Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ

№47 (3032) 16.04.2013

DSC_1426Понздаҳуми апрели соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Муҳаммад Ҳомид Ансорӣ мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзуоти мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар бахшҳои сиёсату иқтисод аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони кишвари мо унвон намуд.

Мардуми мо дорои решаҳои таърихии муштарак аз даврони «Авесто» ва «Ригвед» мебошанд. Фарҳанги миллати ҳинду ба тамоми ҷаҳониён ошно аст, вале мо, тоҷикон, ба он назар ва эҳтироми махсус дорем. Нишонаҳои ин тамаддуни муштараки фарҳангӣ-илмиро мо дар эҷодиёти мутафаккирони бузург – Мавлоно Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Рӯдакӣ ва дигар олимону донишмандон мушоҳида менамоем. Муносиботи ниҳоят дӯстонаи адиби машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода ва адиби ҳинд Робиндранат Такур, ки ҳамчун рамзи қаробати ду миллати тоҷику ҳинду шинохта шудааст, ба ҳамагон маълум мебошад.

Роҷеъ ба равобити байнипарлумонӣ изҳори назар намуда, Раиси Маҷлиси намояндагон аз натиҷаҳои он қаноатмандии хешро баён дошт. Зикр шуд, ки сафарҳои ҳайатҳои парлумонии ҳар ду кишвар ба ҷумҳуриҳои якдигар, ки соли гузашта сурат гирифта буд, барои тақвияти ин муносибот мусоидат намуд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 то 4 –уми сентябри соли 2012 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид ва дар рафти он 12 санади дуҷониба ба имзо расид.

Ҷонибҳо зимни мусбӣ арзёбӣ намудани ҳузури умумии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ҳамзамон ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи сармоягузорӣ, ки аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байни ду кишвар ба ҳисоб меравад, таъкид карданд. Зикр шуд, ки ҷониби Ҳиндустонро зарур аст то дар масъалаи ҷалби сармоя ба Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода барад. Тоҷикистон бошад, кӯшиш ба харҷ медиҳад тоҷирони ҳавасманди Ҳиндустонро бо мақсади ҳамкорӣ ба Тоҷикистон даъват намояд.

Шукурҷон Зуҳуров инчунин оид ба суръат бахшидан ба раванди татбиқи лоиҳаҳои хурди ҳиндустонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла иҷрои тарҳҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар самти татбиқи мувофиқатҳои Конфронси 5-уми байналмилалии минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5) ибрози андеша намуд. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки хатти интиқоли барқи 500 кВт Сангтӯда – Пули Хумриро бунёд кунад. Дар сурати пайваст кардани хатҳои интиқоли барқи Афғонистон ба системаи энергетикии Покистон имкони интиқоли барқ ба Покистон ва аз он ҷо ба дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Ҳиндустон, бар изофаи хатти «CASSA-1000», пайдо мешавад.

- Бо назардошти рушди устувори иқтисодии Ҳиндустон ва тадриҷан мубаддал гаштани он ба яке аз кишварҳои калидӣ дар минтақа, тамоми кӯшишро ба он равона бояд кард, ки ширкатҳои бузурги нафту газ, энергетика, бахши хусусӣ, корхонаҳои саноати нассоҷӣ ва ғайраи Ҷумҳурии Ҳиндустон барои ҳамкорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шаванд, — изҳор дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров. Мавсуф илова намуд, ки дар ин замина тайи солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва фарҳанг низ рушд меёбанд. Аз ҷумла дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон (1-4 сентябри соли 2012) шумораи бурсияҳои Ҳукумати Ҳиндустон барои Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву техникии Ҳиндустон (ITEC) ба 150 адад расонида шуд.

Тоҷикистон метавонад дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, алалхусус омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ, ҳамкориро бо Ҳиндустон боз ҳам ҷоннок намояд, зеро айни замон бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми муассисаҳои таълимӣ бо компютер муҷаҳҳазанд ва дар ҳамкорӣ метавон теъдоди мутахассисони соҳаро низ афзоиш дод. Давом додани омодасозии кадрҳои тахассусии Тоҷикистон дар Ҳиндустон, бахусус дар омӯзиши фанҳои дақиқ ва соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб, табодули дастаҳои ҳунарӣ ва дар ин замина гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли филмҳо барои ҳар ду кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ҳиндустон, ки дар истеҳсоли филмҳо таҷрибаи ғанӣ дорад, метавонад барои ҳамкорӣ бо синамогарони тоҷикистонӣ ҷалб карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар хотимаи суҳбат гуфт, ки боздиди шумо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳаи миёни Тоҷикистону Ҳиндустон такони ҷиддӣ, бахусус дар равобити байнипарлумонӣ, хоҳад бахшид.

Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Муҳаммад Ҳомид Ансорӣ барои пазиройии самимӣ ба Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори сипос намуд.

Мавсуф роҷеъ ба фаъолияти парлумони болоии кишвараш – Раҷа сабҳа- маълумот дода, ёдовар шуд, ки дар он 250 нафар намояндаи мардумӣ фаъолият дорад. Ба палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони Ҳиндустон намояндагони 30 ҳизби сиёсӣ шомил мебошанд.

Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Муҳаммад Ҳомид Ансорӣ дар идома гуфт, ки аз раванди рӯ ба рушди муносиботи кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд аст ва хостори густариши ҳар чӣ бештар дар бахшҳои гуногун мебошад.

Ҷаноби Муҳаммад Ҳомид Ансорӣ дар хотима аз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар намояд. Ин даъват бо хушнудӣ қабул гардид.

Дар мулоқот муовини аввал, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон ва раисони баъзе аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон иштирок доштанд.

 

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон