва аз иқдомҳои шумо вобаста ба ин масъала сипосгузорем. Тамдиди замони ба қайд гузоштани муҳоҷирон ва муҳлати иҷозатномаи кор аз бисёр ҷиҳат вазъияти муҳоҷиронро осон мекунад. Имрӯз вазифаҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки онҳо дар Протоколи ҷаласаи январии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ нишон дода шудаанд.

Дар идома Шукурҷон Зуҳуров аз лоиҳаи Созишнома дар бораи ташкили қабули муҳоҷирон ба кор ёдовар шуд. Ин иқдоми муҳим ва саривақтист. То ҷое,  ки ман хабар дорам, ин равиш аллакай якуним сол аст, ки фаъол мебошад ва ахиран нусхаи ниҳоии он аз ҷониби Федератсияи  Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст. Мо аз ҷониби худ тавофуқоти марбут ба онро метезонем ва дар сурати зарурат дубора такмил медиҳем.

Дар ин замина мумкин аст, ки аз таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода шавад. Масалан, дар Молдова  дар асоси дастгирии молии Ҷумҳурии Италия марказҳои омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси талаботи корфармоёни итолиёвӣ ташкил карда шудааст.

Дар ин самт мумкин аст, ки таҷрибаи даврони шӯравӣ низ ба кор бурда шавад. Он айём ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникии Федератсияи Россия сафарбар мекарданд. Даҳҳо ҳазор ҷавонписарону ҷавондухтарон аз Тоҷикистон дар Федератсияи Россия соҳиби касбу ихтисос шуданд ва фикр мекунам, ки бештари онҳо маҳз бо кумаки ҳамин дониш мавқеи худро дар бозори муосири меҳнат муайян карданд.

Ҳамчунин мо ба лоиҳаи Созишнома дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳавасманд ҳастем. То ҷое, ки ман дар хотир дорам, лоиҳаи аввал ҳанӯз соли 2007 таҳия шуда буд. Агар ҳаҷми маблағҳои ирсолнамудаи муҳоҷирон, ки баъзе аз сиёсатмадорон ва таҳлилгарон ифода кардани онро хеле дӯст медоранд, ҳамчун асос дониста шавад, бояд дарк намуд, ки соли гузашта муҳоҷирони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳаҷми 30 миллиард доллар кор ва хидматрасониҳои гуногунро ба анҷом расонидаанд. Ҳамчунин маблағҳои иҷтимоии буҷети Федератсияи Россияро дар мувофиқа бо тартиби мазкур метавон ҳисоб кард, ки ин 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Агар мо танҳо муҳоҷирони меҳнатиеро, ки дар асоси иҷозатномаи кор фаъолият мекунанд, ба ҳисоб гирем, тақрибан 200 ҳазор нафаранд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон дар пиронсолӣ метавонанд бе нафақа монанд, яъне онҳо таваккал мекунанд. Онҳо дар Тоҷикистон ҳамчун шаҳрвандони муваққатан дар Федератсияи Россия истиқоматкунанда метавонанд танҳо барои соҳиб шудан ба нафақаи иҷтимоӣ даъво кунанд. Роҳи ҳалли масъалаи мазкур ин гузаронидани қисме аз маблағҳои ҳисоботии онҳо ба Фонди нафақавии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон, чунин мешуморем, ки дар лоиҳаи Созишномаи пешниҳодшудаи марбут ба фаъолияти муҳоҷирон эътирофи дуҷонибаи ҳуқуқ ба ҷуброни зарар, зиёни саломатӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ расонида мешаванд, ба назар гирифта шавад.

Мо зарурати андешидани тадбир оид ба тақвияти масъулият дар соҳаи муҳоҷиратро дарк мекунем. Мутаассифона, мавриди иҷро қарор гирифтани ин тадбир на ҳамеша бидуни камбудӣ аст. Аз ҷумла, бештари танбеҳ ё ҷазо дар шакли ихроҷи шаҳрвандон амалӣ мешавад. Барои мисол, дар бозгашт тавассути нуқтаи назоратии вуруду хурӯҷи донишҷӯён, бахусус дипломнависон (хатмкунандагон), аълохонҳое, ки барои гузаронидани таътили худ ба шаҳри Душанбе омадаанд, ин амал мушоҳида шудааст.

Соли гузашта беш аз се ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути нуқтаҳои назоративу гузаргоҳӣ ба ватан баргаштаанд, аммо дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон қабл аз сафари шаҳрвандон ба Федератсияи Россия номи онҳо бо афроде, ки тибқи маълумоти Хадамоти Федералии муҳоҷират ҳуқуқи ба ин кишвар сафар карданро надоранд, муқоиса карда мешавад.

Дар рӯйхате, ки Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир кардааст, беш аз 70 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи сафар ба Федератсияи Россия маҳрум шудаанд. Аммо тибқи маълумоти Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия, дар махзани ягонаи маълумотдиҳӣ, дар рӯйхати шахсоне, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задаанд ва дар натиҷа аз ҳаққи сафар ба Федератсияи Россия маҳрум шудаанд, ному насаби 400 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон оварда шудааст. Ҳангоми мавҷуд будани чунин шумораи зиёд мувофиқ омадани маълумоти анкетавии чанд нафар бо ҳамдигар, бо дарназардошти анъанаи гузоштани ному насаб дар кишвари мо, аз эҳтимол дур нест. Ҳатто шахсоне, ки ягон камбудӣ ё қонуншиканӣ надоранд ва ё аввалин бор ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, номи худро бо ин рӯйхат муқоиса мекунанд.

Маълум нест, ки ин тафриқаангезӣ тариқи  ворид намудани муҳоҷирон ба «рӯйхати сиёҳ» чӣ қадар идома меёфта бошад? Ба ин рӯйхат мумкин аст, афроде низ афтанд, ки иҷозатномаи фаъолият доранд. Инро шартан мегӯям, аммо рафтори ҷузъии баъзе аз ашхоси масъул ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста мешавад. Бинобар ин, барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳи қонунии шаҳрвандон чунин мешуморем, ки ин рӯйхат ҳамеша ва таври мақсаднок муқоиса карда шаваду шаҳрвандоне, ки ҳуқуқвайронкунии ночиз доранд, авф карда шаванд. Ин ба салоҳияти Хадамоти Федералии муҳоҷират дахл дорад ва дастгирии шумо бисёр муҳим аст.

Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати ҳар ду кишвар, беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун дар Федератсияи Россия бидуни иҷозатнома кор мекунанд. Сабаби ин дар чӣ аст? Фикр мекунам, ки талабот ҳаст, пешниҳод ҳам мешавад. Корфармоён муҳоҷиронро ба кор қабул мекунанд, вале барои онҳо иҷозатнома  тартиб намедиҳанд. Шояд, барои онҳо ин шакл фоидабахш бошад. Ё шояд нархи иҷозатномаҳо гарон бошад!?

Раиси Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия Константин Ромодановский фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави кишварашро мусбӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки бештари корҳои созандагиву ободоние, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ба иҷро мерасанд, самараи заҳматҳои шабонарӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Баҳри фароҳам овардани шароити беҳтар барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар гуфтушунидҳо идома доранд ва умедвор ҳастем, ки ин гуфтугузорҳо дар ояндаи наздик натиҷаи мусбӣ ба бор хоҳанд овард.

Дар робита ба ихроҷ шудани муҳоҷирони тоҷик аз Федератсияи Россия бояд ҳаминро зикр намоям, ки Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Россияро танҳо барои муҳоҷирони тоҷик не, балки барои ҳамаи миллатҳое, ки дар қаламрави кишвари мо фаъолият ва зиндагии ғайриқонунӣ доранд, раво мебинад. Боиси таассуф аст, ки дар баъзе мавридҳо аз ҷониби кормандони Хадамот зиёдаравӣ сурат мегирад ва дар натиҷа, ба ҷойи ҷазои сабук аз хориҷ намудани муҳоҷирон кор мегиранд.

Эрод ва таклифҳои шумо дар мавриди манъи вуруди донишҷӯён, хатмкунандагон ва аспирантҳои тоҷики дар муассисаҳоии олии таълимии Федератсияи Россия таҳсилкунанда дуруст аст ва мо барои рафъи ин нофаҳмиҳо дар кӯтоҳтарин муддат иқдом  менамоем.

- Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия дар маҷмӯъ талош мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо  ҳамкасбони тоҷики худ барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо ва ҳалли мушкилоти марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ иқдомҳои муассир намояд, — гуфт Константин Ромодановский.

Константин Ромодановский аз пешниҳодҳои Шукурҷон Зуҳуров дар бобати ҳар чӣ зудтар ба тасвиб расонидани ҳуҷҷатҳо оид ба ташкили қабули муҳоҷирон ба кор, тайёрии мақсадноки ҷавонони тоҷикистонӣ дар омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва литсейҳои Федератсияи Россия, бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати Федератсияи Россия, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ истиқбол намуд.

Ҳамзамон дар бораи зарурати якҷоя бо ҳамин ҳуҷҷатҳо баррасӣ намудани масъалаҳо (реадмиссия) ва мақоми намояндагиҳои хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Россияро  зикр намуд.

- Вақтҳои охир пешниҳодҳои зиёд дар бораи барҳам додани квотаҳо барои қабули муҳоҷирон ва авфи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки чандин сол дар Федератсияи Россия софдилона фаъолият мекунанд, иброз мегарданд. Чунин таҷриба қобили дастгирист,-гуфт дар анҷоми мулоқот  Константин Ромодановский.

Дар мулоқот раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов, Амир Катаев, Олимҷон Салимзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Галия Рабиева, Бек Қурбонов, Акрамшо Фелалиев, Шакарбек Самадов иштирок намуданд.

***

Худи ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.

Матвиенко

Шукурҷон Зуҳуров зимни суҳбати судманду самимӣ,  иброз намуд, ки аз замони сафари Шумо, Валентина Ивановнаи муҳтарам, ба Тоҷикистон вақти зиёде нагузаштааст, аммо иқдомот  ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои муштарак ва ташаббусҳои дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Федератсияи Россия пешниҳодшуда зиёданд.

Барои мисол, чанд рӯз пеш ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Ваҳдат бо роҳбарии раиси шаҳр ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Амирзода аз Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград дидан намуданд. Дар натиҷа, як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба сохтмони корхонаҳои муштарак ба имзо расиданд.

Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия, Намоишгоҳи сеюми «Маорифи Россия — 2014» баргузор шуданд.

Зимни вохӯриамон дар шаҳри Душанбе оид ба фишорҳо нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии мо дар хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Россия ёдрас шуда будам. Фикр намекунам, ки ин ҳолати тасодуфӣ аст, ба ҳар ҳол мо бояд дар ин ҷода чораандешӣ намоем.

Умед дорам, ки минбаъд тамоюли мусбат дар муносиботи байниҳамдигарӣ дар воситаҳои ахбори омма низ тақвият меёбад. Аммо барои амалӣ шудани ин ғоя бояд афроди масъул, аз ҷумла мо – намояндагони парлумонҳои ҳар ду кишвар мусоидат намоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба шумо саломи самимии роҳбарияти Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро расонам. Ман бо ҳайати устодони донишгоҳ дар арафаи сафарам мулоқот доштам. Мо ҳамеша ба фаъолияти донишгоҳи мазкур аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоем. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки на танҳо доктори фахрии донишгоҳ бошед, балки Раисии фахрии Шӯрои парасторони донишгоҳро ба зимма гиред.

Дар интиҳои суҳбат Шукурҷон Зуҳуров  изҳори боварӣ намуд, ки мулоқоти дуҷонибаи имрӯза ба инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои  байнипарлумонӣ мусоидат хоҳад кард.

Валентина Матвиенко сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро барои таҳкими ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Номбурда аз натиҷаи сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар  шуда,  натиҷаҳои бадастомадаи онро мусбат маънидод намуд. — Мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики асосӣ ва стратегии худ дар минтақа медонем ва ҳамеша бо ин кишвар дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус равобити парлумонӣ, ҳамкории хубро ба роҳ мемонем, — гуфт Валентина Матвиенко. Акнун вақти он расидааст, ки мо бояд бештар ба ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳоямон диққати ҷиддӣ диҳем. Аз ҷумла ҷонибҳо бояд чунин ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ монанд, ки дигар дар фаъолияти онҳо ягон нофаҳмӣ дида нашавад.

Ҳукумат ва Шӯрои Федератсия Россия ҳамеша омода аст, ки Тоҷикистони ба мо дӯсту бародарро дар ҳама сатҳҳо ҷонибдорӣ намояд.

Ман хеле шодам, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  омӯзиш ва рушди забони русӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Тавре ваъда дода будам, соли 2015 барои харидани таҷҳизоти нав барои бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон аз буҷети кишвари мо 130 миллион рубл ҷудо карда мешавад.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҳамчунин таъкид кард, ки ҳар як сафари ҳайати воломақоми парлумонии Тоҷикистону Россия ба кишварҳои ҳамдигар барои тақвияти равобити дуҷонибаи байнипарлумонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хушбахтона, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ аз табобати ройгон ва таҳсили фарзандҳояшон дар макотиби Федератсияи Россия бархӯрдоранд. Дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ низ чунин корҳои некро ҷоннок намудан лозим аст. Ман ҳамчун Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҳамеша ҷониби Тоҷикистонро дастгирӣ менамоям.

Валентина Матвиенко афзуд, ки мо тарафдори барҳам додани квотаҳо барои қабули муҳоҷирон ба кор ҳастем ва ташкили омӯзиши таҳсили ҷавонони Тоҷикистонро, дар омӯзишгоҳҳои касбию техникии Федератсияи Россияро дастгирӣ менамоем.

- Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҳамаи он пешниҳодҳоеро, ки шумо ироа доштед, мепазирад ва барои амалӣ шудани онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута тадбирҳои мушаххас меандешад,-гуфт дар анҷоми мулоқот Валентина Матвиенко.

***

Шоми рӯзи 17 июни соли ҷорӣ  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо муҳоҷирини меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави ин кишвар фаъолият доранд, мулоқот намуданд.

мухочирон

Зимни мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки қариб 90 фоизи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони мо ба Федератсияи Россия рост меояд. Таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз мавҷудияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии танзимкунандаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия вобастагӣ дорад.

Раиси Маҷлиси намояндагон, роҷеъ ба таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ибрози назар намуда, афзуд, ки ин омил дар моддаи 6 ва банди моддаи 8-уми Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти мехнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 дар назар гирифта шуда буд. Мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаи  суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаро якчанд маротиба дар ҷаласаҳои гурӯҳи кории Тоҷикистону Федератсияи  Россия мавриди баррасӣ қарор дода буд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки  муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамеша барои кишвари мо масъалаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Бо арзёбии вазъи мушкил дар ин самт аввали соли равон Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мақомоти марбутаи Федератсияи Россия бо мактуби расмӣ муроҷиат намуд, ки он барои мунтазам гирифтани маълумот нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ шудааст ва пешгӯйии ҳолатҳои манфии оқибатҳои маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҷиҳати дарёфти кор аз Тоҷикистон ба Федератсияи Россия мераванд, имкон фароҳам месозад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Федератсияи Россияро шарики асосӣ ва стратегии кишвари мо унвон карда, ҳалли бетаъхири проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатиро борҳо  таъкид кардааст.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба муҳтавои мулоқотҳои худ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия  Валентина Матвиенко ва Раиси Хадамоти Федералии муҳоҷират Константин Ромодановский маълумоти мукаммал дода, аз ҷумла зикр намуд, ки масъалаҳое, ки муҳоҷирини меҳнатии моро ба ташвиш овардаанд, зимни ин мулоқотҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот муовини раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони муқими Федератсияи Россия Абдулмаҷид Сурхаков, намояндаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират Турсуной Алимардонова, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия Сулаймони Шаҳзода, Хуршеда Ҳамроқулова, раиси Ҷамъияти «Ватандор» Ҳокимшо Муҳаббатов, раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Владимир Зоҳир Давлатшоев ибрози андеша намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров ба саволҳои ҳозирин посух гуфт.

***

18 июни соли 2014 сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи Аскари номаълум оғоз шуд.

Аскар

Ҳамон рӯз Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин мулоқот намуд.

Зимни суҳбати судманду самимӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ гузашт, Шукурҷон Зуҳуров  гуфт, ки имрӯз пешрафтҳои зиёдеро дар муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Россия эҳсос менамоем. Дар муддати чанд моҳе, ки аз сафари Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сипарӣ гардид, кишварҳои мо ба бастани як қатор қарордодҳои муҳими таърихӣ ноил гашт.

Созишнома оид ба мақоми пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар соҳаи маҳсулоти нефтӣ ва дар бахши муҳоҷират аз ҷониби парлумонҳо дастгирӣ шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар ин мавсим пешрафтҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи мо – иқтисод ва савдо, фарҳанг, маориф, туризм, ҳарбӣ – техникӣ, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм ба назар мерасанд.

Имрӯз барои амалисозии нақшаҳои оянда вазифаҳои нав пеш омадаанд.  Ман қабл аз сафарам ба Москва бори дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи охири Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро варақ задам. Як қатор қарорҳои Комиссия ба таҳрир ниёз доранд, ҳамчунин таҳия ва тасдиқи созишномаҳои нав лозим аст, ки таваҷҷуҳи моро тақозо мекунанд.

Ман дар мулоқоте, ки бо шумо дар шаҳри Душанбе доштам, ёдрас шуда будам, ки мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ дар бештари маврид дар муборизаҳои сиёсӣ ба кор бурда мешавад ва эҳтимол баробари наздик омадани интихоботи парлумонӣ дар кишвари мо, бархе аз сиёсатмадорон ё тавре мегӯянд, таҳлилгарон ва коршиносон аз ин мавзӯи рӯзмарра истифода баранд.

Нарїшкин

Яке аз самтҳои актуалӣ мубориза бар зидди коррупсия мебошад.  Тавре ба мо маълум аст, дар Думаи давлатӣ дар асоси судури Фармони Президенти Федератсияи Россия дар бораи Нақшаи миллии мубориза бо коррупсия дар солҳои 2014 – 2015 қадамҳои нав гузошта шудаанд. Дар миёни онҳо – масоили ба эътидол даровардани лоббизм низ ҳаст. Бояд гуфт, ки дар муҳити қонунии мо низ ин институт кайҳо таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кардааст ва ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки он ба чаҳорчӯбаи қонун  дароварда шавад. Аммо мо дар ин кор саросема нашудем, то ки ташаббусҳои шаҳрвандии на чандон рушдкарда дар соҳаи қонунофарӣ ба бунбаст дучор нагардад. Ҳоло, ки аҳли ҷамоатчигии мо дар ин замина таҷрибаи кофиро пайдо кардаанд, бештари лоиҳаи қонунҳо бо иштироки онҳо муҳокима мегарданд ва барои мо навовариҳои ҷониби Федератсияи Россия дар ин самт аҳамияти калон дорад.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи вакилони Тоҷикистонро фаъолияти шӯроҳои назди Раиси Думаи давлатӣ, аз ҷумла оид ба фарҳанг ва оид ба эҷоди ҳуқуқ ба худ ҷалб кардааст. Фикр мекунам, ки мо имконияте пайдо мекунем, ки кумитаҳои марбута ё шахсони масъул тавонанд бо ҳамкасбони тоҷики худ дар ин замина табодули таҷриба намоянд.

Фаъолиятҳои дуҷониба ва муштараки мо дар арсаи байналмилалӣ бисёр муҳим мебошад. Ҳақиқат чунин аст, ки вазъият баъзан бошиддат рушд мекунад, бинобар ин на барои ҳар кас муяссар мешавад, ки суръати ин вазъиятро коҳиш диҳад, зиёда аз ин, барои мардум маънидодкуниҳои нодуруст ё тафсири меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии «интихобӣ» номаълум боқӣ мемонад.

Тавре таҷриба нишон медиҳад, мавқеи мо дар бештари масъалаҳо бо ҳам наздиканд ё комилан мувофиқат мекунанд. Парлумони Тоҷикистон дар оянда низ гуфтугӯйи сиёсиро бо ҳамкасбони россиягии худ бо мақсади ҳамоҳангсозии мавқеъ ва дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар дар раванди муносиботи байнипарлумонӣ  ҷонибдорӣ менамояд.

Сергей Наришкин аз пазироии самимии роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва дигар мақомоти баландпояи Тоҷикистон зимни сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, сафари ҷавобии Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Москваро идомаи мантиқӣ ва анъанаи нек дар рушду тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Федератсияи Россия қаламдод кард.

Номбурда изҳор дошт, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар аз рӯзҳои аввал шеваи хуби муносибот ва ҳамкории ҳасанаро пеш гирифта, онро мунтазам густариш дода истодаанд.

- Дар ривоҷи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ – техникӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, туризм, варзиш ва дигар соҳаҳо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта ва барои ривоҷу равнақ ёфтани ин муносибот заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии онҳоро фароҳам овардаанд, — гуфт Сергей Наришкин.

Солҳои охир парлумонҳои кишварҳои мо якчанд Созишномаҳоеро ба тасвиб расониданд, ки барои беҳбудии зисту зиндагонии мардумони мо самараи хубе дода истодаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки асоси робитаи ҳасана байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз муносибати хуби сарони ҳар ду давлати дӯст сарчашма мегирад. Боздидҳои Президенти Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз кишварҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои дуҷонибаи мо дар тамоми арсаҳо заминаҳои мусоидро фароҳам овардаанд.

***

18 июни соли 2014 Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо коллективи омӯзгорону донишҷӯён  ва аъзои Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии заминсозии шаҳри Москва мулоқот намуданд.

донишгох

Дар оғози мулоқот дар назди ҳозирин ректори донишгоҳи давлатии заминсозии шаҳри Москва Сергей Волков баромад намуда, роҷеъ ба таърихи донишгоҳи мазкур маълумоти мукаммал дод.

Сипас, Шукурҷон Зуҳуров, ки яке аз  хатмкунандагони донишгоҳи мазкур ба ҳисоб меравад, дар назди ҳозирин баромад намуда, иброз намуд, ки хатмкардагони донишгоҳ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пурмаҳсул фаъолият дошта, онро боифтихор муаррифӣ мекунанд.

Санаи 27-уми июн мо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил мекунем. Ин рӯйдоди таърихӣ дар шаҳри Москва сурат гирифта буд. Мардуми мо ҳамеша бо арзи сипос аз ёдҳо фаромӯш намекунад, ки Федератсияи Россия дар расидан ба сулҳу созиш дар сарзамини тоҷикон саҳми назаррас гузошт.

Дар маҷмӯъ, бояд зикр намуд, ки барои кишвари мо масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ хеле муҳим аст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ онҳоро дар Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ омода мекунанд. Мутаносибан мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки аз тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар истифода кунем ва дар навбати аввал дар Федератсияи Россия, чунки робитаҳои мо бо он ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ роҳандозӣ шуда буданд.

Барои дарки талаботи мо ва ҷудо кардани квотаҳо барои қабули ҷавонони Тоҷикистон ба мактабҳои олии Федератсияи Россия мо ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия миннатдории изҳор мекунем. Соли хониши ҷорӣ аз рӯи 67 ихтисос дар 245 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия 1350 квота барои таҳсил ҷудо шудааст. Хурсандиовар аст, ки миёни онҳо аллакай 19 донишҷӯи тоҷик аз рӯи ихтисосҳои геодезӣ, харитасозӣ ва заминсозӣ таҳсили илм доранд. Барои соли хониши оянда ҷудо гардидани боз 8 квота дар низомҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура аз рӯи ихтисосҳои заминсозӣ ва кадастр, геодезӣ ва ковиши фосилавӣ (зондирование) мувофиқа шудааст.

Айни замон муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россия дар ҳоли рушд қарор доранд. Муколамаи фаъол, ки сарони кишварҳои мо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон доранд, ба рушду густариши ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо – иқтисодӣ, гуманитарӣ ва сиёсӣ мусоидат мекунад.

Бо истифода аз ин имкони гуворо мехоҳам бори дигар шумо ва дар симои шумо тамоми ҳайати кормандони донишгоҳро бо 235-умин солгарди таъсисёбии ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ самимона табрик гуфта, ба шумо рӯзгори хуш, саломатӣ ва комёбиҳо таманно кунам.

Бо ҳамин сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия анҷом ёфт.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А. ИСОЕВ